Бахшҳо

Васияти нахустпрезидент: Ҷанозаамро бедабдаба, мисли мардуми оддӣ гузаронед (АКС)

Ҷанозаи Қаҳҳор Маҳкамов, нахустпрезиденти Тоҷикистон, имрӯз, 9-уми июн баъди намози пешин баргузор мешавад. Ӯ дар қабристони Сари Осиё дар бари ҳамсари марҳумаш ба хок супорида хоҳад шуд.

Дар ин бора ба “Озодагон” Абдурашид Маҳкамов, бародари марҳум хабар дода, афзуд, ки маросими ҷанозаи Қаҳҳор Маҳкамов тибқи васияти худи ӯ сурат мегирад.

Абдурашид Маҳкамов изҳор дошт, ки марҳум баъди як моҳи бистарӣ шуданаш дар беморхона, вақте фаҳмид, ки беморияш табобатнашаванда аст, гуфт маро ба хона баред: “Давоми ду ҳафтаи охир дар хона буд. Ӯ гуфт, ман дар зиндагиам аз мардуми оддӣ дур набудам, бинобар ин ҷанозаамро хоксорона, бедабдаба мисли мардуми оддӣ гузаронед”.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз манзили марҳум хабар дод, барои видоъ бо Қаҳҳор Маҳкамов намояндаҳои қишрҳои гуногун, аз ҷумла мансабдорони давлатӣ-Маҳмадсаид Убайдуллоев, Муродалӣ Алимардон, Сироҷиддин Аслов, Оқил Оқилов, Шералӣ Ганҷалзода, Сумангул Тағойзода ва дигарон ҳозир шудаанд.

Қаҳҳор Маҳкамов, 8-уми июн, дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.


Васияти нахустпрезидент: Ҷанозаамро бедабдаба, мисли мардуми оддӣ гузаронед (АКС)

Васияти нахустпрезидент: Ҷанозаамро бедабдаба, мисли мардуми оддӣ гузаронед (АКС)


Васияти нахустпрезидент: Ҷанозаамро бедабдаба, мисли мардуми оддӣ гузаронед (АКС)


Васияти нахустпрезидент: Ҷанозаамро бедабдаба, мисли мардуми оддӣ гузаронед (АКС)

Васияти нахустпрезидент: Ҷанозаамро бедабдаба, мисли мардуми оддӣ гузаронед (АКС)
Мӯҳр
Исҳоқ
Руҳат шод бод амрди наку. Дар ин моҳи Шарифи Рамазон иншоаллоҳ беҳтарин ҷойгоҳро дар Ҷаннат-ул-Фирдавс насиб хоҳи гашт. Роҳат сафед. Дар саволу ҷавоби охиратат комёбиҳо таманно дорем.

Худованд ин бандаи одияшро раҳмату мағфират намояд. Бовар кунед пас аз хондани ин хабар бо худ гуфтам "Афсус Кишвар яке аз беҳамтотарину арзандатарин шаҳрвандашро аз даст дод".

Рухатон шоду манзилатон обод бод!

Дар хасратам аз мароми ин мардуми паст,
Ин тоифаи зиндакушу мурдапараст.
То хаст ба зиллат бикушандаш ба чафо,
То мурд ба иззат бибарандаш сари даст.Исҳоқ,

farid
агар ту шоху султони ба бавк ти Марг дармони . ИНАЛОУХ ИНАЛОХУ РОЧИУН.ОМИН

Рухатон шоду, кабратон обод бод Мухтарам Каххор Махкамович!

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилхои мардум чой шавад!
Вокеъан хам номи накуи ин шахсияти бузург дар дилу дидахои мардум, хамеша зиндааст! Миллати бузурги Точик боз як фарзанди окил ва хизматнишондодаашро аз даст дод. Рухат шод ва хонаи охиратат обод бод, ОМИН!!!


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)