Аснои як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони милиса дар шаҳри Кӯлоб маводи зиёди мухаддир забту мусодира гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, зимни амалиёт, шаҳрванд Файзулло Абдуллоеви 24- сола, сокини шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Рӯдакӣ дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як селофан, ки дар дохилаш 3 килою 856 грамм маводи нашъадори «бангдона» дошт, дарёфт ва мусодира гардид. Айни замон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр