Бахшҳо

Волидони Сино: Барои зер кардани милиса аз мо пули хона талаб доранд (ВИДЕО)

Волидони як ҷавони 18-cола аз ҷануби Тоҷикистон, ки писарашон бо мошин як корманди милисаро маҷруҳ кардааст, мегӯянд, аз онҳо пули як хонаро талаб доранд.

Синои Амрохон сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон як моҳ қабл бо сабукрави худ як сержанти милисаро зер кардааст. Як корманди Шӯъбаи умури дохилии ноҳия ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса тақрибан соатҳои 22:15-и шаби 3 апрели соли равон дар кӯчаи Темуршоҳ Раҳимов ба вуқӯъ пайвастааст: “Синоро аз ҷойи ҳодиса дошта, ба шӯъба овардем. Сержанти милиса Алиҷон Кабирзода дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб бурда шуд”.

Манбаъ мегӯяд, Кабирзода онҷо вазифаи хидматиашро адо мекард ва бо либоси корӣ қарор дошт. Ӯ афзуд, дар пайи ин ҳодиса як пойи сержант шикаста, баъди чанд рӯзи табобат ба манзилаш рухсат шуд ва ҳоло дар хона табобат мегирад. Додситонии ноҳияи Муъминобод зарари расидаро миёна арзёбӣ кардааст.

Амрохон Давлатов, падари Сино мегӯяд, он шаб писараш бо хоҳиши дӯсташ -- Аҳлиддин барои хабар кардани ҷанозаи бибии ӯ рафта буд: “Писарам мегӯяд, дар роҳ як мошин муқобили онҳо омад ва бо сабаби аз ҳад равшан будани чароғҳояш идораи мошинро аз даст дод ва ин ҳодиса шуд”.

Ба қавли волидони Сино тамоми харҷи табобати Алиҷон Кабирзода бар души онҳост. “То имрӯз 8 ҳазору 500 сомонӣ харҷ шуд ва минбаъд ҳам барои муолиҷаи вай пул медиҳем”,-мегӯяд Амрохон Давлатов. Аммо ба гуфтаи ӯ волидони ҳамсари Кабирзода талош доранд, фарзандашон суд шавад: “Падару модари Кабирзода одамҳои хуб будаанд. Талошҳои моро барои табобати ӯ дида, аз гуноҳи писарам гузаштанд. Худи Кабирзода ҳам даъво надорад. Вале хусуру хушдоманаш пули як хонаро талаб доранд”.

Падари Сино мегӯяд, 23 сол аст дар Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳияи Муъминобод ба ҳайси дарбон кор карда, дар яке аз утоқҳои он бо хонаводааш зиндагӣ мекунад ва имкони харидани хона барои Кабирзодаро надорад.

Санифа Саидова, модари Сино ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, панҷ сол мешавад, ки фишори хун дорад ва баъди ин ҳодиса саломатиаш якбора бад шуд: “Ман ҳам модар ҳастам. Сино писари ягонаи ман аст. Хоҳиш мекунам писари маро суд накунанд. Аз хонаводаи зани Кабирзода хоҳиш дорам, ки аз даъвояшон гузаранд. Барои табобати ӯ ҳар чӣ лозим шуд мекунам, аммо имкони пардохти пули як хонаро надорем”.

Ин дар ҳолест ки 7 июн парвандаи Синои Амрохон ба суди ноҳияи Муъминобод ирсол шуда, қарор аст то охири ин моҳ мурофиаи додгоҳии ӯ баргузор шавад.

Падари Кабирзода дар як сухбати телефонӣ ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, панҷ сол мешавад, ки писарашон дар хонаи волидони ҳамсараш зиндагӣ мекунад. Талош барои тамос бо волидони ҳамсари ӯ бенатиҷа буд. Волидони Сино мегӯянд, ин ҳодиса барои писарашон дарс шуд ва минбаъд хеле эҳтиёткор мешавад. Онҳо мегӯянд, агар фарзанди ягонаашон пушти панҷара биравад, зиндагӣ дигар барояшон маъно нахоҳад дошт.




Дар акс Синои Амрохон
Мӯҳр
чабрдида
наход 8500 сомони бигириву боз даъво сози, одамонро мекшанд, 200 сомониш метиянду боз се чор мушт... маълум ки ки аст

Нои
Ман нафаҳмидам. Агар ҷабрдида худаш даъво надошта бошад, чигуна хусуру ҳушдоманаш даъво пеш меоранд?
Аҷаб даъвое...

точик
3 нафарро катл Карду 120 сомони чарима шуд. Инчо бошад суми хона талаб доранд

Бародарон эхтиёт кунед. Як замони беинсофи омадааст, ки аз Точик дида беинсофтар дар чахон набудааст. Ин шахсон аз мусибат фоида мехоханд дид. Чунин ходисахои тамаъчуиро дар солхои охир бисёр дидем. Кучост идеалогияи исломи, ки хар кор ба ризогии Худо мешавад. Пас ин ходиса низ ба хости Худо ба вукуъ омадааст. Аслан чунин тамаъчуи дар Ч.Т. моли мардуми каротегину минтакаи Кулоб ба хисоб меравад.Бародарон аз мусибат фоида интизор шудан гунохи азим аст.

Сокнини Муьминобод
Сержанти Кулоби дар Муьминобод дар ними шаб номаькул мекунад?! Ходисаро ку аз аввал то охираш маьлум, ки равшании мошини алайхаш харакаткунанда, чарогашро паст (ближние!) накардааст ва сабаби ин ходиса шудаст! Баьдан аз ин оилаи камбагал, ки маьлум аст дар бисоташон чизе надоранд ва худ дар орзуи хонаанд, чигуна ва бо кадом инсоф дар мохи Рамазон пули хона талаб карда мешавад?!?!?! Агар Суди нохияи Муьминобод 1 зарра инсофу адолат дорад пас бояд натанхо ин бачаро аз толори суд озод кунад, балки хуштомани Кабирзода бояд ба чавобгарии чинояти кашида шавад!!! Зеро на Кабирзода ва на волидонаш даьво надоштаанд, хуштомани чи хак дорад, ки аз дигар казияи пули хона мечуяд?!?!?!

Имкон хаст
Эээээ. Ин милитсаро занаш аз хона пешкарда буд соати 22:15, ки дар нимаи рох буд :'( . Ё он шаб холати казармави буд. :-)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)