Бахшҳо

Кӯмаки коллексионери рус барои ҷарроҳии навраси тоҷик (АКС)

Юлия Вербитская, коллексионери рус барои ҷарроҳии чашми Муҳаммад Ҷӯраев, навраси 12 - солаи тоҷик 50 ҳазор рубл кӯмак кардааст.

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия Юлия Вербитская кӯмакпулиро ба Мария Терехова, раҳбари бунёди хайрияи «Простые вещи» дода, хостааст, ки онро ба хонаводаи ниёзманди тоҷик расонад.

Ин коллексионери рус дар мулоқот бо Имомуддин Сатторов, сафири тоҷик дар Маскав изҳор доштааст, ки баъди огоҳӣ аз кӯмаки раҳбари гуруҳи “Любэ” ба тоҷикони бемор ӯ низ тасмим гирифт, ки ба навраси ниёзманди тоҷик ёрӣ расонад: “Ман аз вазъияти мушкили модар ва писархонди ӯ хабар ёфтам ва бо он эҳтироми баланде, ки ба мардуми тоҷик дорам, тасмим кумак карданро гирифтам”.

Имомуддин Сатторов ҳангоми сипосгузорӣ изҳор доштааст, ки “боварӣ дорам амалкарди шумо намунаи ибрат барои бисёриҳо аст ва мо ин гуна иқдоми хайриявиро шоҳид хоҳем шуд.”

Тибқи иттилои сафорат Терехова кӯмакпулии Вербитскаяро ба Мастона Назарова, модари навраси тоҷик расондаст.

Коллексионер Вербитская бо таваҷҷуҳаш ба осори наққошони Тоҷикистон маъруф буда, ба гуфтаи худаш то ҳол беш аз 300 мусаввараро ҷамъоварӣ кардааст. Ӯ соли гузашта зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Уфа, мусаввараҳои гирдовардаи худро аз эҷодиёти рассомони маъруфти тоҷик, аз қабили Зуҳур Ҳабибуллоев, Муриват Бекназаров, Акмал Миршакар, Сабзалӣ Шарипов ва дигарон ба намоиш гузошта буд.


Кӯмаки коллексионери рус барои ҷарроҳии навраси тоҷик (АКС)

Кӯмаки коллексионери рус барои ҷарроҳии навраси тоҷик (АКС)
Мӯҳр
Аллох баракат дихад ин хонумро. Умедворам,ки Имомудддин Саторов ва хаммаслаконаш ин маблагро обу хок намекунанд.

Соро
Гилначашм,Худо мезанад, агар он маблагро обулой кунанд...

Гилначашм,
дар хабар омадааст, ки маблағро мустақим ба зани муҳтоҷ додаанд, на ба сафир ва ҳаммаслаконаш. Шумо на қобилияти дарки хабарро доред, на анҷоми кори хайро, аммо ба сиёҳгуи устоед.

мехмон
Ин зан аз баъзе вазирон ва мансабдорони худамон богайрат будааст ! Дар бисер хастанд пулдорон аммо .......!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)