Бахшҳо

Фатво: Мондани пул дар бонк дурусту гирифтани фоизаш не

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гузоштани пасандоз дар бонкро дуруст, аммо гирифтани фоизи бонкӣ аз пасандозро нодуруст хондааст.

Ин ниҳод дар посух ба суоли Баҳодур, як корбари сомонаи Шӯрои уламо, ки “оё фоизе, ки аз бонк мегиранд дуруст аст ё на”, чунин гуфтааст: “Мондани маблағ дар бонк ҷоиз аст, чунки ҷои амн ба шумор меравад, аммо фоидаи онро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз қабили ятимхона, хонаи пиронсолон ва ғайра сарф бояд намуд”.

Шӯрои уламо шарҳ додааст, ки ки протсент бо насси Қуръон ҳаром аст ва ҳеч олиме дар ҳаром будани он ихтилоф надорад, чунки ин масъала бо ояти муфассари Қуръон собит шудааст: “Аммо дар як сурат иҷозат аст, яъне шумо дар ҳолати сахти зарурат қарор доред ва ғайр аз ин дигар роҳе надоред. Он ҳам ба қадри зарурат бояд гирифт, на мисли касоне, ки бо протсент қарз мегиранду тиҷорат мекунанд, зеро ин амали онҳо рибо ва ҳаром аст. Дар ин масъала эҳтиёт кардан бениҳоят зарурист ва бояд ин масъаларо хуб дарк кард. Хулоса барои он шахсе, ки хеле муҳтоҷ аст ва ғайр аз ин роҳе надорад, иҷозат аст”.

Ин ниҳод аз қавли Аллома Ибни Нуҷайм овардааст, ки “барои шахси муҳтоҷ ва ниёзманд ҷоиз аст, ки ба ивази фоида қарз гирад” ва далели ин фатвояшро китоби “Ал-ашбоҳ ван-назоир” нишон додаст.
Мӯҳр
Идимох
Гирифтани пасандоз низ чоиз нест.Ва умуман пул лозим нест..Магар бахт зиндаги дар пул аст??Не албатта.

ай уда дар дсти ЗАНАКЧОН беста у хуба чунки ай ЗАНАКЧОН бо сума грфта мешава ,лекин аз бонкхои Точикистон НА (кидат мешави!!!) ин акнун боз як намуди РЕКЛАМА-и бонкхо хаст ки ,аллакай хамаи сумдорхо дилашон хунук шидагиян аз системаи бонки чумхури !!

2
агар банк банкрот шавад чи

Мухочир
Фоиз харом аст дуруст,лекин пули бо рохи харом ба даст омадаро ба ятимхонаю хонаи пиронсолон хайр кардан дуруст аст? Мантик дар кучост? Ятимхо бо пули харом калон шаванд окибаташ чи мешавад?

Мо бо кадамхои калон ба окиб рафта истодаем.Окибаташ ба хайр шавад....

Мухтарам Шурои уламо!
Вакте,ки аз бонк карз мегири бо фоизи 35-40, (дар хисоботхо 24-25% гузориш медиханд) агар як руз дер мони боз болои ин фоизхо зам мекунанд(пена)ва мачбур мешави супори.Окибаташ ба чи оварда мерасонад медонед,ин рибо хисоб мешавад ё не яъне рибои конуни?Хол он, ки аз пасандозхои мардум ба бонк монда бисёртар карз медиханд .

Мӯҳтарам ҷаноби муфтӣ! Раиси шаҳр фармон дод ки дар моҳи шарифи рамазон ҳамаи тарабхонаҳо фаъолият кунанд, оё ин кори ӯ дуруст аст? Агар касе мухолифи қонуни Аллоҳ қонун барорад ҳукмаш чист? Илтимос ҷавобашро зудтар гардонед? Илтимос озодагон чоп кунед! Шумо садҳо мактуби моро чоп накардед. Вақте ки аз чоп кардан метарсед барои чӣ дам аз озоди мезанед?

Муфти-процент
Муфти бо ин рекламаи кардагиша, аз бонкхо фоизи даромад мегирифта бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)