Бахшҳо

Исломшиноси №1-и Президент: Солҳои 1992-97 ҷанг зидди терроризми динӣ буд

Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, оғози Истиқлолияти кишвар ба бархӯрди ду нерӯ-зиёиёни эҷодкори дунявӣ ва руҳониёни исломгаро рост омад.

Баротзода зимни конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Омилҳои асосии таҳкими Ваҳдати миллӣ дар шароити муосир: вазъ ва дурнамо» дар Душанбе изҳор доштааст, ки ҳангоми расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар баробари мақомоти амалкунандаи сиёсӣ дар фазои сиёсии ҷумҳурии мо боз ду гурӯҳи асосии қудратхоҳ рӯи кор омад: “Яке неруи зиёиёни эҷодкори дунявӣ, ки дар пояи пуштибонӣ аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекард. Дигаре, рӯҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд ва ба пиндори худ ҳеҷ даъвои сиёсӣ не, балки нияти ислоҳоти динию ахлоқии ҷомеаро доштанд. Ин ду неруи сиёсӣ аслан ният доштанд бо дастгирии сарпарастони хориҷӣ қудрати сиёсиро ба даст оваранд ва бар зарари манфиатҳои миллӣ бо онҳо ҳамкорӣ карданд”.

Раиси Маркази исломшиносӣ вазъи солҳои 90-уми Тоҷикистонро ба замони таназзули давлати Сомониён монанд карда, афзудааст, ки раванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озодиҳои демократӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ замина муҳайё сохт ва тадриҷан ба таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид: “Ин ҳизб арзишҳои воло ва муқаддасоти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ истифода мебурд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок менамуд, вале тасаввуроти бисёрҳизбию ҷаҳонбиниии дигарро эътироф намекард. Онҳо таъсиси давлати исломиро бо ченакҳои қуруни вустоӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии ҷавонон талқин мекарданд”.

Ба ақидаи Баротзода солҳои 90-ум дар Тоҷикистон тамоми заминаҳо барои аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд: “ Қумондонҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд. Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонист масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гирад”.

Ба назари раиси Маркази исломшиносӣ омили таъсиргузортарин барои ба даст овардани Ваҳдати миллии тоҷикон ин интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти баъдинаи ӯ мебошад.

Баротзода таъкид намудааст, ки ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин бидонад, ки дар ҳамон солҳои мудҳиши 1992-1997 миллати тоҷик тамоми масъулияти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризми диниро ба дӯши худ гирифта, бар ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ паҳншавии онро дар минтақа ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ муваффақона пешгирӣ кард: “Насли ҷавони мо бояд аз ин ҳақиқати талх, вале бисёр наҷиби таърихи навини миллати мо огоҳ бошад, ба қадру манзалаташ бирасад ва онро арҷгузорӣ намояд”.
Мӯҳр
Ман хич хамин чумлахои дар охировардаи "Исломшиноси 1"-и мисол оврадаатонро нафахмидам. Кадом "талх" начиб мешудааст ва кадом "начиб" талх мешудааст?! Айб аст барои Вазифадор. Хуб мешуд як идея ва ё як навовари барои Пешвои миллат пешниход мекарданд ва кори Чанобро каме хам бошад аз руи инсоф осон мегардонданд, на гапхои умумию хизмати "хирсона"

мехмон
Имруз чумхурии мо на Исломи хасту на зиёи! Чанг бемаъни буд . Хам эшонхо беакл буданд хам дигархояшон. Зиёи Махкамов буд пеш карданд. Имруз факат таърифу концерт . Ягон мансабдор аз камбуди ва ахволи халк гап намезанад.

Ачуба
Хамин акаи исломшинос солхои пеш аз пушти муллохои ба истилох "тундгаро" давида мегашт ва эшонро тавсиф мекард, имруз вазифа гирифтаст ва пластинкаро тагир додаст. Садка шавам, дунёро, як бому ду хаворо.

В шоке
Наход одам нисбати миллати худ чунин гапхоро занад? Е тавба, на шарм ва на хае ва на масьулияти чавобгари барои чунин суханхо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)