Бахшҳо

Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)

Ҳудуди 50 ҷавони тоҷик, имрӯз, 17-уми июн бо баргузории як ҷаласаи эътирозӣ вакилони Иттиҳоди Аврупоро ба “стандартҳои дугона” ва қасди ба хун кашидани Тоҷикистон муттаҳам карда, аз онҳо хостанд барои дидани воқеият ба Тоҷикистон биёянд.

Мардихудо Давлатов, ҷавони норозӣ аз ҳимояти Аврупо аз аъзои ҲНИТ таклифномаи ин гуруҳи ҷавононро қироат кард. Таклифномаи ҷавонон аз он оғоз шуд, ки чаро Аврупо муроҷиатҳои қаблияшонро дар мавриди Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон бепосух гузоштааст.

Ҷавонони норозӣ бо зикри гаштугузори озодонаи Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо таъкид кардаанд, ки зоҳиран вакилони аврупоӣ мехоҳанд Тоҷикистонро мисли дигар кишварҳои ҷангзада оғуштаи хун кунанд.

Муроҷиаткунандагон афзудаанд: “Муҳтарам вакилони Иттиҳоди Аврупо аъзои ҲНИТ, ки шумо барои раҳоияшон талош мекунед, бо ҳаракату беҳаракатии худ ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро пурра дастгирӣ карданд. Кӯшиши Аврупо барои раҳоии афроде, ки хун рехтанд, демократӣ будани кишварҳои Аврупоро зери суол мебарад”.

Инчунин ин гуруҳ аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не: “Боиси нигаронӣ аст, ки вакилони Аврупо ба гуфтаҳои бофтаи Муҳиддин Кабирӣ бовар доранду ба факту рақамҳои мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ не. Ин ҳаракати вакилони Аврупо аз нигоҳи мо “стандарти дугона”-ро мемонад, ки дар сухан зидди экстремизму терроризманду дар амал мақсаду мароми дигар доранд”.

Дар изҳороти ҷавонон омадааст, ки қазияи Бузургмеҳр Ёров ва Шуҳрат Қудратов ба фаъолияти касбии онҳо рабт надошта, ин вакилон бо сӯиистифода аз мақом маблағи мардуми камбизоатро гирифтаанд: “Агар ба низоми судии Тоҷикистон боварӣ набошад, пешниҳод мекунем, ки вакилони Аврупо биёянду бо ҷабрдидаҳо суҳбат кунанд”.



Аҳмадхуҷа Давлатов, яке аз саркардаҳои ин гуруҳ гуфт, таклифномаро ба намояндагии Иттиҳоди Аврупо месупоранд: “Пешниҳод мекунем, бигзор вакилони парлумон биоянду воқеияти Тоҷикистон, озодию демократияро аз наздик баҳо диҳанд. Мо омодаем онҳоро қабул кунем ва бо тамоми табақаи аҳолии Тоҷикистон вохӯриҳои озодро анҷом диҳанд”.

Ин эътирози ҷавонон дар ҳолест, ки 7 июн 35 вакил аз Ҷиноҳи мардумӣ дар Парлумони Аврупо дар як қатънома бо ибрози ташвиши ҷиддӣ аз боздошти афзояндаи ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифони давлату хешовандонашон ва маҳдудияти озодии баёну ҳуқуқи мазҳабӣ дар Тоҷикистон, аз ҳуқумати кишвар раҳоии Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Маҳмадалӣ Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҳизби наҳзати исломӣ ва 12 узви дигари раёсати ҳизбро талаб карда буданд.

Ин қатъномаи Парлумони Аврупо дар Тоҷикистон вокунишҳои ҷидиеро ба бор оварда, баъзе аз чеҳраҳои илмии Тоҷикистон ба он посух ҳам доданд. Аз ҷумла Муҳаммад Абдураҳмон, раҳбари Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқ ва Сайидмуродзода Лутфулло, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодӣ ва демографии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо нашри як изҳорот қатъномаи Парлумони Аврупоро бепоя хонда буданд. Вакилони парлумони Аврупо дар қатъномаи худ аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки зимни муҳокимаи чеҳраҳои сиёсӣ мувофиқи қонунҳои худи кишвар ва уҳдадориҳои байналмилалиаш амал карда, мурофиаҳои сиёсиро шаффофу одилона барпо кунад ва иттиҳомоти зидди мухолифини сиёсиаш эълоншударо бо далелу бурҳони қотеъ собит намояд.

Ин 35 вакил гуфтаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҳамчун баҳона барои қатъи фаъолияти мухолифон, маҳдуд кардани озодии баён истифода накунад ва ба ҳуқуқи мардумаш эҳтиром бигузорад. Порлумони Аврупо ҳамаи афроди боздоштшударо "маҳбусони сиёсӣ" номида буд.



Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)

Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)

Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)

Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)

Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)

Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)
Мӯҳр
Пешкахои ВКД! Эй чавонони "нонангу ор"! Аз хад гузаштед бо хамин шаходатномахои ВКД, дигар аз дасти шумо ба донишчуен ороми нест! Ин кадар Ватанро дуст доред, кани равед ба хизмати харби,

ширин
Дар ин чаласаи фармоиши як гурух чавононро чамъ кардан ба фикрм бадро аз нек талхро аз ширин фарк карда наметавонад. Аз ин сенарияхо бутун хаста шудем..

сино
Ҳаму донишҷуён қариб 98% Муҳиддин Кабириро намешиносанд.Ба мисли маршировка агар эътироз нишон надиҳанд аз донишгоҳ хориҷ мешаванд.

Ҷавонтоҷики Муҳоҷир
Эҳеее ин ҳамсолон азизи ман ин қадар "фаъол " шудаанд. Баъззеш фикр карда истодааст ки ин ҷо барои чӣ ҷамъ омадаанд. . .

шумо чиену сиёсат чи!

апанди
хех, ахмадхучаба дига гап надорам.
Далер Шарипов 1:0 задагиайшай!
Факат гап гап гап. Вокеият нест!!!

точик
ма наафамидм ио да чо гзарондан митингшона. Дар пеши ягон сафорат е да друни ягон аудитория.

Тоҷдор
аз руяшон маълум ки маҷбури омадаанд!!! эхее ии спектаклҳо кай тамом мешуда бошандд)))

Назди бозори Корвон нарафтед? Ё Убайдуллоев иҷоза надод?

Дониш
сино,
Хо бародархо моро хам фахмед, агар мо дар ин намуд эьтирозхо иштирок накунем, моро аз донишгохи милли меронанд. Мо мачбур хастем,ки иштирок ва гуфтахои онхоро ичро кунем. Бемалол.

ин митингчихоро бо чунин шароитхои замонави ки таъмин карда бошад.инхо спонсори зури хоричи доштагистанд набоша дар синни 17-19 солаги сиёсата дарк карда аз номи 8 милён гап задан дар таърихи одамият муъчизаест ки дунёро меларзонад

“Боиси нигаронӣ аст, ки вакилони Аврупо ба гуфтаҳои бофтаи Муҳиддин Кабирӣ бовар доранду ба факту рақамҳои мақомоти Тоҷикистон не " Бояд аз овардани ин чумла шарматон меомад, макомот то хол ягон факту ракаму далел пешниход накардааст ки суханхояш мо мардуми точик бовар кунем ,холо Аврупо яктараф истад.

бравооо офарин ба чавонони хунарпешаи точик ролхоро чунон бозидаанд ки фикр мекуни хакикат аст ситорахои ояндаи санъати точик....муборак бошад

Darvesh
Afsus ozodagon haqiqatro chop namekunad! Ku sukhanhoi mo OZODAGON?

Тавба!!! Боз тавба!!! Аз аввал хондам хело хандидам ва вақте, ки Мардихудо Давлатовро дидам аз ханда қариб мекафидам. Охир ту а-ро аз б фарқ карда наметавони боз сиёсатмадор шуда ба Парлумони Иттиҳоди Аврупо роҳ нишон медиҳи? Истифодаат карда истодаан эҳтиёт шав!!! Чи дар Тоҷикистон дигар сиёсатмадорҳо мисли ту намефаҳманд а? Ту худ ку ҳеч чизро намефаҳмӣ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)