Бахшҳо

Хурсанд Хуррамов: Демократияро тақлид не, сохтан лозим аст

Суҳбати Сайф Сафар бо Хурсанд Хуррамов, пажуҳишгари арсаи сиёсии кишварҳои Осиёи Миёна дар Донишгоҳи Дӯсти халқҳои Русия дар мавриди печидагиҳои интиқоли қудрат дар минтақа.

Озодагон: Пас аз раъйпурсии ахир масъалаи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон беш аз пеш мавзӯъи меҳварии маҳфилҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ шудааст. Тафсири умумии шумо аз ин раванд чӣ аст?

Хурсанд Хуррамов:
Воқеан агар саҳнасозӣ ва шиорпароканӣ дар атрофи раъйпурсии ахирро канор гузорем ва ба раванду табиати ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон аз назари таърихӣ нигоҳ кунем, шоҳиди тамоюли қавӣ кардани ҳокимияти президентӣ мешавем. Ҳадафи тағйироти воридаи солҳои 1998, 2003 ва ба ҳамин тартиб 2016 мутобиқ кардани ниҳоди раёсатҷумҳурӣ ба хостаҳои зарурии гуруҳҳои ҳукмрон мебошад. Раъйпурсии ахир бидуни ҳеч гуна тардид хосияти сиёсӣ дошт ва ба назари ман дар канори фароҳам овардани шароит барои интиқоли қудрат ҳамчунин бо коҳиш ва пароканда кардани таҳдидҳои сиёсии низоми ҳукмрон дар шароити интиқоли қудрат дар оянда гиреҳ мехӯрд.

Озодагон: То имрӯз коршиносон ба се варианти интиқоли қудрат дар Тоҷикистон ишора мекунанд; “илҳомалиевӣ”, эҳтимоли таъйин шудани Озода Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ва баъдан президент ва идомаи дар сари қудрат мондани худи Эмомалӣ Раҳмон. Кадоме аз инҳо аз назари Шумо метавонад ба вуқӯъ пайвандад?

Хурсанд Хуррамов:
Ман бо сенарияҳои ёдшудаи шумо мувофиқам, аммо дар ин мақтаъи замонӣ ба таври дақиқ ишора кардан ба сенарияи мушаххас душвор аст. Метавон гуфт, ки созукори интиқоли қудрат бо дарназардошти маҷмӯъе аз омилҳо падид меояд: зарфият ва варзидагии худи шахс, сатҳи харизмаи ӯ, омода будани нухбагони сиёсӣ барои пазируфтани вай бо ҳамин кайфият, авлавиятҳои бозигарони минтақаву ҷаҳонӣ ва ҳамчунин дар шароити кишварҳои худкома омодагии ҷомеа барои пазируфтани ин ё он чеҳра ба ҳайси раҳбар.

Ҳоло ба сенарияҳои ишорашудаи шумо бипардозем: Бо дар назар гирифтани таҷриба ва машқи сиёсӣ мебинем, ки Озода Раҳмон пештоз аст. Ӯ таҷрибаи кор дар Амрико ва Вазорати умури хориҷӣ дорад ва ба ҳайси раҳбари дастгоҳи раёсатиҷумҳурӣ таъйин ва ҳамин тур узви Маҷлиси миллӣ низ баргузида шуд. Тамоми ин то андозае нишонгари омодагии ӯ барои расидан ба олитарин сатҳ мебошад. Аммо бояд зикр кард, ки хосияти мардсолорӣ ва исломии ҷомеаи тоҷик метавонад монеъ шавад. Зан дар ҷомеаи кишоварзон ба фарқ аз бодиянишинон ҳеч вақт ба ин сатҳи баланд нарасидааст. Ин вижагии тарзи тафаккур то ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Ба назари ман масъалаи ҷинсият талоши ӯро барои расидан ба мақоми раёсатиҷумҳур боз медорад. Агар ин чиз бо кадом як далел ба вуқӯъ пайвандад, вай танҳо нақши раҳбарии давраи гузаришро иҷро мекунад.

Дар мавриди Рустами Эмомалӣ. Новобаста аз таҷрибаи кам нисбат ба хоҳарбузурги худ боз ҳам аз дидгоҳи ҷомеаи мардсолори тоҷик метавон рӯи номзадии ӯ як андоза ҳисоб кард. Пойин овардани синни номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ мисоли рӯшани ин гуфтаҳост. Яъне интизор доштани сенарияи “илҳомалиевӣ” ба назари ман то ҳадде дурусттар аст. Бештари нозирон ба синни ҷавони ӯ ишора мекунанд, аммо таҷрибаи Куриёи Шимолӣ нишон медиҳад, ки бо истифода аз дастгоҳи саркӯб ва нодида гирифтани натиҷаи он метавон дар ҳамин син ҳам ба мақоми раёсатҷумҳур даст ёфт.

Гузинаи охир ҳам, ки шумо аз он ёд кардаед, комилан шуданист, чаро ки раисиҷумҳур дар ҳолати хуби ҷисмӣ қарор дорад ва метавонад бо итминон ба идомаи кораш бипардозад. Эҳтимоли бунёд ниҳодани сохторе низ вуҷуд дорад, ки он ҷо институти “Пешвои миллат” аз рӯйи раисиҷумҳур нақши назоратиро иҷро хоҳад кард.

Дар ҳар сурат ҷой барои умедворӣ ба кадом як дигаргунсозии демократӣ дар шароити тағйироти андак дар низоми сиёсӣ нест. То замоне ки раисиҷумҳури феълӣ аз саломати комил бархӯрдор аст ва институти “Пешвои миллат” побарҷо бошад, новобаста аз омадани ҳар касе аз меросбарони раисиҷумҳур мо шоҳиди саҳнаи сиёсии кунунӣ хоҳем буд. Ба ҳар ҳол интригаи асосии сиёсӣ то интихоботи баъдӣ ҳамин масъалаи меросбар хоҳад буд.

Озодагон: Маълум аст, ки абарқудратҳои минтақа, ба хусус Чин, Русия ва Эрон ба интиқоли қудрат бетафовут нестанд. Агар ба ҷузъиёти ин мавзӯъ равем ва ҳар яке аз инҳоро ба таҳлил бикашем кадоме аз инҳо кадом шеваи интиқоли қудрат ва муҳимтар аз он чӣ навъи ҳукуматро барои Тоҷикистон мехоҳанд?

Хурсанд Хуррамов:
Ҳамаи бозигарони ёдшудаи шумо ҳоло манфиатдори суботи низоми сиёсии Тоҷикистон ҳастанд. Бозигарони ҷаҳонӣ ва минтақаӣ хеле хуб медонанд, ки ҳаргуна тағйир дар низоми худкома муноқишаи амиқро ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Умуман Осиёи Миёна ва махсусан Тоҷикистон дар қиёс ба солҳои 90-ум бештар хатарзо шудаанд. Марзҳо беш аз пеш диданитар шудаанд. Ҷаҳонишавӣ дар фазои иттилоот мунҷар ба басиҷ шудани тӯдаҳо мешавад. Дар минтақа бархӯрди манофеъи бозигарони геополитикии гуногуни бо ҳам рақиб ба назар мерасад: инҳо Русия ва Амрико, Эрон ва Арабистон Саудӣ, Ҳинд ва Покистонанд. Исломӣ сиёсӣ миёни мусулмонҳои амалгаро дар ҳоли касб кардани маҳбубияти бештар аст, ки то андозаи қобили таваҷҷуҳ хашми Чин ва дигар фаъолонро ба бор меорад. Дар ҳамин фазо ба вуҷуд омадани лонаи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дар Афғонистон барои минтақа таҳдиди чашмрас эҷод мекунад. Бо дар назар гирифтани ҳамаи ин, Русия, Чин ва Эрон медонанд, ки бесуботӣ дар Тоҷикистон сабаби муноқишаи бисёр бузург ва содир шудани таҳдидҳои террористӣ ба ин кишварҳо мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳамаи инҳо манфиатдори интиқоли осоиштаи қудратанд. Аммо бо кадом роҳ бояд инро амалӣ кард на дар Маскав, на Пекин ва на Теҳрон намедонанд.

Озодагон: Агар суҳбат аз сабабҳои сурат нагирифтани интиқоли қудрат хусусан дар се кишвари Осиёи Миёна Тоҷикистон, Узбакисон ва Қазоқистон кунем, аз нигоҳи як сиёсатшиноси ҷавон онҳо чӣ ҳастанд?

Хурсанд Хуррамов:
Биёед аз ин ҷо шурӯъ кунем, ки дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна бо чанде аз истисноҳо дар Қирғизистон, низомҳои сиёсӣ қурбони инҳисор кардани ҳокимият шудаанд. Раҳбарони билоиваз дар назди меросбари эҳтимолӣ эҳсоси тарс мекунанд. Ҳамаи институтҳои ғайрирасмӣ ва ё ба қавли сиёсатшиносон “шабакаҳои ҳимоятӣ” низ, ки атрофи раҳбарони худкома шакл гирифтаанд, монеъи ҳамин чиз мешаванд. Агар соддатар ҳарф бизанем, ин аз наздик шудани дӯстони дур то хешовандони наздик аст, ки дар тамоми сутуҳи ҳокимият нерӯ гирифтаанд. Ба назар мерасад, ки ҳеч яке аз онҳо намехоҳанд мавқеъи худро аз даст бидиҳанд ва ба ҳар шева аз тағйири низом ҷилавгирӣ мекунанд. Афзун бар ин дар Узбакистон ва Қирғизистон набуди меросбар рақобати дохилии нухбагонро қувват мебахшад, ки ҳамчунон барои суботи ин кишварҳо хеле хатарзо мебошад. Ба ҷуз аз ин таҷриба нашудани тағйири ҳокимият сабаби асосии фасод дар ҳар кишвар аст.

Бояд гуфт, агар қаблан шеваи раҳбарии монанд ба инро барои кишварҳои шарқӣ комилан пазируфтанӣ медонистанд ва тағйир наёфтани ҳокимият як чизи маъмулӣ дониста мешуд, ҳоло ба назари ман ҳама чиз дигаргуна мешавад. Як насли ҷавон таҳти таъсири арзишҳои ҷаҳонишавӣ бузург шудааст, ки дағдағаи тағйир дорад. Тақлиди демократия то ба бениҳоят ғайриимкон аст. Аммо ин чӣ замоне иттифоқ меуфтад, вақт нишон медиҳад.

Озодагон: Дар бархе аз адабиётҳои сиёсӣ интиқоли қудрат бо роҳи осоишта яке аз нишонаҳои ҳукумати пойдор гуфта шудааст. Аз ин дидгоҳ метавонем Тоҷикистонро як давлати пойдор бигӯем?

Хурсанд Хуррамов:
Ман мехоҳам бигӯям, ки барои интиқоли қудрати муассир институтҳои қавии давлатӣ лозиманд. Ҳангоми таърифи ин истилоҳ ду гуруҳе аз унсурҳо барҷаста мешаванд: амалкарди ниҳодҳои давлатии мутамаркиз бар мардум (таъмини рифоҳи иҷтимоӣ) ва амалкарди мутамаркиз бар худ (status – introrsus) ( таъмини соҳибихтиёрии дохилӣ ва хориҷӣ). Аммо он гунае ки қаблан қайд кардам дар кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла дар Тоҷикистон ниҳодҳои ғайрирасмӣ дар давлатсозӣ таъсири қавӣ доранд. Сиёсати ғайрирасмӣ воқеъан дар меҳвари равандҳои сиёсати дохилӣ қарор дорад. Вафодории шахсии нухбагони ҳукмрон боарзиштар аз муносибати ҳокимият нисбати қонуне аст, ки аз як шахс вобаста нест. Ин сатҳи сиёсат давлатро ҳамчун институт заъиф карда, онро куллан вобастаи як шахс мекунад, ки рафтан ё тағйири вай боиси афзоиши хатар ва зарфияти сар зардани даргирӣ дар давлат мешавад. Ба сиёсати қабилавӣ бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир кард, ки сабаби тавзеъи нобаробари захираҳо шуда “қоидаи бозӣ”-ро барои аъзои ҷомеа гуногун мекунад. Бо ҳам омадани ин равандҳо дар ҷомеа як фишори норӯшанро эҷод мекунад ва иҷоза намедиҳад, ки дар бораи устуворӣ ва пойдории комили Тоҷикистон суҳбат кунем.

Озодагон: Бигзарем ба мавзӯъи интиқоли қудрат ва дигар масоили сиёсӣ дар кишварҳои Осиё Миёна. Бештари коршиносони сиёсӣ ҳодисаи ахири Оқтеппаи Қазоқистонро ба дарозумрӣ ва ҳамин тавр набуди интиқоли қудрат дар ин кишвар рабт доданд ва ҳатто Қазоқистонро “оғозгаҳи баҳори осиёимарказӣ” ҳам гуфтанд. Фикр намекунед, ки ин як баҳогузории зудҳангом аст? Ё воқеъан бозиҳо дар минтақа дар ҳоли шурӯъ шудан ҳастанд?

Хурсанд Хуррамов:
Ман ҳам бар ин назарам, ки гуфтан дар бораи “баҳори осиёиминаӣ” ҳоло барвақт аст, аммо ин барои Қазоқистон ва умуман барои минтақа ҳушдори ҷиддӣ аст. Қазоқистон то чанд вақти пеш давлати босуботтарин маҳсуб мешуд. Ин ба дастрасӣ доштани ин кишвар ба захираҳои энержӣ робита надорад. Аммо новобаста аз ин тафовути чашмрасе миёни қазоқҳои хеле бой ва бисёр нодор вуҷуд дорад. Поин рафтани нархи энержии Қазоқистон дар бозори ҷаҳонӣ иқтисоди ин кишварро зарбаи муҳлик зад. Коҳиши қурби тенге бештарин зарбаро ба ҷайби қишри қамбағал ворид кард. Дар ҳамин шароит тағйири қонунгузории замин танҳо баҳонае барои тазоҳуроти моҳи май буд. Ҳодисаи Оқтеппа ҳарчанд мустақиман бо он тазоҳурот рабт надошт, аммо ба назари бештаре аз нозирон нишондиҳандаи норизоиятии мардум аз сиёсати Назарбоев аст. Бо доштани имконоти молии бузург ҳукумати Қазоқистон натавонист иқтисодашро мутанавеъ (диверсификация) кунад. Дараҷаи вобастагии иқтисоди Қазоқистон аз захоири энержӣ мисли иқтисоди Русия баланд боқӣ монадааст. Дар мавриди “бозиҳои геополитикӣ” фикр мекунам, ки мо тадриҷан ба ин сенария мерасем. Фишори иҷтимоӣ дар минтақа хеле баланд аст, аммо иқдомҳои ҷилавгиронаи ҳукумати ин кишварҳо дар камтарин сатҳ қарор доранд.

Озодагон: Дарига Назарбоеваро меросбари падараш ҳадс мезананд. Ин чиз имконпазир аст?

Хурсанд Хуррамов:
Дарига Назарбоева ҳам аз худаш фаъолияти шуғлии бесобиқа нишон медиҳад. Дар синни 53 ҳам фурсати корҳои ҳизбӣ пайдо кард ва ҳам расонаҳоро раҳбарӣ мекард. Муовини раиси парлумон буд ва ҳоло ҳам муовинати нахуствазири Қазоқистонро бар дӯш дорад. Ин нишонгари он аст, ки таъйин шудани ӯ аз сӯи “Елбошӣ” ҳамчун яке аз гузинаҳои интиқоли қудрат баррасӣ мешавад. Аммо ҳодисаи ахир метавонад боиси ислоҳ кардани масъалаи ҷонишинӣ дар Қазоқистон шавад.

Озодагон: Бо он ки 5 солро дар Қирғизистон сипарӣ кардед ва он ҳам ба ҳайси донишҷӯи риштаи равобити байналмилал аз воқеъиятҳои ин кишвар шинохти комилтаре доред. Сабаб ё шояд сабабҳои калидии чунин фарқияти калони ин кишвар аз дигар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ дар чӣ аст?

Хурсанд Хуррамов:
Ман ба андозаи кофӣ ба равандҳои сиёсии дохили Қирғизистон ошно ҳастам ва саволеро, ки Шумо гузоштед яке аз мавзӯъҳои калидии кори тадқиқотии ман аст, ки ҳоло машғул ба он ҳастам. Омилҳои аслии тафовути миёни кишварҳои мо ду унсур аст: -Омили тамаддунӣ (қирғизҳо – мансуби тамаддуни бодиянишинанд): - Тақсими кишвар ба ду қабилаи асосӣ: қирғизҳои ҷанубӣ ва шимолӣ. Таърихан бар асоси истеҳсолоти бодиягардӣ назорати комил бар болои кӯчманчиҳо номумкин буд, зеро доим маҳалли сукунати худро тағйир медоданд. Ин вижагӣ то кунун дар хосиятҳои қавмии қирғизҳо ҳифз шудааст. Яъне ҳама гуна талоши эҷоди режими худкома ба низоъ меовард. Тақсими кишвар ба ду ҷабҳа ва решадор кардани он дар зеҳнияти қирғизҳо ба яке аз қабилаҳо имкони инҳисори ҳукуматро дар кишвар барои солҳои тӯлонӣ намедиҳад. Президенти нахустин, ҷаноби Акаев намояндаи шимол буд, ки аз ҷониби намояндаи ҷануб-Боқиев сарнагун карда шуд. Президенти охирӣ, ҷаноби Отамбоев низ намояндаи шимол аст, вале ҳукумати ӯ дар баъзе маворид ба парлумон вогузор шудааст. Бо вуҷуди баъзе пешрафтҳо режим дар Қирғизистон ноамн боқӣ мондааст ва навобаста бо тағйир ҳукуматҳо элитаи сиёсӣ бетағйир боқӣ мондааст. Вале ниҳодина шудани мухолифин (ҳузури он дар парлумон), муколамаи боз ва рақобати сиёсӣ барои кори босамари ҳукумат ёрмандӣ мекунад.

Озодагон: Қирғизистон ду инқилобро пушти сар кард. Яъне ду интиқоли қудрат аз роҳи ноосоишта ва ҳоло ҳукумати Алмосбек ҳам дар ҳоли поёнёбист. Оё ин кишвар ба он ҳад расид, ки аз ин ба баъд интиқоли қудрат бидуни инқилоб сурат бигирад?

Хурсанд Хуррамов:
Дар воқеъ, бештари коршиносон ба навовариҳои сиёсӣ дар Қирғизистон бо шакку тардид менигаранд ва ин кишварро як давлати барпонашуда меҳисобанд. Дар ҳамин ҳол ҳеч кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба чунин як риск (ба истиснои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон) ба мисли Қирғизистон даст назад. Ин ҳаводис баҳона барои ҷанги шаҳрвандӣ ва мубориза барои ҳокимият нашуданд. Ҳар кадоме аз кишварҳои ҳамсоя, фарзи мисол Узбакистон ва ё Қазоқистон агар мебуданд чунин тағйироти сохториро таҳаммул карда наметавонистанд. Бо вуҷуди ин ман наметавонам бигӯям, ки дигар ба ин кишвар инқилоб таҳдид намекунад. Дар ин кишвар дар баробари ҷомеаи қавии шаҳрвандӣ, ҳамчунин гуруҳҳои лоббиҳо мисли Русия ва кишварҳои ғарбӣ хеле рушд кардаанд. Ҳукумати феълӣ ба ҳадди лозим ба Русия такя мекунад ва талош мешавад, ки ба ҷойи Отамбоев тақрибан чунин як сиёсатмадоре биояд, ки ин гуна манофеъро дунбол мекунад. Мухолифин, аз ҷумла мухолифини парлумонӣ ҳаматарафа ба ин хатти сиёсӣ муқобилат мекунанд. Яъне мешавад гуфт, ки булаҷабиҳои ин кишвар ҳоло дар пешанд.
Мӯҳр
кам гуфтан
Сухан бисёр дону андаке гуй, Якеро сад магую садро яке гуй.
Маколи точики: Гапи бисёр як хара бор.

Сайф Сафар
...Сайф Сафар........ Turo tanho krishat raftaast!!!! Ozodagon metavoned ba monandi ozodi boshen????????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)