Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 21 август 2017, 13:27

Кӯмакхоҳӣ барои ҷарроҳии Фарангиси 8-сола

21 июн 2016, 13:35

Ҷумъахонова Фарангис, духтари 8-сола, ки аз заъфи банди косу рон ранҷ мебарад, барои табобат дар шаҳри Деҳлӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмак хостааст.

Соро Бахтибекова, модари Фарангис мегӯяд баъди ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон 3 сол дар Маскав ба чандин беморхона муроҷиат кардааст, вале онҳо кафолати муваффақияти ҷарроҳиро надодаанд. Ҳоло ба сабаби 6 см кутоҳ будани пойи чап ва лангидан банди косу рони Фарангис беҷо шудааст, ки ба сутунмуҳраи ӯ низ таҳдид мекунад. Дар сурати нагирифтани табобати зарурӣ имкони ниёзманд шудан ба сандалии чархдор вуҷуд дорад. Модари Фарангис мегӯяд пизишкҳои Ҳиндустон пас аз шинос шудан бо аксҳои рентгении духтараш ризоияти ҷарроҳии ӯро додаанд ва барои анҷоми он ба 5 ҳазору 300 доллар ниёз дорад.

Ба ин тартиб афроде, ки имкони кӯмак ба Фарангиси 8-соларо доранд, метавонанд бо рақамҳои 93 426 80 88 тамос бигиранд ё ба рақамҳои корти бонкии зерин маблағ гузаронанд:

Банк получателя: Филиали ҶСК «Аввалин Бонки Молиявии Хурд» дар ш. Душанбе
БИК: 350101821 Корр. счет: 20402972118051
Имя получателя: Бахтибекова Соро
Счет получателя: 20216972818210033235

Барои интиқоли маблағ бо доллар:

ПОЛУЧАТЕЛЬ: Bakhtibekova Soro
СЧЁТ ПОЛУЧАТЕЛЯ: 20218840918210033236 БАНК ПОЛУЧАТЕЛЯ: THE FIRST MICROFINANCE BANK
SWIFT БАНКА ПОЛУЧАТЕЛЯ: FMBTTJ22 БАНК КОРРЕСПОНДЕНТ: Habib Bank Ltd, USA SWIFT: HABBUS33 СЧЕТ: 0021505420091


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!