Бахшҳо

Таронаи Юлдуз Усмонова дар бораи ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои Шанхай (ВИДЕО)

Юлдуз Усмонова, ҳунарманди мардумии Узбакистон таронаи нави худро ба саммити навбатии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) бахшидааст.

Ин ҳамоиш 23-24 июн дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Торнамои радиои “Озодлик” аз қавли мунақидон, ин таронаро талоши бозгашти Юлдуз Усмонова ба “саҳнаи бузург” унвон кардааст. Шурӯъ аз соли 2005 эҷодиёти Усмонова дар Узбакистон манъ шудааст. Ба иттилои манбаъ, бо вуҷуди доштани иҷозатнома (литсензия)-и “Узбекнаво” ӯро ба саҳнаи бузург роҳ намедиҳанд ва садои ӯ аз радио ва телевизион шунида намешавад.

“Овозхони аз ин вазъ норозӣ чанд муддат Узбекистонро тарк намуда, дар Туркия кору зиндагӣ намуд. Соли 2011 ба ватан баргашт ва тамоми талошро кард, ки расман вориди саҳнаи бузург шавад. Кушиш кард, ки манъи ғайрирасмии эҷодиёташро аз байн бубарад. Бо вуҷуди дарёфти литсензия, ҳанӯз наметавонад консертҳои бузург баргузор карда, дар телевизион зоҳир шавад”.

“Озодлик” менависад, ҳатто Гулнора Каримова, духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон муваффақ нашуд, ин мушкили Усмоноваро бартараф созад: “Баъди он ки 31 декабри соли 2012 Юлдуз Усмонова тавассути Интернет таронаи “Гулисан”-ро, ки ба духтари калони Каримов бахшида шуд, паҳн кард, баҳори соли 2013 ӯро расман ба гала-концерти “Асрлар садоси” (Садои қарнҳо)-и Бунёди “Форуми фарҳанг ва санъати Узбекистон”, марбут ба Гулнора Каримова даъват карданд”.

Ба иттилои манбаъ, духтари президент мехост Усмонова дар ин консерт, ки тавассути телевизиони давлатӣ ва шабакаҳои моҳвораӣ пахш мешуд, ҳунарнамоӣ кунад: “Аммо чанд дақиқа қабл аз анҷоми консерт касе ба Гулнора Каримова занг мезанад ва ӯ баромади Усмоноваро бозмедорад”.

Охирҳои соли гузашта Усмонова боз як бор талош кард, ки ба саҳнаи бузург баргардад. Ин навбат ӯ дар васфи Ислом Каримов тарона хонд ва ӯро “подшоҳ” ном бурд. Аммо ба иттилои “Озодлик” матни Юлдуз Усмонова дар бораи президент таҳрир ва аз он калимаи Каримов хат зада шуд: “Аммо ҳатто ин тарона ҳам натавонист ӯро ба саҳнаи бузург биёрад”.


ТАРОНАИ ЮЛДУЗ УСМОНОВА ДАР БОРАИ ҲАМОИШИ СҲШ

Мӯҳр
Чамшед
Ман хайронам Юлдуз Усмоноваро мардуми Осиёи Маркази дуст медоранд. Тамоми чахон мешиносандаш. Чаро монеаи санъаташ мешаванду..... Хайр агар бо хамин суруд руи сахна ояд мо хело хам хушхол мешудем. Интизорем! Дар Точикистон хам мухлисони зиёде дорад Юлдуз!!!!

А на таджикском почему не поет! ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)