Бахшҳо

Ҷузъиёти боздошти судя бо беш аз 111 ҳазор $ пора

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, бо иттиҳоми порагирӣ дар ҳаҷми 111 ҳазор доллари амрикоиро ифшо кард.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Саидзода ҳафтаи гузашта ҳангоми гирифтани 50 ҳазор доллар дар утоқи корияш боздошт гардид.

Ба иттилои манбаъ Саидзода ба ивази пора ба шаҳрвандон “А” ва “Б”, ки Оҷонсии зидди фасод онҳоро дар қаллобӣ муттаҳам кард, ваъдаи пуштибонӣ додааст: “Баҳори соли равон Саидзода барои пуштибонӣ аз судшавандагон "А" ва "Б" аввал 7000 доллари амрикоӣ ва сипас зери таҳдиди таъини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ 50 000 доллари амрикоиро гирифта, 19 майи соли 2016 бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ нисбати судшавандагон "А" ва "Б" ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷарима татбиқ кард”.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Саидзода кирдори ҷиноияшро идома дода, дар доираи парвандаи дигар аз шаҳрвандон "А" ва "Б" боз 50 ҳазор доллари амрикоии дигарро талаб кардааст: “17-уми июни соли равон тахминан соати 17 Саидзода пас аз гирифтани 50 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад”.
Мӯҳр
Камбагал
Э тавба клдме..110-хазор$пора.значит хамун чабрдида ягон гунохи вазнин кардаги не нагуфта пулро додаст.о ин кадар пулро агар ман ебам ооооба тамоми ятимхонахо ба хар як кудак сад доллар медихам.бокимондаашро тихо аз сари девори ягон камбагал мепартофтам.ва худам мегаштам боз кашталом кандаги.ин аст чавонмарди!!!!!

111хазор долар. Мани мухочир дар руссия гуломи мекунам ба зур рузи кудакома мегузаронам.шумо бошед ватанро аз худ кардед. Худоё ин чи зулмест аз ин хел номардо.

Нафси бад балои чон. Хайр 7 хазор гирифти боз 50 хазор гирифти охир бас будагист, дар чунин хол ба газаби Худованд хам гирифтор мешави. Хай холи да кунчи зиндон бад ба ёд оварда пушаймон мешави. Тасаввур кунед ин як судяи кучаки нохияви аст, вой бар холи судяхои суди оли ва шахри, бешубха онхо 5 хазоу 10 хазор кати сер намешаванд.

Ооо ира капидан хайрият . Ягон макомота писад намекард , одам барои ин шахс ба монанди кайк буд !!!

Ахмад
Саидзода аьзои хизби ХХДТ мебошад,

Солех
Ахмад,Ахмади нодон будаст, ки намедонад судяхо хаки аъзои хизб шудан надоранд...

афанди
Барои чи шуморо суд карданд?
-Пора гирифтам
Барои чи шуморо озод карданд?
-Пора додам

Misol .111 hazor $ pora megirift hichka namefahmid megasht benomus, lekin u nafaroye ki shahrvand “А” ва “Б” onhoro bo rohhi Qallobi fireb karda pulashona giriftan da'voi onho chi meshud///

Хама пулом гирифтаашро ба офатзадахои н. Рудаки равона карда ва порадеху порагирро хардуро ба зиндони амирон андохан даркор аст.
Хурокаш аз пучоки караму каду ва нушобаас пешоби шутур бояд шавад инрхора дар зиндон.

Хайрат
Ба афту сумот ва нигохи ин фасодзада нигаред - гурги борондида!!!

Серега
Э тавба клдмэ мечаридай мегаштай)))

Мушохидачи
Мутаасифона хама судяхо хамин хеланд.

Махмуд
Аслан худи Искандар дар авал раиси дасгохи, суди канистутсони буд.Ва чанд солхо дар суди нохияи Синои Пойтахт низ судияги намуда буд .кай ба нохичи Рудаки рафт намедонам,аммо хам
ин кадарашро медонам ки шахси хавобаланд ва худ писанд буд.назараш камбагалро намегирифт

мухочир
Географияш тугри наомадай да.

хайрият хакикат будааст 3 сол пеш аз руи карори гайриконунии вай як зани бечора сахт азоб кашида буд ва Искандарро дуо бад карда буд баъди вай касали рак ( саратон) шуда буд албатта рафта Искандарро хабар гирифтан даркор кулчахои равгани равон кардан даркор аст.\АЛЛОХ бузург аст Худоро шукр ман имруз хобам нагз мебарад/

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)