Бахшҳо

Ҳоҷӣ Мирзо дар бораи Рамазон, гуруҳҳои ифротӣ ва фазои динии Тоҷикистон

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик дар як суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” нахуст кулли мусалмонони Тоҷикистонро бо моҳи Шарифи Рамазон таҳният гуфт.

Хоҷӣ Мирзо: Бисмилоҳир-раҳмонир-раҳим. Ҳоло ки дар ин моҳи Шариф қарор дорем, мехоҳам онро барои ҳамаи рӯзадорон табрик бигӯям. Худованд ҳамаи подошу савоби марбути ин моҳро насибашон гардонад. Рамазон танҳо ба маънии нахурдану наошомидан нест, балки инсонҳо бояд дар ин моҳ аз ҳарфи баду кирдорҳои ношоиста дур бошанд. Дар ҳадисҳо омадааст, ки хайру эҳсони Пайғомбари Ислом дар ин моҳи муборак дучанд мешуд. Аз ин рӯ аз онҳое, ки имкон доранд, хоҳиш мекунам мардуми ниёзмандро дастгирӣ намоянд. Тоҷирон ҳам нархҳоро боло набаранд. Бояд дар зеҳни онҳо ин фикр бошад, ки вақте нархҳоро арзон карданд, савоби бештар мегиранд. На ин ки моҳи Рамазонро барои худ як фурсати боло бурдани нархҳо донанд.

Озодагон: Шумо қаблан яке аз роҳҳои муассири ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва таҳдидҳои зиддимазҳабиро дар баргардонидани домуллоҳои саршиноси кишвар ба минбар унвон карда будед. Баъди ин ҳарфҳо оё пешниҳодҳое дар бораи дубора имом-хатиб таъин кардани Шумо буд?

Ҳоҷӣ Мирзо:
Ман ин таклифро ба хотири он кардам, ки руҳониёни шинохтаи мо, ки мардум ба онҳо эътимод доранд, аъзои ҳар гуна гуруҳу равияҳо, махсусан “Салафия” нестанд. Онҳо саводи комили динӣ доранд ва метавонанд дар мубориза бо терроризму “Салафия” пештоз бошанд. Дар мавриди пешниҳодҳо барои имом-хатиб шудан бошад, ростӣ чунин таклифҳо аз ҷониби мардум шуд, аммо бо сабаби хуб набудани саломатӣ дигар ин масъулиятро ба душ нагирифтам. Аммо ҳамеша бо мардум ҳастам ва талош мекунам дар ҳама масъалаҳо ба онҳо маслиҳат бидиҳам. Ба саволҳояшон аз фармудаҳои Худованд дар Қуръони Карим ҷавоб медиҳам. Дар ҳама суҳбатҳо ба ҷавонон таъкид мекунам, ки аз гаравидан ба гуруҳҳои ифротӣ суде нест.

Озодагон: Ҳоло ки суҳбат аз гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ рафт. Шумо талоши мақомоти Тоҷикистонро дар самти ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ин гуруҳҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Ҳоҷӣ Мирзо:
Атрофи ин мавзӯъ борҳо дар нишасту мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои сатҳи ҳукуматӣ изҳори назар кардаам. Ҳамеша таъкид мекунам, ки роҳи муассир фаҳмондадиҳӣ тавассути минбарҳоест, ки мардум бовар доранд. Ман ба ин фикрам, онҳоеро, ки дар ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ифротӣ ё ҳамсуҳбат шудан бо онҳо гумонбаранд, набояд зиндонӣ кард. Зеро зиндон ҷойи тарбия нест. Аз таҷриба мегӯям, одамҳое буданд, ки бо иттиҳоми мазҳаби ғайр ба зиндон рафтанд ва баъди озод шудан боз амалҳои худро такрор карданд. Ё нафароне, ки аз ақидаву мазҳаб хабар надоштанд, аз дохили зиндон бо ақидаҳои зидимазҳабӣ берун шуданд. Аз ин рӯ хоҳиши мо ин аст, ки нерӯи корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд қавӣ карда шавад. Аксари онҳо аз ноогоҳиву нофаҳмӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ бо аъзои гуруҳҳои ифротӣ суҳбат мекунанд. Агар мақомот ин гуна нафаронро миёни аъзои маҳалла муҳокима намояд, ислоҳ мешаванд ва дигарон низ хатари гуруҳҳои ифротиро дарк мекунанд.

Озодагон: Дар гузашта хабархое буданд, ки Шумо пайваста аз ҷониби ҷангиёни узви гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” мавриди тахдид қарор мегиред. Ҳоло ҳам чунин таҳдидҳо ҳастанд?

Ҳоҷӣ Мирзо:
Бале, дар гузашта чунин ҳолатҳо буданд, аммо ҳоло на. Ҳоло баъзан муҳоҷирон телефон карда, мепурсанд, ки оё агар ба кишварҳои Ховари Миёна барои ҷанг бираванд, ҷиҳод мешавад? Ман соатҳо бо онҳо суҳбат карда, мефаҳмонам, ки ин роҳ ғалат аст ва онҳоро ба нестӣ мебарад. Мегӯям, ки ҷиҳод куштор нест, балки аз обод кардану анҷом додани амалҳои савоб иборат аст. Дар Қуръони Карим низ омадааст, ки куштани одамон гунохи кабира буда, ба ҷуз Худованд касе ҳаққи гирифтани ҷони касеро надорад. Хушбахтона, баъди ин суханҳо, ҷавонони муроҷиаткунанда аз фикри рафтану пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ, махсусан ДИИШ мегарданд. Ҳатто миннатдорӣ мекунанд, ки онхоро аз ин нияташон гардондам.

Озодагон: Баҳои Шумо ба мизони озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон?

Ҳоҷӣ Мирзо:
Баъзе сахтгириҳо ҳаст, аммо мушкили ҷиддиеро дар ин самт намебинам. Агар дар мазҳаби бобоҳоямон бошем ва ба гуруҳҳои ифротӣ напайвандем, ҳеч мушкиле пеш намеояд.

Мусоҳиб Барнои Бегмадзода
Мӯҳр
Салому алайк! Ҳоҷии муҳтарам! Ба назари шумо масҷидҳоро ба тарабхона, туйхона, чоойхона ва дигар муасисаҳои дуняви табдил додан он қадар мушкилие нест?! Ба ақидаи шумо мардумро аз амри маъруф ва наҳе аз мункар дур кардан он қадар мушкилие нест?! Ба ақидаи шумо аз 40 сола пойнро аз зиёрати ҳаҷ маън кардан он қадар мушкилие нест?! Наврасонро то 18 сола аз масҷид маҳрум кардан он қадар мушкилие нест?! Зани мусалмони Тоҷикистонро аз сатру ҳиҷоб ва мардонро аз риш маҳрум кардан он қадар мушкилие нест?! Пас ҳамаи ин қонунҳои зидди динии он қадар мушкилие набошад ба назари шумо мушкили дар чи ва дар кадом маврид дида хоҳад шуд????

Сангак
Хочи Мирзо Шумо мегед,ки мушкилиии чиддиеро дар озодии дин намебинед, вале масчидхо баста , занхои мусалмонро бесатр мекунанд, нафарони то 18 соларо ба масчид рафтан намемонанд, риш мондан мань аст, рухониени бонуфузро аз кардани мавьизахо мань мекунанд. Магар ин рафторхо мукобили дини мубини ислом нест магар?

мухтарам Хочи то кая чашм ба хакикат мепушен?7бастани масчитхо мушкили чидди нест магар?? ё гирифтани сатри хохарон??

фазлулллх
Хочи хозирам аз АЛЛОХ Неву аз хукумат тарсидесай рост нагуфтесай э хочи аз АЛЛОХ битарс на аз хукумат рост бигу чигуна сахти нест дар дин аз инкадар сахтиаш дига бединист

Man
Бобои ҳоҷи аз Худо битарсед ва ҳақро напушонед, охирин суханатон нодуруст аст. Чӣ хел шумо мушкили ҷиддиро намебинед? Оё манъи ҷавонон аз масчид мукили ҷидди нест? Манъи ҳиҷоб, манъи ҷавонони зери 35сола аз ҳаҷ, манъи овози азон бо баландгуяк ва садҳо фишори дигар болои мусулмонон, ҳамаи ин мушкили ҷидди нест? Бобои ҳоҷи аз Худо битарсед.
Мӯҳтарам озодагон барои чӣ мактуби моро чоп намекунед? Алакай даххо балки садҳо мактуби моро чоп накардед. Мо дигар ҷои дарди дил кардан надорем. Озодагон аз Худо битарсед. Илтимос чоп кунед

boboi Hoji
Бобои Хочи мегум аму лимпопои пеши мактаби №5 арзон кун ёки ягон рузша бепул кун кудако бози кнан шумоани сохибкор хастед ку.

Chujai zarrin
Rahmati kalon! Suhbati sofi begharaz!

кормандони сомонаи озодагон барои шумо магар забони точики арзише надорад? Наход ягон калимаи дуруст навишта натавонед. Хама галлати махз.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)