Бахшҳо

Қатъи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Дилбар Гургова

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур парвандаи ҷиноӣ алайҳи Дилбар Гургова, модари танҳои 5 ноболиғро қатъ намудааст.

Дилбар Гургова, ҳамсари Амрулло Нуров, маҳкумшуда барои узвият дар гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим аз сӯи додситонӣ дар он муттаҳам шуда буд, ки гӯиё монеаи таҳсили фарзандонаш шудааст.

Додситонӣ алайҳи Гургова тибқи моддаи 164-и Кодекси ҷиноӣ-монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии асосӣ парванда боз карда буд, ки то ду соли зиндон ё ҷарима аз 4 то 5 ҳазор сомониро пешбинӣ кардааст. Ба иттилои додситонӣ Гургова барои таҳсили ду фарзандаш-Худоёр Нурови 12- сола ва Аслиддин Нурови 11-сола монеъ мешудааст.

Аммо худи модари танҳо мегӯяд барои фиристодани фарзандонаш ба мактаб шароит надошт ва пас аз кӯмакҳои нафарони саховатманд писаронаш таҳсилро идома дода истодаанд: “Аз моҳи апрел фарзандонам ҳамарӯза дар мактабанд”.

Додрас Назарзода Даврон бо назардошти идомаи таҳсили фарзандон ва пӯшаймонии Гургова парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯро қатъ кардааст.
Худи ин модари танҳо дар шарҳи қазия имрӯз, 28-уми июн ба “Озодагон” гуфт, “бо сабабе, ки дубора фарзандонамро ба мактаб фиристодам ва аз кори кардаам пӯшаймон шудам, парванда нисбатам қатъ гардид. Шукр, ки ман ҷарима нашудам ва аз ин хеле хурсандам. Агар маро ҷаримаи калон кунанд, аз куҷо онро пардохт карда метавонам”.

Дар рафти мурофиаи додгоҳӣ Сайрам Сарнисоқова, роҳбари синфи Аслиддин, писари Гургова гуфт, шароити зиндагии шогирдаш хеле бад мебошад ва пайваста барои ба дарс ҳозир шуданаш ӯро таъкид кардааст: “Дар давоми сол Аслиддин 201 соат дар дарс ҳозир набуд. Модарашро, ки дар бозорчаи 9-ум километр бо тиҷорат машғул буд, ҳар вақт дида мегуфтам, ки писарашро ба мактаб равон кунад. Зимистон буд, Аслиддинро маҷбур кардам, ки дар дарс ҳозир шавад, вале аз ин корам худам хиҷолат кашидам. Зеро вақте Аслиддин дар рӯзи барф бо “басаножка” омад, пойҳояш хунук мехӯрданд. Ҳамсинфонаш то ҷое масхарааш ҳам мекарданд, вале агар аз болояш назорат бошад, писари босавод аст”.
Мӯҳр
Ofarin ba in sherzan to okhira muboriza burd . Khayriyat digar har ruz hamin khabari Gurgovaro mekhondem))))) In khabar khotima meyobad imruz. Ozodagon aknun az pai digar khabarho shaved... odam dar zindagi boyad hamin khel Gur boshad , ki Gurgi digar nakhuradash.. Luftan chop kuned.

иззат амон
муборак аст модари азиз шумо аз болои зулму залолат голиб омадед ин голибиятро бароятон табрик мегуям

Зимистон буд, Аслиддинро маҷбур кардам, ки дар дарс ҳозир шавад, вале аз ин корам худам хиҷолат кашидам. Зеро вақте Аслиддин дар рӯзи барф бо “басаножка” омад, пойҳояш хунук мехӯрданд. Ҳамсинфонаш то ҷое масхарааш ҳам мекарданд,- мегуяд муаллима Сайрам Сарнисоқова. Хаволаатон ба Худо. Наход натавонистед, ки як попуши барои шогирд гиред. Ё инро хам интизор хастед, ки кадоме шуморо барои хайр кардан дастур дихаду мачбур кунад. Наход сиёсати камбагалпарваронаи Сарвари давлатро надонед. Худи Чаноби Оли гаштаю баргашта таъкид мекунанд, ки хайру эхсон кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)