Бахшҳо

Маҳдӣ Собир: Агар серу пур бошем, чӣ қадар рақсу сурудхонӣ шавад, боке нест

Тоҷикистон аз 19-солагии Ҷашни Ваҳдат бо шукуҳу шаҳомат ва хароҷоти ҳангуфте таҷлил кард. Ҳамчунин гуфта мешавад, 25-солагии Истиқлол бо хароҷот ва шаҳомати бузургтаре ҷашн гирифта хоҳад шуд. Дар ин робита “Озодагон” аз соҳибназарону коршиносон пурсид: ОЁ ДАР ДАВРОНИ БУҲРОНИ ИҚТИСОДӢ ЧУНИН ХАРҶУ ТАҶЛИЛҲО ЗАРУРАНД?


Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос
Ман аз оғоз зидди таҷлилҳои пуршукуҳам. Дар ин вазъи буҳронӣ тантанаҳо хоксорона бошанд, хубтар аст. Миллат бояд Истиқлолияташро таҷлил кунад, вале бидуни масрафи барзиёд. Ин гуна чорабиниҳо танҳо барои 1-2 соатанд ва барои ин пули зиёду нерӯи инсонӣ масраф мешавад. Дар ин офтобҳои гарм кашидани ҳазорҳо донишҷӯ ба саҳна кори хубе нест. Ҷашнҳои мо ҳам бояд дар доираи ҳамон қонуни танзими расму оинҳо бошанд: хоксорона ва самимона.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
Мувофиқи мақсад мебуд, агар бо дар назардошти воқеияти сатҳи зиндагии мардум ва вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон тарзи баргузории иду чашнҳо низ тағйир ёбанд. Соҳибкорон ва раҳбарони корхонаҳо маблағхоро чиҳати беҳтар кардани шароити кори коргарон ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ бояд истифода бурда, корхонаю ташкилотҳоро бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин кунанд, бидуни шак ба манфиати ҷомеа ва давлат аст. Аммо боиси таассуф аст, ки доираҳои муайяни манфиатдор таҷлили чашну идҳоро ба шакли махсуси истифодаи ғайримаксадноки маблағҳо табдил додаанд. Популизми сиёсии бемаврид, тамаллуқ ва садоқатмандии сунъию исрофкориҳои бемаъниро низ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин гуна мавридҳо ба хусус раҳбарони ноуҳдабарою тасодуфӣ ва беистэъдоду белаёқат хеле хуб истифода мебаранд.

Муҳаммад СОДИҚИЁН, иқтисоддон
Ҷашни истиқлол барои ҳар кишвар, аз ҷумла барои Тоҷикистон муҳимтарин ид аст ва бояд таҷлил шавад. Аммо масъала сари шеваи таҷлил аз он ва хароҷотҳо аст. Ин ки ин ҷашн хеле пуршукуҳ мегузарад медонем, аммо намедонем, ки чӣ миқдор маблағ масраф мешавад. Ҳукумат ҳам боре ин масрафҳояшро ошкор намекунад ва ба мардум ҳам намегӯяд, ки ин миқдор маблағро ният дорад ба ин мақсад сарф кунад. Яъне дар назди мардум ҳисоботдиҳанда нест, ҳарчанд манбаи даромадҳояш андозҳои шаҳрвандон аст. Ин албатта хуб нест.

Маҳдӣ СОБИР, таҳлилгар
Ба андешаи ман ҷашнҳо бояд хеле оддӣ ва хоксорона таҷлил шаванд. Аммо чӣ ҳам метавон кард, вақте баъзеҳо вазъи ҷомеародарк намекунанд? Мардум аз таҷлили чашну идҳо ва рақсу бозӣ монда шудаанд. Мо бояд аз кор, аз ташаббусҳои созанда монда шавем. Аммо ҷашни 25-солагии Истиқлол бояд бо тантана ҷашн гирифта шавад. Беҳтар мешуд дар ин рӯз ба мардуми камбағалу қашшоқ кумак карда мешуд. Ман оилаҳоеро медонам, ки соли гузашта аз камбағалӣ фарзандони худро ба мактаб дода натавонистанд. Агар ба ҳамин гуна оилаҳо ҳадди ақал сару либос тақдим мегардид, нуран алонур мешуд. Раҳматии Леонид Илич Брежнев шиори хубе доштанд "Нон бошад суруд мешавад". Агар мо серу пур бошем, ҳар чӣ қадар рақсу сурудхонӣ шавад, боке нест. Аммо ба гӯши нафари гурусна овози азон ҳам намефорад. Бояд ҷашнҳо бо харҷи кам, бе рақсу бозӣ ва ба таври расмӣ гузаронида шаванд. Дар таҷлили чунин ҷашнҳо аз доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” берун наравем. Бояд дар як доираи муайян таҷлил шаванд. Агар маблағе дорем, онро барои сохтани варзишгоҳҳо, мактабҳо, боғчаҳои бачагона сарф намоем.

Субҳон ҶАЛИЛОВ, директори барномаҳои радиои “Ватан”
Баргузории чунин иду ҷашнҳо ва барномаҳои театрикунонидашуда пеш аз ҳама барои шинохти бештари мардуми кишвар ва тарғиби анъанаву фарҳангу санъати миллат ба ҷаҳониён хеле муҳим аст. Маълум аст, ки хароҷоти зиёд дорад, аммо аз он пурра даст кашидан ҳам шояд нодуруст бошад. Фақат шеваи омодагӣ, тарзи пешниҳод ва муносибат бо нафароне, ки ҷалб мешавад, бояд дигартар бошад. Яъне агар пули зиёд харҷ мешавад, бигузор ҳамон донишҷуён каме аз он ҳамчун ҳаққи заҳматашон бигиранд, барояшон нушобаву ғизо бидиҳанд, то ки шикоят аз ҳолатҳои баръаксаш расонаӣ нашавад. Чизи муҳиме ки бояд роҳандозӣ шавад, ба назари ман ин услуби баргузории ин гуна ҷашнҳо аст. Чаро мумкин набошад, ки шоу барномаҳои чароғӣ баргузор шавад? Чаро мумкин набошад, ки сенарияи баргузории ин гуна ҷашнҳо миёни мардум лоақал дар шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шавад? Хулоса, ягон варинати замонавӣ, нав, муосир ва барои ҳама шавқовари гузаронидани иду чашнҳоро бояд коргардонҳо фикр кунанд. Иловатан бояд аз роҳе кор гирифт, ки он барои ҳама қишрҳои чомеа дастрас бошад, зеро ҳоло мушоҳида мешавад, ки аксарият ҳамин гуна намоишҳои театрикунонидашударо фақат тариқи телевизион тамошо мекунанд, яъне имкони ҳама барои аз наздик дидани ин намоишҳо баробар нест. Дар ҳар сурат коргардонҳову сенариянависон ва муаллифони ин гуна барномаҳо бояд кушиш кунанд, ки чунин барномаҳо барои ҳама ва ё аққалан аксарият шавқовар бошад ва такрори онро интизор шаванд.

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, коршинос
Мардуми нодор як одати бад доранд - пояшонро ба андозаи дороҳо мехоҳанд дароз кунанд, то касе аз нодориашон хабар наёбад. Аммо мусибат ин ҷост, ки намедонанд нодорӣ айб нест, балки аз худ доро тарошидан айб аст. Айбаш ҳам як тараф, зарари он "пойдарозкунӣ"-ро фарзандони бечораи нодор бояд пардохт кунанд, ки чанд моҳ аз ғизояшон коста мешавад. "Шукӯҳу шаҳомат"-и идҳои Тоҷикистон ҳам мисли ҳамин аст. Бо маблағе, ки барои ин ҷашнҳо сарф мегардад, мешавад чанд мактаб сохт, садҳо беморро табобат кард, ҳазорҳо нафарро аз гуруснагӣ наҷот дод, ба даҳҳо ҳазор хонавода, ки моҳҳо рӯи гӯштро надидаанд 1-2 килоӣ гӯшт харид, даҳҳо донишҷӯро ба хориҷ фиристод, чанд корхонаи кӯчак сохт... Ин рӯйхатро мешавад бе охир идома дод. Аммо мутаассифона як аксиомае ҳаст, ки намешавад нодида гирифт: нодорон бештар ба он хотир доро намешаванд, ки қоидаи истифодаи дурусти маблағро намедонанд ва бештар корашон тақлид ва худнамоист.
Мӯҳр
Рост мега акаи Абдуманнон. То вакте мо ай раксу бози даст накашему фикри пешрафти иктисода накунем на доро мешему на пеш мерем.

А.Шералиев бисёр дуруст гуфт.

Солех
Мо хамин ду чашни асосй дорем, яке Вахдати миллй ва дигаре Истиклолият ва онхоро бояд дар сатхи лозимй гузаронем. Фикри маблагхои онро кардан лозим нест. Бо воситаи ин чашнхо мардум ба хам муоширату муомила ва дустй мекунанд. Барои хамин Чашни Вахдатро хар сол дар ягон минтака мегузаронанд, ки ин хуб аст. Бинед, ки имсол Бадахшон бо чй гуна шодию нишот идро тачлил намуд. Сабаби дигар ин аст, ки бо бахонаи чашнхо чи кадар иншооти чашнй сохта мешаванд. Ободй созандагй мешавад. Дар хар хонадони Помир ид буд, суруру шодмонй буд. Хо як гап хаст-ку, Мо метавонем. Офарин! Бадахшон тавонист!

мамад
Дар гоибии тарафайн иди Вахдатро дигар чашн нагиранд бехтар.
Вахдат- сулх- дутарафа. Имсол танхо як тараф иштирок кард, тарафи мукобил бошад несткардаги.

Darvesh
Солех,
Dar TV didish khudut narafti hamu Badakhshon?????

ТАНЗИМ ба чашну "хущомад - мероприятияхо", байракдарозкунй ва "показуха"- хое ки аз ИНСОФ ва ИСРОФ фарсаххо дуранд, алокамандй надорад? Ое имкон надорад одамонро азоб надода, масрафи зиед накарда, дар шахру дехот рузи чашнй ва маъракахои махалллй гузаронанд? Ярмаркаи сабзавоту мевачоти арзон, орду нонтаксимкунй ба бечорагон ташкил кунанд?

Ба Худо аз чашнгири монда шидам. Тамоман кор накардаистодаем аз дасти хами чашнхора

Тахлилгар
Ба фикри дурусти А. Шералиев сад дар сад тарафдорам.

Дарвеш
Бояд то рушди иктисод ва пешрафти зиндаги, ягон ид дар Точикистон пурдабдаба ва бо харочотхои зиед умуман гузаронида нашавад. Чи тавре,ки дар мардум мегуянд, калуш надораму дар фикри харидани чуробам.

Мусоев Каримчон
Салом Озодагон хоҳишмандам ҳамин фикру ақидаҳои мора бе каму кости чоп кунед!
Хело боз мехостам дар бораи ҳамин маблағхое ҳангуфте, ки дар чорабиниҳои фарҳангии бемаъни сарф мешавад сухан гуям. Халқ қашоқ аст оё намешавад, ки аз ин хараҷотҳои ҳангомавӣ даст кашида дили мардуми камбағалро ба даст оранд? Ё фикр мекунанд, ки ҳамаи Тоҷикистон мисли онҳо бо шиками сер мегарданду, гушту руғану нони шакари фаровон доранд? Ё ҳар рӯз корашон мисли онҳо бустонсаро ба бустонсаро ё ошхона ба ошхона ё тарабхона ба тарабхона гаштан аст? Бовар кунед нафратам меояд вақте мебини дар ТВ нишон медиҳанд ин қадар кӯдакони донишҷӯён аз дарсҳо мондаю бо ҳазор намуд либосҳояшон ки аз тарафи масъулин як соата дода мешавад рақсу бози мекунанд ва гуё шикамҳояшон серу пур аст ва сардорон бошанд ба қавле ба ваҷх омада ба кафкубӣ сар мекунанд. Чи қадар мардуми камбизоату маюб дорем намешавад, ки аз он 4000 -5000 ҳазор (ё 7000-1000 ки дар Хуҷанд баромад карданд дар Наврӯзи имсола) ба ҳар яке он кариб минимум 100-150 сомон сарф шудааст ба ин оилаҳои камбизоату маюб бидиҳем, ҳам онҳо хурсанд мешаванд ва ҳам кори савоб мешавад ва ҳам дили мардум ба ҳукумат ҳичиҳам набошад каме гарм мегардад.
Рости дина рӯз дар яке масҷидҳо намоз мехондем, муллоэмом эълон дошт бачаҳо ягончи дар сандуқҳои хайриявӣ хайр кунед, ки аз боло мактуб бо номи 100 оила гирифтем, ки бояд масҷиди мо ба онҳо кӯмак расонад. Рости мо барои онҳо қади зуррас кӯмак мекунем лекин гап сари дигар чиз меравад. Чаро маҳз масҷид? Масҷид магар ҷои ибодати Худо нест? Ё масҷидҳои мо имрӯз вазифаҳои ҳукумату вазоратҳоро иҷро бояд кунанд? Дар масҷидҳо танҳо ҳамон шахсони камбағалу каме ҳамон соҳибкорони бо ном бо саховат мондаанду халос! Чаро вазоратҳо вазирҳои ишкамкалонашон кор намебаранд кӯмак намекунанд? Вазорати меҳнат, вазорати молия, вазорати маориф, вазорати адля, суди оли, корупсия, вазорати тандурусти, ВКД ва кимчиҳои дигаре, ки надорем! Чанд рӯз қабл тариқи ТВ як судяро бо 50-55 ҳазор доллар корупсия қапидан нишон доданд анна ҳамин судяҳои хунхора сумошона гирифта дар кисаҳотон наандозеду рафта ба мардум кӯмак кунед. Агар пули ҳамон судяи хунхоро гирем ба 500 оила 800 сомониги мерасад. Чи ҷои дигар аз масҷидҳо кӯмак хостани ҳукумат? 50 судяи ҳаминтари бошад коро буд шудаги! Гуфтаниҳо хело зиёд аст вале….

мехмон
Фикри Абдуманон Шералиев тири ба нишон расида ! Дар Точикистон то хол дар аксар ойлахо норасоии гизо дида мешавад. Баъзехо солхо гуштро намебинанд. Гуруснагиро мардона пушти сар мекунанд ва бо сару либоси зебо мегарданд ки дигарон нафахманд.

Nafsi mo ser nahohad shud mardum noni hurdan nadorad mo az peshvoyu vahdat suhan meronem

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)