Бахшҳо
30 июн 2016 10:34Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Президент “Нива”-и наҷотбахшашро аз сокини Мурғоб харид

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафари ахир ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз сокини Мурғоб хостааст, “Нива”-и куҳнаашро ба ӯ фурӯшад, зеро он арзиши гузоштан дар осорхонаро дорад.

Дар ин бора ба “Озодагон” аз ҳукумати ноҳияи Мурғоб хабар доданд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон борҳо дар мулоқот бо сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нақл кард, ки ҳангоми як сафараш ба ноҳияи Мурғоб дар пайи номусоидии боду ҳаво ночор дар нимароҳ аз чархбол пиёда шуданд. Ба нақли Президент ба як деҳа расиданд ва баъди истеъмоли ғизою меҳмондорӣ бояд роҳашонро то маркази ноҳияи Мурғоб идома медоданд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон Ҷурабой як сокини деҳа “нива”-и куҳнаашро, ки ҳамчун мурғхона истифода мекардааст, омода намуда, ӯро то маркази Мурғоб расонд.

Тавре аз ҳукумати ноҳияи Мурғоб ба “Озодагон” иттилоъ доданд, соҳиби он “Нива”-и куҳна Ҷурабой Азимов, сокини Аличӯр мебошад. Ба иттилои манбаъ оилаи Азимовҳо зимни сафари ахири раисиҷумҳур “Нива”-ро то шаҳри Хоруғ бурда, ба масъулини осорхона супориданд. Ба ивази ин Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи Азимовҳо "Нива"-и нав тақдим кардааст, ки рӯзи гузашта ба Мурғоб оварда шуд.

Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон аз гузоштани ин "Нива" дар осорхона дар ҳолест, ки бар асоси қонун дар бораи Пешвои миллат ташкили осорхонаи махсуси Пешвои миллат дар назар аст.
Мӯҳр
Заб акы коре кардаст чаноби Оли!!! Ба мисли ин мисолхо садхо мисол мешавад овард пас хамаи инро дар осорхона гузошт??? Масалан манхам метавонам гуям,ки чатри ман хам начотбахш аст. манро дар як рузи ниоят сербориш аз нуки кух ба хона расонид ё хари ман начотбахш аст . У агар намебуд мо гандумро ба осиёб бурда наметавонистем ва аз гушнаги халок мешудем. Ё инки музаи пои ман начотбахш аст. Маро дар як сардии кахратун ба чои гарм бурда расонид. Ин хлдисахо дар сари хама садхобор омадааст.

Кошки тамоми мошинхои деха хароб мешуданд.

Fed
Зур !! Зинда бод пешвои милат!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)