"Азатлык": Дар таркишҳои Туркия як шаҳрванди Туркманистон захмӣ шудааст
Миёни маҷруҳони амалиёти террористӣ дар фурудгоҳи Туркия як шаҳрванди Туркманистон ҳам будааст. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озоди – "Азатлык" бо такя ба манобеаш дар Истанбул хабар додааст.
Аммо манбаъ мегӯяд, натавонист дар ин маврид иттилои бештаре дарёфт кунад, чун консулгарии Туркманистон дар Анқара дар робита ба ин мавзӯъ гуфтааст, феълан маълумоти дақиқе ироа карда наметавонад.
Дар пайи ҳамлаҳои интиҳорӣ дар фурудҳои Отатурки Туркия 41 нафар кушта ва 130 тани дигар маҷруҳ шуданд. Беналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия ин ҳамлаҳоро кори гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" хондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |