Салом Юнусов: Фарзандонро барои ба Сурия бурдани набераҳоям набахшидам (АКС+ВИДЕО)
Як сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон мегӯяд, ахиран хабари соҳиби набера шуданашро ба ӯ расонданд. Аммо наметавонад ӯро ба оғуш бигирад, зеро ин тифл дар Сурия ба дунё омадааст.
Ин ягона набераи Салом Юнусови 76-сола, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Сайидқул Турдиеви ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ нест, ки дар Сурия қарор дорад. Шаш набераи дигари ӯ ҳам дар ин кишвари ҷангзадаанд. Дар маҷмӯъ теъдоди пайвандони дар Суриябудаи вай 11 нафар гуфта мешавад.
Дар мавриди дар Сурия қарор доштани пайвандони ин пирамард, мақомоти тоҷик моҳи июли соли гузашта маълумот гирифтаанд. Ба иттилои онҳо Саидбек Юнусов, писари Салом ҳамроҳ бо ҳамсару се фарзандаш -- Юнуси 8-сола, Оминаи 5-сола, Юсуфи 3-сола ва духтараш --Ҳилолбӣ Юнусоваю домодаш -- Муродбек Мадхолов бо фарзандонашон -- Убайдуллои 8-сола, Исмоили 6-сола ва Бибизайнаби 4-сола дар ин кишвари Ховари Миёнаанд. Шаш моҳ қабл ҳамсари Саидбек писар таваллуд кардааст, ки ӯро Абубакр ном гузоштаанд.
Салом Юнусов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бори охир духтараш моҳи апрели соли равон ба бародараш Ҳаким занг задаву аксҳои Абубакри навзодро барояш фиристодааст. Баъди ин, дигар тамос нагирифтаанд: “Ман шабу рӯз дар фикри фарзандону набераҳоям ҳастам. Фикр мекунам, ки ояндаи онҳо чӣ мешуда бошад. Наход набераҳои ман ҳамчун террорист ба воя бирасанд?”
Ба қавли Юнусов ҳеч маконе ба гарди хоки Ватан баробар намешавад ва агар набераҳояш инҷо мешуданд, шояд тарбияи дуруст мегирифтанд. Ӯ гуфт, аз фарзандонаш барои ба Сурия рафтанашон сахт ранҷидааст: “Чанд бор хостанд, ки бо телефон бо онҳо суҳбат кунам, аммо гап назадам. Ман рафтори онҳоро бахшида натавонистам. Ман як шахси баобрӯи деҳ будам, аммо дар синни пирӣ беобрӯям карданд”.
Номбурда гуфт, фарзандонаш тавассути Русия ба Сурия рафтаанд: “Фикр мекардам, ки онҷо кор карда, зиндагии моро хубтар мекунанд. Чанд бор вақте хабари ба Сурия рафтани ҷавононро мешунидам, мегуфтам, ки боз беақлӣ карда ба онҷо наравед. Аммо писарам мегуфт, ки ҷиҳоди ман туӣ, ман куҷо меравам? Аммо фиреб доданд”.
Як манбаъ аз мақомоти қудратии ҷамоати ба номи Сайидқул Турдиев ба “Озодагон” гуфт, бино ба иттилои дарёфтӣ, 17 сокини ин ҷамоат дар Сурия қарор доранд. Саидбек ЮнусовДухтар ва келини Салом ЮнусовЮнуси СаидбекАбубакри шашмоҳаПисарони Саидбек
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |