Бахшҳо

Баҳси мизоҷ бо “Мегафон” барои 56 дирам то Президент расид

Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаро муваззаф кардааст, ки ба баҳси Бадриддин Сафаралиев, сокини ноҳияи Ҳисор бо ширкати “Мегафон” барои 56 дирам расидагӣ кунад.

Сафаралиев, як мизоҷи “Мегафон” аз ноҳияи Ҳисор иддао дорад, ки ширкат 20-уми майи соли ҷорӣ аз суратҳисоби телефонаш 56 дирам барзиёд гирифтааст. Ӯ мегӯяд, симкорташ қаблан дар нархномаи “Белимити ҳақиқӣ” будааст ва ҳамарӯза аз ҳисобаш 56 дирам пардохти абонентӣ мегирифтаанд, аммо: “Азбаски ҳамарӯза 56 дирамӣ мегирифтанд, ман ба ширкат занг зада, гуфтам, ки тарофаамро дигар кунанд. Аз ин пештар барои интернети якмоҳа ба телефонам пул гузаронда будам ва барои фаъол шуданаш 3 сомонии дигар пардохт кардам. Вақте гуфтам тарофаамро дигар кунанд, 56 дирам аз тарофаи қаблӣ ва 56 дирами дигар барои пайваст кардани тарофаи нав гирифтанд. Намедонам боз барои чӣ 56 дирами иловагӣ гирифтанду телефонамро қарздор карданд. Дар натиҷа ман натавонистам рӯйхати дорухатҳоямро ба Русия фиристам. Аз ширкат ба ман гуфтанд, ки айб дар техника аст, вале чаро техника ба манфиати муштарӣ нею ба фоидаи ширкат кор мекунад?”.

Дар посухи расмии “Мегафон” ба Сафаралиев омадааст, ки дар доираи тарофаи “Белимити ҳақиқӣ” 19 май соати 00:31 аз ҳисоби ин мизоҷ 56 дирам пардохти абонентӣ гирифта шудааст: “Аз сабаби он ки дар суратҳисоби Шумо 0,01 сомонӣ буд, пас аз гирифтани пардохти абонентии ҳаррӯза дар ҳаҷми 0,56 сомонӣ шумо 0,55 сомонӣ қарздор шудед. Дар сурати мавҷудияти қарз дар тавозуни муштарӣ хизматрасониҳои асосӣ дастнорас мешаванд. Бинобар ин 20.05.2016 дар соати 00:00:00 пардохти абонентии ҳаррӯза барои санаи 20 май тариқи пешпардохт аз тавозуни қарзии суратҳисобатон гирифта нашуд, то ки қарзи Шумо боз ҳам зиёд нашавад. 20-уми май соати 14:03 Шумо пардохтро дар ҳаҷми 2,91 сомонӣ анҷом додед ва тамоми хизматрасониҳо фаъол шуданд. Соати 15:20 дақиқаи 20-уми май шумо нархномаи “Белимити ҳақиқӣ”-ро ба нархномаи “Хуш омадед 2016” иваз кардед. Системаи иттилоотии биллингӣ ба таври автоматӣ аз рӯи нархномае, ки ивазкунӣ анҷом дода шуд ва мувофиқи нархномае, ки муштарӣ ба он гузашт, азнавҳисобкунии пардохти абонентиро амалӣ мекунад ва аз рақами Шумо пардохти абонентии ҳаррӯза ба маблағи 56 дирам гирифта шуд”.

Сафаралиев мегӯяд, гарчанде ширкат ба ӯ 100 мегабайт интернет ва 100 дақиқа ҳамчун ҷуброн додааст, ӯ муътақид аст, ки 56 дирамро аз ӯ барзиёд гирифтаанд ва барои таъмини адолат то додгоҳ хоҳад рафт. Ӯ мегӯяд, аз гирифтани 56 дирами барзиёд зарари зиёд дид: “Ман беморам ва бояд бо табибе дар Русия дар тамос шуда, дорухатҳоямро ба ӯ равон мекардам, аммо дар вақти лозимӣ ширкат аз ҳисоби ман маблағи иловагиро гирифта, телефонамро қарздор кард”.

Аз Хадамоти алоқа нахуст ба Сафаралиев гуфтаанд, ки наход барои 56 дирам ба Президент нависӣ, аммо баъдан ӯро имрӯз, 4-уми июл ба ин ниҳод даъват кардаанд. Ӯ гуфт, дар Хадамоти алоқа ӯро Илҳом Атоев, муовини сардори ин ниҳод қабул карда, изҳор доштааст, ки барои шарҳи қазия ба ширкати “Мегафон” нома ирсол кардаанд. Дар Хадамоти алоқа гуфтанд, ки то ҳол посухи Мегафон наомадааст ва дар сурати дастрас шудани мактуб Сафаралиевро хаттӣ ё ба воситаи телефон хабардор мекунанд.


Баҳси мизоҷ бо “Мегафон” барои 56 дирам то Президент расид


Баҳси мизоҷ бо “Мегафон” барои 56 дирам то Президент расид


Баҳси мизоҷ бо “Мегафон” барои 56 дирам то Президент расид
Мӯҳр
Бадриддин
3_ сомони маблаг супоридам аз бас ки тарофаам хамаруза 56_ дирам пардохти абоненти мегирифт ва_55 дирами дигар карздор буд баьди пардохтам карзи доштаамро ва он руза пардохти абоненти 56 дирамро гирифт,аз сабабе ки гуфтугуи телефон бо гуфти духтурон кам бояд менамудам.бо ерии мутахасиси Мегафон тарофаамро ба ивази 1.53 дирам иваз намудам.Баьди хамаи ин бояд дар суратхисобам 0.27 мемонду ман аз интернет ки мегабайт доштам истифода мебурдам. Ширкати мегафон маро —29 дирам карздор намуд.яне 0.56 дирами маро нохак гирифта ба ман зарари калон расонид.

Нои
Ақли бюрократро бинед " наход барои 56 дирам ба Президент нависӣ". О агар шумо кор накунед, мардум додашонро дигар ба кӣ гӯяд?!
Шарм доред камакак!

шухрат
Э канд зан!
Халол карди хакта!

takie vorovstva osobenno u tcella ochen populyarnie.

хайрон
Боварам намеояд барои 56 дирам чавоби аризашро гардондабошан аз дастгохи призидент.Як муйсафед ба емаили ма ду бор бадастгохи президент ариза навист чавобош наомад

Ин шахрванд хукук дорад,ки оиди чуброн намудани зарари модой ва махнави инчунн манфиати аз даст рафтааш ширкатро ба суд дихад , сад фойе бурда мекунат

Оффарин бародари азиз, Точик бояд анахаминхел фарди хакикатчу бошад. ахсан ба шумо. Бояд хамаи мо ибрат гирем, аз ин рафтори адолатчуёнаи шумо

Чунин майдадуздихо дар хама ширкатхои алока чой дорад."Катра катра чамъ шавад-дарё шавад"

аз ман чан маротиба ширкати билайн пул гириф занг мезанам ба гардан намегиран доказат кардам ба хап шишт гуфт кори техники

Бадриддин
Андози аксизе ки аз тарафи давлат мукарар шуд ширкатхои мобили аз хисоби муштариен 05% зиед барои зангхои баромад маблаг мегиранд.Боз болои ин хама аз тамоми муштариен 80 дирам пардохти абоненти мегиранд.Бо хамаи ин ширкат каноат нанамуда руирост аз сурат хисобат маблаг бо бахонахои техники м............

рабеуло
ин чо чои ифтихор нест - ин ахвол шармандаги аст
ягон орган кор намекунад - хама мактуб бояд ба президент равад
кучо шуд зидди монополия? кучо шуд дигар органхо?
онхо ба ки даркор агар кори худро накунанд?

Ҳақиқат
Бобоҷон шумо бисёр чизора намедонед. Тақдири одамоне ки бегуноҳ ҳастанд ба ҷои гунаҳгорон рафта кунҷи турма солҳо нишастаанд даъвоҳои онҳо садҳо маротиб муроҷиат карданд бе ҷавоб ва ба Президент намерасад магар аз шумо мерасад. ки тақдири писарони ноболиғ си олу чил сол паси панҷара мешинанд. вой бар ҳоли онҳо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)