Бахшҳо

Даргузашти Субҳони Саид, овозхони шинохтаи тоҷик

Субҳони Саид, хонандаи маъруфи таронаҳои эстрадӣ дар синни 56 даргузашт.

Бино ба иттилои наздикони Субҳон, ӯ баъд аз зуҳри рӯзи гузашта, 4 июл баъди панҷ рӯзи дар беморхона бистарӣ будан, аз дунё чашм пӯшида, маросими ҷанозааш соати 11:00-и имрӯз дар ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор баргузор мешавад.

Субҳон Саид аз ҳунармандони номошно ва пурмухлиси тоҷик буд, ки солҳои охир аз бемории қанд ранҷ мебурд ва бар асари ин беморӣ як пойи худро ҳам аз даст дода буд.

Субҳони Саид чанд соли ахир аз он шиква дошт, ки сурудҳояшро тавассути телевизионҳои давлатӣ намоиш намедиҳанд ва ба “руйхати сиёҳ””-и ТВ-ҳои давлатӣ уфтодааст.

Субҳони Саидро да баробари дигар ҳунармандони шинохтаи тоҷик аз қабили овозхонҳое медонанд, ки мактаби ҳунарии худро дорад. Ӯ моҳи сентябри соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, аз соли 1983 овозхонӣ мекард. Маҷмӯи таронаҳояш дар 10 албом гирд оварда шудаанд, аммо гуфта мешавад, сурудҳоеро, ки дар бистари беморӣ хондааст, ду албоми дигарро пурра хоҳанд кард. Субҳони Саид фаъолияти ҳунарияшро аз ансамбли "Ганҷина", зери раҳбарии Зафар Нозимов оғоз кардааст. Баъдан баробар бо Кароматуллоҳи Қурбон фаъолияташро дар эстрада идома дод. Баъди қатли Кароматуллоҳ аз соли 1992 то соли 2008 раҳбари ансамбли эстрадии "Гулшан" буд. Дар солҳои аввали раҳбарии вай, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Субҳон тавонист, ки "Гулшан"-и маъруфро дигарбора фаъол намояд. Солҳои 2002-2003 Субҳон дар се давраи озмуни хонандагони эстрада ғолиб омада, "Ситораи сол" эътироф гардид. Моҳи июни соли 2011 вазорати фарҳанг ба Субҳони Саид ҷоизаи "Беҳтарин сарояндаи эстрада"-ро сазовор донист.

Бо вуҷуди солҳоии тӯлонӣ овозхонӣ кардан ва як овозхони муваффақе эътироф шудан ба гуфтаи шогирдони мактаби ҳунариаш унвон ва ҷоизаи давлатиеро надошт.
Мӯҳр
Сорбони Ошик.Нева
Во хасрато!Имруз дар Россия иди мохи арифи рамазонро кайд мекунанд.Баьд аз намози ид,аз ин фочиа бохабар шудам.Дар арафаи иди бузурги шарифи рамазон Субхон ин дунеро тар намуд.Чон ба хак таслим кард.Хеле муттаассир ва гамгин шудам.Бисер хам мехостам,бародари муслимине ба чои ман дасти худро ба як гушаи тобути у расонад,яьне даст ба тобути Субхон аз чониби Сорбони гариб,хело андухманд гаштаам.Дар 56-солаги фавтидани инсон....албатта ин умри дароз нест...аллох чояшро чаннат гардонаду рухаш шод бошад.
Баьди сари пуршуреву талоши зиндагиву ишк,
Дигар чунин Субхони ошик наояд,
Омухт ба мо накхату гавхаршарари ишк,
Ашк аз дидаи Сорбони Ошик барояд.

Ба ахли байти эшон аз даргохи Худованд сабри чамил хохонем. Мардуми шарифи шахру дехоти Панчакент мухлиси овозхони хушсадо Субхон Саидов буданду хастанд ва аз рафтани ин ситораи дурахшон хеле андухгин шуданд.Чоятон чаннату хонаи охирататон обод бошад сарояндаи нотакрор Субхони Саид... Бо эхтиром кормандони шуъбаи фарханги н.Панчакент

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)