Бахшҳо

Э.Раҳмон: Иди Фитр рамзи барҷастаи шукрона аз неъматҳои истиқлолияту озодӣ ба шумор меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ мусалмонони кишварро бо Иди саиди Фитр шодбош гуфтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, дар ин паём аз ҷумла гуфта мешавад, ки моҳи мубораки Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои бисёр муқаддаси мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ - сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд: “Мардум дар рӯзи ин иди муборак ба анҷоми амалҳои хайр даст мезананд, аз ҷумла ба аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд ва ба хешу наздикон саломативу хонаободӣ, бахту саодат ва ба ҷомеаву давлати худ суботу оромӣ орзу мекунанд”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, одамон иди саиди Фитрро баъди иҷрои яке аз фаризаҳои ислом - рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо нияти нек истиқбол мегиранд ва кушиш мекунанд, ки хурсандии идона насиби ҳама бошад ва файзу савоби он низ ба ҳама баробар расад: “Зеро Худованд пас аз як моҳи имтиҳону омурзиш ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи хурсандиву шодӣ ва шафқату меҳрубонӣ муқаррар кардааст. Моҳи Рамазон рамзи ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа буда, дар масири садсолаҳо дар амри тақвияти эҳсоси дӯстиву бародарӣ, эҳтирому самимият ва ҳамбастагиву ҳамраъйӣ дар байни мардум нақши арзишманд бозидааст”.

Президенти кишвар дар идомаи паёми худ гуфтааст, “дар ин рӯзи саид аз Парвардигори олам барои мардум ва кишвари худ оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровониро талаб намудан, нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии ҳамдигар ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми мусулмони мост. Аз ин рӯ, ҳар яки мо ҳамчун пайравони дини поку мубини ислом, бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон сулҳу субот, амнияту ободӣ, рушди устувор ва барои мардуми он хушҳоливу хушбахтӣ ва зиндагии орому осударо сидқан орзу намоем. Ва ба даргоҳи Худованд дуо кунем, ки то моҳу иди Рамазони дигар кишвари биҳиштосо ва мардуми шарифи моро дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид кардааст, расидан ба қадри неъмат ва ба ҷо овардани шукронаи он аз ҷумлаи фазилату ҳикматҳои ҷовидонии фарҳанги милливу динии мардуми куҳанбунёди мо мебошад: “Яъне ҳамаи маросиму ойинҳои миллии мо, ба шумули иди саиди Фитр бароямон рамзи барҷастаи шукрона аз неъматҳои истиқлолияту озодӣ, сулҳу субот, оромиву ободии кишвар ва аз рӯйи имону эътиқод дӯст доштани Ватан ба шумор мераванд. Дар ҳақиқат, бузургтарин дастоварди миллату давлати мо, ки албатта, сазовору арзандаи ҳама гуна шукргузорӣ ва қадршиносист, истиқлолияту соҳибихтиёрӣ мебошад. Зеро маҳз ба туфайли он халқи Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки Ватани хешро бо дасти худ ва бо заҳмати софдилонаи хеш обод гардонад”.
Мӯҳр
Ношукр
Боз хами калимаи шукрона? О ягон майда пауза мегиран ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)