Бахшҳо
05 июл 2016 10:01Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Слутский: Тоҷикистон беш аз ҳар кишвари дигар барои вуруд ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё талош мекунад

Леонид Слутский, раиси кумитаи умури Иттиҳодияи давлатҳои мустақили парлумони Русия муътақид аст, Тоҷикистон ба зудӣ майли пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро эълом мекунад.

Ин мақоми Думаи Русия дирӯз, 4 июл гуфтааст: “Тоҷикистон беш аз ҳар кишвари дигар барои ин иқдом талош мекунад”. Аммо ӯ ба дунбол изҳор дошта, ки “ин интихоби як кишвари соҳибихтиёр мебошад. Мо касеро ба худ намекашем”.

Ба гуфтаи Слутский, агар кумитаи Иттиҳодия аризаи расмиро аз Тоҷикистон қабул кунад, “барои амалӣ шудани он фикр мекунем”.

Лента.ру аз қавли раиси кумитаи умури Иттиҳодияи давлатҳои мустақили парлумони Русия гуфтааст, ҳоло иқтисоди Тоҷикистон барои вуруди комили ин кишвар ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё иҷоза намедиҳад. Ин мақоми парлумонии Русия ҳамчунин таъкид кардааст, пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодия ба пешрафти иқтисоди он ва оддисозии чандин масоили муҳоҷират мусоидат мекунад.

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё созмони байналмилалии иқтисодӣ мебошад, ки кишварҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ба он пайвастаанд. Қарордоди таъсиси он соли 2014 имзо шудааст.
Мӯҳр
Mahdi
Ако Леонид фикрам накунед мешад мо мардуми точик ба ин созмони бофтаву сохтаи шумо бо фиреби он ки масъалаи мухочират ва иктисодии мо мусоидат мекунад бовар надорем. гуфти хдатон так что отдыхайте^^

Хоркаш
Мечтать не вредно, господин Слуцкий.

Икбол
Ба mahdi ва хоркаш

Агар хами Россия набоша кайхо ай афгонистона бадтар мешд ва ай гушнагира мемурди хамат

Мардикор аз россия
Бароддархои гироми барои чи мо тарафи россия санг мепартоем холонки хаштод фоизи халк зиндагиаш аз хисоби россия аст мумкин шумо чои кори хуб доред локин зийода аз як милиона фаромуш накунед инхо дар инчо барои гирифтани патент сиюпанч точилхазор рубл дар як вакт ва то охири сол дар баьзан шахрхо чор ва баьзе дигараш хашт хазор хармоха пардохт мекунанд ина хисоб кунед ки чткадар маблаг бафоидаи россия мемонад

москва
Бародаро мехохед намехохед Точикистона зада зада медароранд чихел фахмидед.

Чумхурии Белорус низ дар ин созмон аьзо мебошад .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)