Суғд: 5 ҳазор сомонӣ барои адрасбофи беҳтарин
Дар шимоли Тоҷикистон озмуни “Адрасбофи беҳтарин” баргузор мешавад. Ғолиби он соҳиби 5 ҳазор сомонӣ хоҳад шуд.
Аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ин озмун бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адрас, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии адрасбофӣ баргузор мешавад. “Озмун аз бахшҳои зерин иборат аст:
- бофандаи моҳир (ҳар чӣ бештар бофтани адрас дар давоми 1 соат, 3 ҷой дар алоҳидагӣ);
- сифати беҳтарини адраси дастӣ (3 ҷой дар алоҳидагӣ);
- нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастӣ (3 ҷой дар алоҳидагӣ);
- адрасбофи беҳтарин (Шоҳҷоиза)”.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳунарманде, ки Шоҳҷоизаро дарёфт мекунад, бо 5 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуда, дар бахшҳои дигар ғолибон аз 1 то 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |