Бахшҳо

Иқрори ноиби сархатиби масҷиди марказӣ: Аз хориҷ пул мегирифтам

Орифҷон Эргашев, имомхатиби пешини масҷиди ҷомеи “Тақво” ва ноиби сархатиби масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шимоли Тоҷикистон ихтиёран ба мақомоти милиса таслим шудааст.

Тибқи иттилои раёсати умури дохилии вилояти Суғд, Эргашеви 43-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, баъди боздошти шариконаш бо иттиҳоми узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ба хориҷ фирор кард. Аммо дар пайи огоҳӣ аз сабукӣ барои пушаймоншудаҳо ихтиёран ба мақомоти милиса таслим шуда, узвияташро дар созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” иқрор кардааст.

Бар асоси гузориши видеоии раёсати умури дохилӣ Эргашев мегӯяд, замони таҳсилаш дар хориҷ аз соли 1993 то 2001 ба “Ихвон-ул-муслимин” пайваста, маблағи муайян ва иҷорапулӣ мегирифтааст.

Ӯ мегӯяд, давоми қариб 15 сол тайи фаъолияташ ба ҳайси мударриси мадрасаи шаҳри Хуҷанд, имомхатиби масҷиди ҷомеи “Тақво” ва ноиби сархатиби масҷиди ба номи Шайх Муслиҳиддин ба тарғиби ғояҳои “Ихвон-ул-муслимин” машғул будааст: “Аз хориҷ дастуру супоришҳо медоданд ва боз ҳисобот талаб мекарданд. Мақсадашон ташкили давлати исломӣ буд”.

Ба гуфтаи собиқ ноиби сархатиби масҷиди марказии вилояти Суғд ӯ ҳар сол аз хориҷ 3-4 ҳазор доллар мегирифт: “То 10 сар чорво харида, дар идҳо хайру қурбонӣ мекардам. Баъде, ки дӯстонамонро боздошт карданд, ман гурехта рафтам. Фаҳмидам, ки Вазорати умури дохилӣ барои таслимшудаҳо сабукӣ медиҳад ва омада таслим шудам”.

Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эргашев бо назардошти сабукиҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ идома дорад.
Мӯҳр
ислом
Ин гапхо хамаашон дуруг АСТ . Боз як спектакли нав ха ха ха . боз чи накша дошта бошан

шахрванд
Менависед, ки аз хорич пул гирифтааст. Хами хорич кучо бошад а? Як чизро ки навистед пурра нависед. Ошкор кунед ин хоричро.

Ой ягон гунохи вазнин ё чинояте содир накарда бошед бо кадом хотир мегурезед?
Магар аз хамин "демократия" -и хозира Исломи бехтар нест?

точикистони нав
вкд ягон вакт сухани рост нагуфтааст озодагон наход ту бовар куни

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)