Паёми табрикии муфтӣ, муовини раиси МТС ва имомхатиби масҷиди "Қазоқон" (ВИДЕО)
Фардо, 6 июл дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр таҷлил мешавад.
Мусалмонон Иди Рамазонро бо адо кардани намози ид, ки дар тамоми масоҷиди кишвар соати 6:30-и субҳ оғоз мешавад, шурӯъ хоҳанд кард. Баъзеҳо сари қабри наздикону пайвандонашон рафта, бо қироати ояҳои Қуръон дар ҳаққи онҳо дуо мекунанд. Аёдати пирону барҷомондаҳо ва хайру эҳсон аз бахши муҳими ин ид аст.
Дар як паёми видеоӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Қобилҷон Боев, имомхатиби масҷиди ҷомеи "Қазоқон" Иди Фитрро ба мардуми кишвар табрик гуфтанд:
КОРМАНДОНИ ГУРУҲИ РАСОНАҲОИ “ОЗОДАГОН” КУЛЛИ МУСАЛМОНОНИ ТОҶИКИСТОНРО БА РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР ШОДБОШ ГУФТА, АЗ ХУДОВАНДИ КАРИМ ТАЛАБИ САОДАТМАНДӢ ВА НЕКНОМИИ ОНҲОРО ДОРАНД!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |