Бахшҳо

Нархи сабзӣ 7 баробар боло рафтааст

Сабзӣ, ки тибқ иттилои расмӣ моҳи феврали соли равон ҳудуди 30-40 дирам нарх дошт, имрӯз 9-уми июл дар Душанбе ҳар килои он ба ивази 3,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз бозори “Шоҳмансур” дар маркази шаҳри Душанбе хабар дод, сабзӣ камёфт шудааст. Ба иттилои манбаъ савдогарон як килои сабзиро ба ивази 3,5 сомонӣ фурӯхта, изҳор доштанд, ки нархаш дар бозорҳои дигар боз болотар аст. Тоҷирони “Шоҳмансур” ба “Озодагон” сабаби болоравии нархи сабзиро ба воридоти ками он ба бозор рабт доданд: “Имрӯз ба бозор танҳо як мошини “Форланд” ворид шуд, ки мо худамон ҳар килои онро бо нархи 3,2 сомонӣ харидем”.

Тоҷирон афзуданд, воридоти сабзӣ аз Хатлон ва дигар навоҳии тобеи марказ кам шудааст: “Ҳоло бо оғози воридот аз Суғд, махсусан аз Истаравшан нархи сабзӣ метавонад дубора поён равад”.

Талабшоҳ, як харидор мегӯяд, аввали хафтаи равон як кило сабзиро 1,5 сомонӣ харида буд: “Дар муддати 4-5 рӯз якбора нарх боло рафт”.

Ин дар ҳолест, ки моҳи феврали соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон нархи сабзиро, ки дар Душанбе як килои он ба ивази 1 сомонӣ фурӯхта мешуд, қимат хонда буд. Он замон хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дода буд, ки тоҷирону миёнаравҳо 3-4 килои онро аз замин бо нархи яклухти 1 сомонӣ мехаранду дар бозорҳои пойтахт ҳар килои онро ба ивази 1 сомонӣ мефурӯшанд. Дар иттилоия таъкид шуда буд, ки “ин ҳолат тайи рӯзҳои охир мавриди таваҷҷуҳ ва нигаронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт”.

Дар пайи нигаронии Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, бо имзои як қарор раиси бозори “Саховат” Давлаҳмад Саидовро аз мақомаш барканор карда, ба роҳбарони дигар бозорҳо огоҳӣ дода буд.
Мӯҳр
Хонанда
Афсус, ки акл сабзи нест, ки... winked

Сабзиро газабаш омадаст чун,ки мо иди сабзиро чашн намегирем))))

Нархи сабзи не нафси раиси ин бозор 10 баробар боло рафтааст.

салмони хуросони
вакте сабзи 25 дирам буд бояд дар фикри нархи пасташ мешудему барои дехконон пикр мекардем. охир нархи пасти махсулот зарба ба истехсолкунанда аст. шавку хаваси дехконро мекушад, журналистони камсавод бояд дар бораи иктисодиету нарх нанависанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)