Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 18:05

Барканории раиси бозори "Шоҳмансур" ва директори Боғи ҳайвонот

11 июл 2016, 17:00

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 11 июл фаъолияти раҳбарони бозорҳои коммуналии пойтахтро нокифоя хонда, Бахтиёр Лақаев, директори КВД “Бозори Шоҳмансур"-ро аз мақом барканор кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев зимни натиҷагирӣ аз тадбирҳои роҳандозинамудаи шаҳрдорӣ оид ба ғанигардонидани бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон, фаъолияти директорони бозорҳои коммуналии шаҳрро нокофӣ арзёбӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Убайдуллоев инчунин "барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти корӣ" Қурбон Одинаев, директори Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонти шаҳри Душанбе”-ро низ аз вазифа озод кардааст.

Барканории раиси Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе дар пайи ҳалокати як шери ҳафтсола ва як хирси панҷсола сурат мегирад. Бино ба иттилои расида, ин ду ҳайвон рӯзҳои 12 ва 13 июн ба ҳалокат расидаанд.

Дар акс Бахтиёр Лақаев


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зик нашавед, мухтарам директорон! Боз баъди чанд муддате Раиси шахр ягон вазифаи дигарро ба шумоен медихад. Ин Бори аввал нест, ку.... Мардум хамаашро медонанд ......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Лакаев Фархори хамшахрии Убайдулоев аст. Ягон чои дигада мемонануш кор мекунад. Ино чой иваз мекунанд. Ман гуфтам озодагон ина бади чоивазкуни боз чоп кунед. Ин санги сиёх аст ва хечгох хор намешад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро ягон визиру Раиса хароб нест хозир???

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!