Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 23 апрел 2017, 20:51

Кумитаи амният: Тулешов сенарияи солҳои 2005-2010-и Қирғизистонро роҳандозӣ карданӣ буд

12 июл 2016, 09:21

Руслан Карасев, намояндаи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфтааст, Тохтар Тулешов, тоҷири қазоқ қасд доштааст, сенарияи солҳои 2005 ва 2010-и Қирғизистонро дар кишвари худ роҳандозӣ кунад.

Тулешов 30 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Шимкент боздош ва дар талош барои табадулоти давлатӣ мутаҳҳам шуд. Карасев дар ҷамъи хабарнигорон гуфтааст: “Тохтар Тулешов барои амалӣ кардани ҳадафи худ барои гирифтани қудрат хостааст авзоъи кишваро ноором кунад. Ба ҳамин мақсад ӯ ҳодисаҳои солҳои 2005-2010-ро ба хубӣ омӯхта, мавод ва санадҳо, аз ҷумла рафтан ба Қирғизистонро ҷамъ кардааст”.

Намояндаи Кумитаи амнияти Қазоқистон ҳамчунин гуфта, Тулешов бовар доштааст, ки дар шимоли кишвар гуруҳҳои норозӣ вуҷуд доранд ва метавон аз онҳо истифода кард. Ба гуфтаи ин мақоми амниятии қазоқ, Тулешов азм доштааст, ҳукумати феълиро таҳдид кунад ва ба мақоми ёвари раисиҷумҳур даст ёфта, ба қудрат бирасад. Ба гуфтаи Карасев, осноде вуҷуд доранд, ки бар пояи онҳо Тулешов ҳанӯз аз соли гузашта омодагӣ дидааст: “Тулешов дар охири соли 2015 ба сокинони Атирау пули ҳангуфт додааст, ки далели эътирозоти моҳи апрел шуданд. Тулешов ҳамчунин аз дохили боздоштгоҳ аз тариқи нафарҳои наздик ба худ талош кардааст, дар шаҳри Сариагаши вилояти Қазоқистони ҷанубӣ бетартибиҳо ташкил кунад”.

Карасев афзудааст барои расидан ба ин ҳадаф Тулешов қасд доштааст, ҳазор нафарро ба майдон даъват кунад ва ба ҳар кадоми онҳо 100-200 доллар бидиҳад: “Баъдан хостааст дар майдони марказии Сариагаш хаймаҳо дуруст кунад. Ҳамзамон талош кардааст барои ворид кардани тағйир ба қонунгузории феълӣ омодагӣ бигирад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!