Бахшҳо

Пешниҳоди Кумитаи дин ба Президент барои тағйирот дар маъракаҳои азодорӣ

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба Президент пешниҳод кардааст, ки тартиби гузарондани маъракаҳои азодорӣ дар кишвар тағйир дода шавад.

Фаррухулло Олимов, сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ имрӯз, 12-уми июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз ҷониби кормандони соҳа ва коршиносон пешниҳод гардид, ки минбаъд маъракаҳои азодорӣ танҳо бо хондани дуо гузаронида шавад: “Пешниҳод шуд, ки минбаъд маъракаҳои азодорӣ бо дуову фотеҳа бидуни додани таом гузаранд. Мо ин пешниҳодро дар шакли гузориш ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ирсол кардем ва феълан омӯзиш идома дорад”.

Олимов гуфт дар бисёри кишварҳои ҳаммазҳаби мо ва Эрон маросимҳои дафну азодорӣ бе додани таом гузаронида мешаванд.

Ба иттилои Олимов ҳамчунин пешниҳодҳо дар мавриди иваз кардани вақту соати маъракаҳо дар фасли тобистону зимистон мавриди баррасӣ қарор дорад: “Азбаски зимистон зуд торик мешавад пешниҳод шуд, ки оғози маъракаҳо аз соати 18 ба 17 гузаронида шавад”.
Мӯҳр
Мухтарам масъулин ! Агар рузхои иди рамазону курбонро хам бе оро додани дастархони миёншикан пешниход менамудед, ачаб коре мебуд.
Аз тахсуби ин занакои точика,ки дастархони ки чи хел оро дода мешавад ба чон расидаем. Шояд ханотони бозорхо хам нарххоро ба осмон набардоранд. Як мохи дигар баъди ид ба худ намеои. Манзурам он бечорахое, ки бо маош рузгорашонро пеш мебаранд. Шахсан ман ними он харочотро ба бенавое медодам.

хонанда
Садриддин,
ман хам.падаратба рахмат.

Фуркат
Бисер пешниходи хуб.. Барвакт бояд пешниход мекардед. То кудакхо чавонон хама панчшанбехур шуданд..бовар кунед коматамон каме рост мешавад.

Чумхурии хаммазхаби шумо Эрон???
Бо шумо хаммазхаб аст на бо Точикон!!!

Одам
Маъракахои азодори факат дар Точикистон мисли туй мегузарад, дар сари миз ананасу колаю банан ва хоказо. Фикри ман чунин аст ки тамоман додани таомро маън карда шавад. Магар одамон барои таомхури меоянд ё изхори хамдарди?

Мухтарам масъулин! Хуб мешуд, хангоми зиерати Хочиен додани чойнамозу тасбех, аракчину дигар майда чуйда манъ карда мешуд. Хама медонанд, ки ин борхоро аз Корвон мехаранд, аммо агар ба мардум надихи, мардум механданд. Ман агар 20 хазор сомон барои сафари Хач сарф кунам, мачбурам, ки 20 хазори дигар барои зиефату додани тухфахо сарф намоям. Илтимос Чоп кунед!!!

Бо ин пешниҳодҳо расму оини миллӣ бадтар аз байн намеравад магар?

Садриддин,
ту аз ҳами гапой гуфтагит изо намекаши бародар агар пул надори чени пулат бихар пас мардумро нарас ман шахсан чени пулам мехарам аз ҳамай чиз ним килоги мегира факат ҳамиш мондас дас нозада биё ҳамияшамро бандем пас чи гап мешава АЗ АЛЛОҲ битарсен

Носкаши 1
Мегум руз ба руз хокзанхо бисер шуда истодаанд. Кадом яктаи инба вазифа мерасида бошад

Darvesh
Muhtaram! Ironiho digar milat va digar mazhab dorand!!!! Farhangi mardumi tojikro yagon vaqt bo digar millatho tashbeh nadihed!!!! SHUMO KI BA IN VAZIFA MONDAAST MO DAR HOLATO SHOKKKKKKKKK!!!!

Бародар ! Гап сари ту намеравад. Мумкин шароитат барои оро додани дастархони нимкилоиат расад ! Агар Худовандро хуш ояд исрофкориат пас ихтиёрат.Агар дасти фитодаеро мегирифти аз хамон хариди нимкилоият, савобаш зиёдтар мебуд.

Сулаймон
Мухтарам масулин! фикри ман инаст, ки то ин вакт маросимхо кам зиёд гузаштан имруз шумо масул шудед, мехохед бо ин пешниход худро ширин кунед, ин аз падару бобо калонхо омадагияй касе дора мена нодор мехура, касе надора калон нахура доштагихо аз номуса мажбур менан агар ин пешниход кабул шавад, ин бурди сер пуло мешавад, икаи хайру худоие мекунан. халос бо гушна камбагал! мемона.

мусофир
БАРОДАРОНИ КУМИТАИ ДИН ...ИН МАЪРАКАХОИ АЗОДОРИ АЗ БОБОВУ БОБОКАЛОНАМОН МОНДАГИ АСТ .....ЧИХЕЛ ДАР МАЪРАКААТ АЗ РОХИ ДУР БА ХОНААТ МЕОЯНДУ ...ОБ НОН НАДОДА ГУСЕЛ МЕКУНЕД..ИН ХЕЧ МУМКИН НЕСТ.....ВА БА МАЪЛУМОТАТОН МЕРАСОНАМ . КИ АЗ РУЗЕКИ ТАНЗИМ ЧОРИ ШУД ....БАРАКАТ ДАР ТАМОМИ ХОНАВОДА ПАРИДААСТ

Хамин чашнхои пурдабдабаро тамоман камхарч кардан даркор аст. Маршировкаро бархам додан даркор аст. Чилозим барои 40000-50000 хазор донишчу барои як-ду соат инкадар давутоз либосфармои хамаи инда. Миллионхо доллар сарфа мешавад чаро ягон рохбари хушомадгуи дарбори ба пешво мурочиъат намеквнад,ки хой рафик Так,сир хамин чашнхои пурдабдабаро биё бархам тием.

Бисёр пешниходи хуб,! умеддорам кабул шавад. Зеро то чои ба мо маълум аст дар бештари чунин маъракахо ихлос нест. Дар холеки ченин маърака бе ихлосу аз барои савоб фоидае надорад. Бовар кунед сохиби мйит бачои фикри майитро кунад дар хамму гамми омодаи хурок барои мардум аст. Дигар майитро вадар хакки у дуъову исоли савобро фаромуш мекунанд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)