Бахшҳо
14 июл 2016 15:52Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Президент худдории Абдуллозодаро аз сафар ба Рио дастгирӣ кард: Пул сарфа мешавад

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, барои сарфаи маблағи буҷаи давлат ба олимпиадаи тобистонаи Рио де Жанейро намеравад.

Абдуллозода имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин тасмими ӯро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дастгирӣ кардааст.

Ӯ афзуд, маблағҳое, ки барои сафари ӯ ва дигар масъулини Кумита пешбинӣ шуда буданд, ба рушди варзиши касбӣ аллакай сарф шудаанд ва қисмати боқимонда низ ба ин мақсад равона хоҳад шуд: “Кӯшиш мекунем, одамоне сафарбар карда шаванд, мураббӣ ва наздики варзишгар астанд”.

Абдуллозода ваъда дод, афроде, ки аз варзишу варзишгарон дуранд, ба сафари Рио де Жанейро пешниҳод нахоҳанд шуд.

Ин қарори Абдуллозода дар ҳолест, ки соли 2012 ҳайате, ки раиси қаблии Кумитаи ҷавонону варзиш бо худ ба олимпиадаи Лондон бурд, баҳсбарангез шуд. Аз ҷумла гуфта мешуд, ки Маликшоҳ Неъматов, раиси қаблии Кумита ва сафири феълии Тоҷикистон дар Олмон бо худ ба Лондон афродеро бурд, ки умуман ба варзишу варзишгарон рабт надоштанд.

Олимпиадаи тобистонаи Рио де Жанейро соли равон дар назар буда, аз Тоҷикистон дар он 7 варзишгар иштирок мекунанд.
Мӯҳр
Ташаббуси саривакти, дуруст аз тачрибахои пештара авлотар ва рухбаландкунанда аз хама асосаш ба манфиати варзиши Точикистон. Кобили дастгири. Ба варзишгарон дар Рио муваффакият!

Чазираги
Дар асл Ахтам Абдуллозода новобаста аз чавонтарин рохбарони хукумати феъли буданаш хирадмандии 100-соларо нишон медихад. Ин чавонмард барои рушди варзиш дар Точикистон корхои муфид карда истодааст, ки натичаи он баъди 10-сол ба назар мерасанд.

Хоркаш
Дар ҳақиқатан ҳам роҳбарӣ ба ин гуна ҷавонон мезебад!
Мутаассифона ин гуна роҳбарон дар ҳукумати имрӯза фоизии кам мебошанд.

Чазираги,
Э бача!!! Дар хакикат аз кадом чазира омадаи. "Итари бадам не даа"гуфти хаму киёмиддин чакалов

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)