Бахшҳо

Шарҳи садамаи маргбори 4 май: Ронанда бо телефон суҳбат доштааст (САДО+ВИДЕО)

Раёсати умури дохилии Суғд сабаби рух додани садамаи рӯзи 4 майро, ки боиси марги 3 нафар ва ҷароҳат бардоштани 2 кас шуд, "гуфтугӯ бо телефони мобилӣ" арзёбӣ кард.

4 майи соли равон, тахминан соати 16:30 дар сероҳаи кӯчаи Аминҷон Шукуҳӣ ва Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар рӯба рӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фирӯз Ҷалолов, ронандаи 35-солаи мошини «БМВ-530» 5 пиёдагардро пахш кард. Ҷалолов баъдан изҳор дошт, ки гӯиё мубталои «эпилепсия» аст ва замони вуқӯи садама он хуруҷ кардааст. Ашӯрбой Содиқов, сардори шӯъбаи тафтишоти Раёсати умури дохилии Суғд рӯзи 14 июл дар нишасти хабарии ин ниҳод дар посух ба суоли хабарнигори «Озодагон» дар ин бора гуфт, «мо дар вақти тафтишоти пешакӣ муайян кардем, ки сабаби асосии ба садамаи нақлиётӣ дучор шудани Ҷалолов ин гуфтугӯ бо телефонӣ мобилӣ мебошад».

Ба гуфтаи ӯ, Фирӯз Ҷалолов ба бемории саръ ё «эпилепсия» гирифтор аст, аммо ин намуди беморӣ ба касалиҳои руҳӣ мансуб намебошад. Манбаъ афзуд, феълан тибқи моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ павранда боз шуда, тафтишот идома дорад.



Тибқи як навори нашркардаи СМ-1 Фирӯз Ҷалолов дар ҳузури намояндагони мақомот изҳор доштааст, ки аз соли 2007 мубталои бемории эпилепсия мебошад ва ҳангоми рух додани садама беҳуш будаасту чизеро дар ёд надорад: «Вақте ба ҳуш омадам, атрофам одамони зиёд ҷамъ омада буданд».


Мӯҳр
Ба тамоми хонаводаҳои зарардида ва ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ мекунам.
Барои ин фоҷеа аввал ҳамон духтуре, ки барои ин шахс маълумотномаи тиббӣ додаааст, ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Агар ин шахс эппилепсия дошта бошад, рондани воситаи нақлиёт тамоман мумкин нест. Пас худ қазоват кунед. Кӣ ба вай шаҳодатномаи ронандагӣ додааст. Эппилепсикҳо бояд дар қайди бунгоҳҳои тиббии макони зист бошанд. Барои марги одамон ин баҳона шуда наметавонад. ҶАЗОИ САХТТАРИН БАРОИ ИН ҚОТИЛ ДОДА ШАВАД.

Саид, Кухистон
Албатта кор бе гирифтани ришва намешавад. Кадом макомоти тафтишотие, ки парвандаи чинояти нисбати ин чинояткорро мавриди тафтиш карор дода истода бошад, эхтиромона хохиш мекунам, ки ба чои хамин чабрдидахо шахсон ва пайвандони наздики худашро пеши чашм орад, ки ин ходиса гуё ба у шудааст ва хатман чинояткори содиркунандаи ин кирдорро чазои сангин дихад, ки макомоти суди ба у чазои пастро пешбини карда натавонад. Чун дар чанози баъзе ин шахсон банда иштирок дошт ва дар хамон шабу руз замину осмон хам мегирист. Илтимос хаму шахсои права додагиву дигарон хам пайдо шуда, ба чавобгари кашида шаванд. Озоди озодона чоп кун.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)