Русия: Боздошти як муттаҳам дар қатли муҳоҷири 31-cолаи тоҷик
Ҷасади як муҳоҷири тоҷик аз ҷойи кораш -- яке аз бӯстонсароҳои деҳаи Домодедовои шаҳри Маскав пайдо шудааст.
Аҳмади Иброҳим, сухангӯи Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, ҷасади Шералӣ Каримови 31-соларо ҳамсояҳои ӯ рӯзи 6 июн дарёфт кардаанд: “Ҷасадро ба сардхона мебаранд. Вақте наздикони марҳум мехоҳанд, онро бигиранд, кормандони сардхона мегӯянд, он бояд ташхиси тиббӣ шавад. Натиҷаи ташхис муайян кардааст, ки ӯро куштаанд”.
Ҷаноби Иброҳим афзуд, мақомоти Русия бо гумони қатли Каримов як нафарро боздошт кардааст, аммо ба хотири халал наёфтани раванди тафтишот аз ироаи маълумот дар бораи вай худдорӣ мекунад: “Бо мусоидати намояндагӣ ва кумаки ҳамсояҳои Шералӣ Каримов ҷасади ӯ 11 июл ба зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб фиристода шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |