Дар натиҷаи боридани боронҳои пайдарпайи шабонарӯзи гузашта ҳаракати нақлиёт дар ин ҷода масдуд гардидааст.
Тавре аз маҳалли ҳодиса ба хабаргузории «Озодагон» тариқи телефон иттилоъ доданд, обхезии шадид боис ба он шуда, ки дар минтақаи мавсум ба Сангову Кишти Шӯробод дарёчаи Хирманҷо аз соҳил баромадааст. Маҷрои рӯд ҳаракати нақлиётро манъ карда, мушкилоти мусофирон ва мошинҳои пурбор зиёд гаштааст. Бино ба қавли Азамшоҳ Қӯқаншоев, як мусофир, ки тариқи телефон бо мо дар тамос шуд: «Дар ин ҷо беш аз 70 мошини боркаш ва ҳудуди 55 нақлиёти сабукраву мусофиркаш дар ду ҷониби соҳил ҷамъ шудаанд. Мусофирони зиёде бо мушкилӣ ва сардӣ дар чойхонаи рустои Ёғук ба сар мебаранд, миёни онҳо пирону кӯдакон низ зиёд аст».
Ҳамсӯҳбатамон афзуд, мушкилоти мазкурро ронандаҳо шарҳ дода мегӯянд, чаро масъулини роҳ ва минтақа ба ҳоли мо бепарвоянд, гузашта аз ин касе парвои тоза кардани ҷодаро надорад? Ронанда ва мусофирон аз соҳиби як булдозер, ки дар рустои наздиктарин ба сар мебарад, хоҳиш кардаанд, ки ба онҳо кӯмак кунад, аммо ӯ ҳатто бо пешниҳоди мабалғи муайян розӣ нашудааст.
Ҳамакнун, мусофирону ронандагон дар интизории расидани кӯмак дар зери барфу борон ба сар мебаранд.
Мӯҳр