Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 21 май 2019, 20:02

Азми Аҳмадзода алайҳи заминфурӯшӣ: Ҷазои раис барои қонуншикании корманд ва нома ба ҳукумат

18 июл 2016, 11:32

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси навтаъини Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, алайҳи заминфурӯшӣ ва фасодкориҳо чораҳои ҷадид роҳандозӣ кардааст. Ӯ яке аз мушкилоти асосии соҳаро харидуфурӯши замин гуфта, афзуд барои ҳалли ин мушкил ҷиддӣ машғул хоҳад шуд.

Аҳмадзода имрӯз, 18-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои ҳар фасодкории кормандони ниҳоди тобеяш бевосита роҳбараш низ ҷазо мегирад. Ӯ гуфт, шахсан ба тамоми роҳбарони навоҳии кишвар мактуб навишта, хостааст, ки фаъолияти раҳбарони ҷамоату шаҳракҳоро зери назорати пурзӯр гиранд.

Аҳмадзода илова намуд, ки бо Вазорати корҳои дохилӣ мувофиқа кардааст, ки агар нозирон дар навоҳии кишвар сохтмонҳои ғайриқонуниро дар заминҳои обӣ бинанд, ба мақомоти идораи замин хабар диҳанд. Кумитаи идораи замин бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки барои сарфаи замин дар навоҳии кишвар сохтмони биноҳои бисёрошёна роҳандозӣ карда шавад. Раиси ин ниҳод гуфт, феълан бо 12 ҳисса метавон ду оилаи ниёзмандро бо замин таъмин кард, аммо дар сурати бунёди биноҳои бисёрошёна дар 12 ҳисса метавонанд то 42-48 оила ҷой гиранд.

Раиси Кумитаи идораи замин гуфт, бархе аз мансабдорону қаллобон ба боварии мардум даромада, ғайриқонунӣ замин мефурӯшанд: "Чунин ҳолатҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳисор, Спитамен ва дигар ноҳияҳо ба қайд гирифта шудаанд ва ҳатто роҳбарони ҷамоатҳо даст ба заминфурӯшӣ задаанд".

Манбаъ мегӯяд, тайи нимсолаи аввали соли равон 7 ҳазору 24 ҳолати вайронкунии замин ба қайд гирифта шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хайрон мешавам, бад ин рохбарони шахру нохияхо бо кормандони Шумо аз кадом хисоб зиндагиашонро пеш мебаранд.
Посух додан
  • гуреза

  • 19 июл 2016 07:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Заминхо тамом шуданд ин мардак нав аку аз хоби гарон хестаст. Талу теппа, даруни сойю даррахо, сангхои лаби обу хатто шуххо хама фурухта шуд. Холо хам замин мондааст. ЭЭЭЭ Точикистони камзаминамееее...
Посух додан
  • Амон

  • 19 июл 2016 10:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Раис, хуб мешуд ки фаъолияти кумитаи замини шахри Панжакент ва раиси хочагии дехконии Чимтарга Элбоев Сабохро санчида медиден
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Панчакент шикоят дорем дар бораи замин

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!