Бахшҳо

Раиси Суди Олӣ дар бораи афви “тиллоӣ”, 10 шарики “пагондор”-и Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳукмҳои ғоибона

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯяд, расман аз мақомоти давлатӣ дар бораи афви “тиллоӣ”, ки гӯиё ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти кишвар дар назар аст, чизеро нашунидааст.

Шоҳиён имрӯз, 18-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, расман лоиҳаи қонун дар ин бора пешниҳод нашудааст ва овозаҳо дар бораи авфро аз ВАО хондааст. Ӯ илова намуд, ки масъалаи афв дар салоҳияти ниҳоди тобеяш нест.

Дар мавриди тағйири қонунгузорӣ, ки эълони ҳукми афроди муттаҳамро дар ғайби онҳо иҷозат медиҳад, Шоҳиён гуфт, ин таҷриба дар дигар кишварҳо низ вуҷуд дорад. Ӯ иддаоро, ки ин тағйирот алайҳи бархе аз мухолифин, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ равона шудаанд, беасос хонда, илова намуд, ки феълан дар кишвар мафҳуми мухолифин нест ва бояд собиқ мухолифин гуфт. Шоҳиён гуфт, фикр намекунад, ки ин тағйирот алайҳи афроди алоҳида равона шудаанд. Ӯ муқаррарӣ хонд, ки агар нафаре баъди ҷиноят дар хориҷ паноҳ барад, мурофиаи додгоҳӣ дар ғайби ӯ баргузор шуда, ҳукм бе ҳузураш эълон мегардад.

Шоҳиён инчунин иттило дод, ки марҳилаи додгоҳии парвандаҳои марбут ба ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим низ дар ҳоли анҷомёбист. Бар асоси изҳороти раиси Суди Олӣ дар робита ба ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим то ҳол 10 корманди сохторҳои қудратӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, ки як нафарашон мақоми аршадро ишғол мекард. Ӯ аз ифшои ному ҷузъиёти ҷиноятҳои шарикони “пагондор”-и Ҳоҷӣ Ҳалим худдорӣ карда, таъкид намуд, ки ман қаблан ҳам гуфтам ва бори дигар такрор мекунам, ки ин қазия натиҷаи бетаваҷҷуҳӣ мақомоти қудратӣ буд.
Мӯҳр
Ман чунин фикр дорам, ки хоинони миллатро ба руйхати афви “тиллоӣ” ворид насозанд, чун ,ки хоин пас аз афв шуданаш хам эхтимоли амалхои кардаашро такрор хохад кард.

Саёд,
Саёд хей саёд!!! Саёд рав хаму шикорчигита кын. шикори сагуру чайра. Саёда худаш чиву аз сиёсат харф заданаш чи. Саёда вазифаш як карамилтик ва як чагману як дурбин бо пойпушхои чармин ва як телпаки гушакдор дар танаш кори худашро бояд кунад!!!
Бо сипос.

Савол!
Фурухтани замини кишвар хийонат ба ватан аст ?
Пас бояд аз хар як вачаби хоки ватан химоят кард.
Ва хоинон ро шинохт то фардо ба насли оянда чавоб бошад.

Авфи тилои ??? Барои Хонинони миллат на авфи тиллои ва на алмоси дахл надорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)