Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 28 март 2017, 06:32

Президент писарашро дар ВКХ вазифа додааст?

19 июл 2016, 14:49

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон бо як фармон писараш – Сардорро дар Вазорати умури хориҷӣ ба кор гузоштааст. Дар ин бора торнамои “Альтернативные новости Туркменистана” хабар додааст.

Аммо дар ҳеч расонаи расмии Туркманистон дар бораи ин таъинот хабаре нашр нашудааст. “То ба ВКХ гузаштан Сардор Бердимуҳаммадов дар ҳайати раҳбарикунандаи Оҷонси давлатии идора ва истифодаи захираҳои углеводороди назди Президент, ки 15 июл бо як фармони раисиҷумҳур фаъолияташ қатъ шуд, кор мекард”,-менависад манбаъ.

Ба иттилои торнамо, ҳанӯз баҳори соли гузашта Рашид Муродов, вазири умури хориҷӣ муваззаф шуда буд, ки Сардорро “зери болҳои худ” бигирад, аммо маълум нест, ки дар ВКХ ӯ дар чӣ мақом кор хоҳад кард, мисле ки маълум набуд дар оҷонсӣ чӣ вазифа дошт.

“Альтернативные новости Туркменистана” мегӯяд, 15 июл баъди барҳам задани оҷонсӣ ҷаласаи васеъи кобинаи вазирон баргузор шуд, ки дар он Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов фармони таъсиси воҳидҳои нав дар ВКХ-ро содир кард: “Се департаменти нав – созмонҳои байналмилалӣ, ҳуқуқӣ ва иттилооти байналмилалӣ тавре дар фармон омадааст, “бо ҳадафи беҳтар кардани фаъолияти ВКХ-и Туркманистон таъсис дода шудаанд”.

Ҳадс зада мешавад, ки писари Президент раҳбари яке аз ин ниҳодҳо таъин шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай чи? Чи фарзандони президенту вазир бояд вазифаи баланд нагиранд? Ооо барои чи фарзандошона дар мактабхои хуб мехонанд? Тарбияи хуб метиянд бигузор кор кунанд . бахеливу хасудхуриро бас кунед.
Посух додан
  • одам

  • 22 июл 2016 11:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Озодагон чаро номи одамхоро галат менависед? Ному насаби Вазири корхои хоричии Туркманистон Рашид Мередов мебошад Муродов не. Ному насаби расмии Президенти Турманистон бошад Гурбангулы Бердымухамедов. Иваз кардани ному насаб ба шакли точики дуруст нест. Тасаввур намоед, ки дигар кишвархо номхои моро низ аз нигохи худ дигар созанд. Бо иваз кардани ному насаби нафархои хоричи забони точики гани намегардад ба фикрам??????

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!