Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 май 2019, 10:02

Ҳимояти раиси Кумитаи меъморӣ аз бисёрошёнаҳо дар навоҳӣ

20 июл 2016, 09:44

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон аз пешниҳоди Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи идораи замин барои роҳандозии бунёди биноҳои бисёрошёна дар навоҳии кишвар ҳимоят кард.

Аҳмадзода имрӯз, 20-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, дар шароити камбуди замин бунёди биноҳои бисёрошёна дар навоҳӣ қобили дастгирӣ мебошад. Ӯ афзуд, дар нақшаҳои генералии шаҳру навоҳии кишвар бо назардошти ҷанбаҳои иқтисодию бехатарӣ бунёди биноҳои аз 4 то 9 ошёна пешбинӣ шудааст.

Ҷамшед Аҳмадзода дар мавриди он ки дар навоҳии кишвар дар фасли сармо, ки маҳдудият барқ ҷорӣ мешавад, чӣ гуна манзилҳои сокинони баландошёна бо гармӣ таъмин мегарданд, афзуд, ки умедворанд то соли 2018 ду агрегати нерӯгоҳи “Роғун” ба кор медарояд ва ин мушкил пеш нахоҳад омад. Номбурда илова намуд, ки дар Тоҷикистон ангишти зиёд дорем ва аз ҳисоби ангишт гармидиҳии манзилҳои баландошёна дар ноҳияҳо таъмин хоҳад шуд: “Мо ҳамаи ин масъалаҳоро ба назар мегирем. Дар таҳхонаҳои ин бино низоми гармидиҳӣ дар назар аст, ки бо харҷи 200 кило ангишт дар як соат гармӣ медиҳад”.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи идораи замин бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки барои сарфаи замин дар навоҳии кишвар сохтмони биноҳои бисёрошёна роҳандозӣ карда шавад. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин ниҳод гуфт, феълан бо 12 ҳисса метавон ду оилаи ниёзмандро бо замин таъмин кард, аммо дар сурати бунёди биноҳои бисёрошёна дар 12 ҳисса метавонанд то 42-48 оила ҷой гиранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!