Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 26 феврал 2017, 06:11

Ташкили комиссия барои таҳияи феҳрасти нави биноҳои таърихӣ

20 июл 2016, 10:07

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, гуфт, барои таҳияи феҳрасти нави биноҳои таърихию фарҳангӣ комиссияи ҳукуматӣ аз ҳисоби масъулини фарҳанг, меъморӣ ва дигар мутахассисон ташкил ёфтааст.

Аҳмадзода имрӯз, 20-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, дар феҳрасти куҳнае, ки замони шӯравӣ, солҳои 70-уми асли гузашта таҳия шудааст, аз ҷумла ҳайкали Ленину бозори Путовский-“Баракат” ворид мебошанд, ки феълан умуман вуҷуд надоранд: “Дар баробари ин ба феҳрасти куҳнаи ёдгориҳои таърихӣ меъморӣ бинои марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Хонаи Ҳукумат, Бинои китобхонаи ба номи А. Фирдавсӣ, Театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ шомил мебошанд”.

Дар мавриди тахриби бинои театри Маяковский, ки вокунишҳои зиёд ба бор овард, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ гуфт, ин бино ба талаботҳои театр ҷавобгуй набуд.

Таҳияи феҳрасти нави ёдгориҳои таърихӣ-меъморӣ дар ҳолест, ки Пажуҳишгоҳи давлатии шаҳрсозии Русия-“Гипрогор” бо фармоиши шаҳрдории Душанбе нақшаи генералии пойтахтро дар таҳрири нав таҳия карда, зарур хондааст, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҳадди ақал 15 бино бояд ҳамчун ёдгорӣ ҳифз шаванд.

Дар нақшаи таҳриркардаи “Гипрогор”, ки соли 2010 ироа шуда, дар сомонаи шаҳрдории Душанбе нашр гардидааст, таъкид шудааст, ки “бебаҳс биноҳои нодири хиёбони Рӯдакӣ, ки ёдгориҳои меъморӣ мебошанд, бояд ҳифз шаванд. Чунин биноҳо дар хиёбони Рӯдакӣ на камтар аз 15 ададанд”.

“Гипрогор” дар феҳрасти ёдгориҳои меъмории хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз ҷумла номбар кардааст:

1.Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Меъморҳо: А. Юнгер, В. Голли, Д. Билибин)
2. Бинои ҳукумат, дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон (меъмор С.Анисимов )
3. Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (меъмор С.Анисимов)
4. Бинои собиқи Китобхонаи Фирдавсӣ (меъмор С.Анисимов )
5. Меҳмонхонаи “Пойтахт” (меъмор Г.Айзикович, Г.Шелухин )
6. Краеведческий музей (меъмор А. Кнопмус )
7. Бинои Осорхонаи кишваршиносӣ (меъмор С.Кутин )
8. Бинои Академияи улуми Тоҷикистон (меъмор С.Кутин )
9. Бинои Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон (меъмор Д. Билибин, Г.Стрелков )
10. Чойхонаи “Роҳат” (меъмор. К.Терлетский, Д. Гендлин )
11. Бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (меъмор З. Розенфелд, К. Трапезников )
12. Хонаҳои истиқоматӣ бо коркаси чандирии хиёбони Рӯдакӣ (меъмор Афанасев, муҳандис В.Передерий )
13. Биноҳои истиқоматӣ дар рӯбарӯи Боғи Рӯдакӣ (меъмор Н.Баранов )
14. Хонаҳои истиқоматии кунҷи майдони 800-солагии Маскав (меъмор С. Юлдашев)
15. Бинои маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат” (меъмор Э. Ерзовский, Ю. Пархов)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Беҳтарин иқдом. Агар бинои театри Лоҳӯтӣ низ ба Феҳрист ворид карда шавад, таърихи навини Тоҷикистон хидмати Шумо - комиссияи муҳтарамро бо қалами заррин бар Лавҳи ҷовидони қалбаш хоҳад навишт!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!