Бахшҳо

Баъди Ҳоҷӣ Мирзо ва сафири Олмон: Нигаронии раиси Суди Олӣ аз парвандаҳои зиёди ҷиноӣ

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз афзоиши босуръати парвандаҳои ҷиноятӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошт, ки мақомот бояд бештар дар самти пешгирии ҷинояткориҳо кор кунанд.

Шоҳиён, зимни ҷамъбасти фаъолияти 6-моҳаи ниҳоди тобеяш гуфт, тайи нимсолаи гузашта ба судҳои ҷумҳурӣ 6 ҳазору 406 парвандаи ҷиноятӣ ворид шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 450 адад зиёд мебошад. Раиси Додгоҳи олӣ афзуд, ки дар маҷмуъ давоми нимсолаи гузашта судҳои кишвар 74 ҳазору 270 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва маъмуриро дар марҳилаҳои гуногун баррасӣ намудаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 7 ҳазору 729 адад афзоиш ёфтааст: “Вақте дидам афзоиши парвандаҳо зиёда аз 7 ҳазор шудааст, супориш додам, ки таҳлил карда, маълум намоянд, ки сабаб дар чист. Аз як ҷониб дар Тоҷикистон шумораи аҳолӣ ҳар сол қариб 180 ҳазор нафар зиёд мешавад. Аҳолӣ, ки зиёд шуд, баҳсҳо ва содиршавии ҷиноятҳо низ афзоиш меёбад”.

Бо вуҷуди ин омил Шоҳиён таъкид намуд, ки мақомоти Тоҷикистон бояд бештар ба ҷилавгирии ҷинояткориҳо диққат диҳанд. Ӯ яке аз роҳҳои ҷилавгирии сар задани ҷиноятҳоро, бештар намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ миёни мардум, арзёбӣ намуд.

Нигаронии Шоҳиён дар ҳолест, ки ахиран Ҳоҷӣ Мирзо ва Ҳолгер Грин, сафири Олмон дар Душанбе низ аз афзоиши ҳабси шаҳрвандони кишвар нигаронӣ карда, зарур хонданд, ки роҳҳои дигари ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо кор бурда шаванд.

Мӯҳр
Хочи Мирзо бояд Муфти шавад ин Шохиён чи намехохад чи?

nabi farhor
Саломалейкум.Ба Худо ман Хочи Мирзоро аз пеш надидаам,лекин 161-номози чумъа (мавъиза)-и вайро тарики дискхо гуш кардаам.Чизе,ки омухтаам,аз рукни Ислом аз ин хазрат мебошад.Худованд умри дарози бобаракаташ дихад.Ман мухлиси ашадии Х.Мирзо хастам.

Тракторчии мачнун
Сабаб дар чист мегуяд? Сабаб факат ва факат дар як нохия аст.

муҳоҷири меҳнати
бале дуруст қайд кардед оғои Шоҳиён бояд роҳҳои дигарро ҷуст.танҳо аз хатлон 110 нафарро бо иттиҳоми салафия ҳабс кардаед аксари онҳо баъди хондани китоби саҳеҳи бухори риши дароз монда шимҳояшонро кутоҳ кардаанд ин китоб бо фармони пешвои миллат тарҷума ва чоп шудааст оё имом Бухори экстримист буд?оё тарҷумонҳои ин китоб экстримист ва ё мубаллиғони экстримизм ҳастанд?оё амал кардан ба ин китоб экстримизм ҳаст?пас агар ин тавр бошад чаро ин китобро тарҷума ва чоп кардед?

Сабаби асосии зиёд шудани чиноят, ин проблемахои ичтимои аст. Инсон ки бекор монд, ба хар рох меравад, дузди мекунад, занаш таъна кунад, ки "пул наоварди, кудакот кушна" занаша мезанад, оилавйрони мешавад. Чаноби Шохиён, ба боло расонед, ки чойхои кории хакикй ташкил кунанд, на дар руи когаз, на он коре, ки 500 сомон мохона медиханд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)