Бахшҳо

“Тоҷикматлубот” қимат шудани помидор, бодиринг ва сабзиро тасдиқ кард

Хуршед Сангаков, муовини сардори Иттифоқи Тоҷикматлубот боло рафтани нархи бархе маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзиро таъйид кард.

Сангаков имрӯз, 21 июл зимни нишасти хабарии ин ниҳод, гуфт, “дар ҳақиқат нархи баъзе маҳсулотҳо, аз он ҷумла рӯзҳои ахир нархи бодиринг ва помидор боло рафт”.

Ӯ афзуд, ки нархи сабзӣ феълан баробари 3 сомонӣ буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 сомонӣ қимат мебошад: “Нархи килои картошка 1,8 сомонӣ, нархи пиёз 1,2 сомонӣ мебошад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта бетағйир мондаанд”.

Муовини сардори раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар мавриди сабаби боло рафтани нархи сабзӣ гуфт: “Дар доираи маълумоте, ки ҳамчун коргари хизматрасони соҳаи савдо дорем, асоси нархро истеҳсол ташкил мекунад. Ба ин савол Вазорати кишоварзӣ дақиқтар ҷавоб дода метавонист. Теъдоди заминҳои киштро вазорати кишоварзӣ медонад. Лекин, ташаккулёбии нарх асосан аз истеҳсолот вобастагӣ дорад. Сад дар сад аз ҳамин”.

Ин дар ҳолест, ки Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон, 20 июл зимни суҳбат дар бораи нархи сабзӣ гуфт, истеҳсоли он кам нашудааст. Ӯ инчунин болоравии нархи сабзиро рад кард: “Нархи сабзӣ имрӯз назар ба соли гузашта бештар нашудааст. Ҳар кило то 2 - 2,2 сомонӣ нарх дорад. Майдони кишти сабзӣ ҳам нисбати солҳои гузашта кам нагардидааст. Дар истеҳсоли сабзӣ мушкиле нест”.

Аммо хабарнигорон дар хитоб ба вазир иттилоъ доданд, ки савдогарон дар бозорҳои пойтахт сабзиро истеҳсоли Қирғизистон муаррифӣ карда, ҳудуди 3-4 сомонӣ мефурӯшанд. Вазири кишоварзӣ гуфт, сабзии Қирғизистонро намедонад, аммо сабзии Тоҷикистон 1,8-2,2 сомонӣ нарх дорад.
Мӯҳр
Саид, Кухистон
Шумо чи хел Вазир хастед, ки аз кучо ворид шудани сабзиро намедонед, Ба гуфти Чаноби Оли аз ухдаи кор набарои, чойро холи кун. Ягон мутахассиси кухистониро аз сохаи кишоварзи Вазир монанд шояд ба кадри дехконон расаду нархро дар бозорхо назорат намояд. Озоди озодона чоп кун....

Сабзи реза кардаги дар бозор то 5 сомони боло рафтааст то хол вазир пушти савдогархоро мегирад ман харидори намудам...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)