Қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе каме поин шуда, 4,8170-4,8370 сомонӣ хариду фурӯш мешавад.
Абдуғаффор Қурбонов, масъули маркази матбуотии Бонки миллӣ ба «Озодагон» гуфт, тайи чанд рӯзи ахир арзиши миёнаи асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар нуқтаҳои мубодилаи пули шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ тамоюли пастшавӣ дошт ва ба ҳисоби миёна як доллари амрикоӣ 4,8232-4,8402 сомонӣ хариду фурӯш мешуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, мувофиқан ба 0,1551-0,1570 сомонӣ ва 6,5560-6,5760 сомонӣ баробар шуданд.
Мӯҳр