Бахшҳо
22 июл 2016 12:09Тоҷикистон / Сиёсат

Дастури Президент барои риояи либоси миллӣ ва тасвири бераҳмии террористҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 22-юми июл дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 91 изҳор дошт, ки ҳушёрии мардум асоси амнияти миллист.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронияш аҳли маориф ва волидонро ба таълиму тарбияи беҳтари насли ояндасоз даъват карда, изҳор доштааст, ки “мардуми огоҳ ва дорои сатҳи баланди маърифати сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи ғаразнок ба доми худ кашида наметавонад, зеро огоҳиву ҳушёрии мардум худ пояи асосии суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ мебошад”.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари вусъати корҳои ободонӣ, беҳбуди таълиму тарбия барои масъулону фаъолон зарур донист, ки барои пешгирӣ кардани қонуншиканӣ дар байни ҷавонон, гароиш ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ, риояи одоби муошират ва либоси миллӣ диққати бештар диҳанд.

Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон аз таркишҳое зикр кардааст, ки чанд рӯз пеш дар Арабистони Саудӣ рух доданд: “Ҳодисаҳои даҳшатноки Ироқу Сурия, Афғонистони ҳамсоя ва кишварҳои дигар бараъло маълум аст, ки ифротиёну террористон ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз раҳм надоранд, барои онҳо ҳатто хонаи Худо, зодгоҳи пайғамбари Худо ва дигар ҷойҳои муқаддаси ислом қурб надоранд”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки дар чунин вазъ мо бояд ҳамеша ҳушёр бошем, ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осудаи халқамон расем: “Ватани соҳибистиқлоламонро баробари ҷонамон дӯст дорем, манфиатҳои давлату миллатамонро ҳамеша дар мадди аввал гузорем ва барои бо дастовардҳои арзандаи сокинони пойтахти давлати соҳибихтиёр истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 25 — солагии истиқлолияти Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош кунем”.
Мӯҳр
мухтарам приздент чаро миниюбкаву либосхои барахнаро пешгири намекунед магар ин либосхо аз миллати мост?

рахмат чаноби Оли. Худованд кушоиши коратон дихад. ин бехунароне ки аз сиесати давлати меноланд тамоми умри худ аз зиндагии худ низ меноланд ... онхо бехунаранд. шахсе ки кор мекунад мехнат мекунад барои зиндагии худ талош мекунад давлатро низ обод мекунад . шахси коргар вакт надорад ба кори бехуда ва сухангуии бехуда овора шавад. Дар атрофи чаноби Оли чамь шавем ва давлатро обод созем. зиндаю поянда бод точикистони азиз.!

рахмат чаноби Оли. Худованд кушоиши коратон дихад. ин бехунароне ки аз сиесати давлати меноланд тамоми умри худ аз зиндагии худ низ меноланд ... онхо бехунаранд. шахсе ки кор мекунад мехнат мекунад барои зиндагии худ талош мекунад давлатро низ обод мекунад . шахси коргар вакт надорад ба кори бехуда ва сухангуии бехуда овора шавад. Дар атрофи чаноби Оли чамь шавем ва давлатро обод созем. зиндаю поянда бод точикистони азиз.!

Бародари "Овора" наход, ки то ҳол нафаҳмидед, ки ин либос баҳонае беш нест!

худи озодагон низ суханхои дуруст ва якдилонаро чоп намекунад. факат коментарияхои чанчолиро чоп мекунед.

муҳоҷир
аз кадом миллат сухан мегуед?оё очаю момои шумо миниюбкапуш буданд?аз Худованд шарм доред!

Шахбоз
Вокеан зинда бошд рохбараи давлатамон.Бояд аз руи адлу инсоф сухан бигуем. бардарон чаро шукргузори фрмуш кардаем. Сад бор шукри худо,ки ягон нуктаи нообод намондааст. Як бор ба чахони муосир ни гох кунед. чи мебинед. Вайрони,хароби бедодгари парешони,гуруснавиву гадои дар паи чангхо. шукри акалан оромиву сухи ватанро бод кунем.
Аз президентамн як хохиш дорам.ки як бор пеш аз имзо кардани конуни авф хамин коркунони вазорати адлияро гуштоб дихад ва корупсияро подключат кунад,ки хамон лаънатихоро чазо диханд. Дар хар конуни авф онхо аз тюрешикхо хамин кадар пуле меруёнанд,ки хисоб надорад. Хол он,ки конуни авфро президент барои гамхории зиндониён,чавононе ки якумбор шиштанд,ислох шудаанд,мехоханд озод шаванд барои халкашон хизмат кунанд.пул ки надорранд озод намекунананд. Чаро Озодагон ба ин масъула кам даст мезананд. метарсида бошанд. аз ки?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)