Бахшҳо

Назри Яздонӣ: Эҳсоси ифтихор дар осори Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Бобоҷон Ғафуров барҷастатар аст

Назри Яздонӣ, шоири халқии Тоҷикистон дар як матлаб осори таърихнигории Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро “идомаи хатти хештаншиносии кори тамоми умри Қаҳрамони Тоҷикистон, Академик, Алломаи бузург Бобоҷон Ғафуров” дониста, таъкид намудааст, “китобҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих аз Ориён то Сомониён”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” осоре ҳастанд, ки идомаи мантиқӣ, илмӣ, ватандӯстии хатти бузургони гузаштаи мо, хусусан хатти фаъолияти тамоми умри Академик Бобоҷон Ғафуров (ин нукта, яъне тамоми умр, тамоми фаъолияти сиёсиву иҷтимоии ин алломаи бузург маҳз ба таҳқиқи нақшу мавқи тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ як нуктаи бисёр муҳим аст, ки пайгирона, ҳадафмандона будани нубуғи Алломаро нишон медиҳад) мебошанд”.

Вале бо шинохт ва эътирофи Яздонӣ: “Дар айни замон байни осори Эмомалӣ Раҳмон ва Устод Ғафуров як фарқ аст, ки он ҳам бисёр муҳим аст ва он фарқият ин аст, ки эҳсоси ифтихор, эҳсоси ҳуқуқи меросдории ин тамаддуни бузург дар асарҳои Эмомалӣ Раҳмон барҷаста, рӯшан ва бо тамоми қудрати овози ботинӣ арз карда мешавад”.

Ҷаноби Яздонӣ дар ин матлаб, ки зери унвони “Пешвои маърифату Ваҳдати миллӣ” дар шумораи 3 (соли 2016)-и маҷаллаи “Садои Шарқ” нашр шудааст, менависад, “баргардонидани диққат ва тафаккури хештаншиносии миллӣ ба нуктаҳои бунёдии асолати миллӣ аз рӯзҳои аввали фаъолияти роҳбарии Президенти арҷманд самарбор ва коромад сурат гирифт. Ин оғози бобаракат пеш аз ҳама вобаста ба он буд, ки аз як ҷониб эҳсоси ватандӯстӣ, нангу номуси миллии роҳбар табиатан пурқудрат, пурҷӯшу хурӯш буд, аз ҷониби дигар шинохти ин маданияти арҷманд, маърифати саҳми тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ дар андешаи ӯ қавӣ, ҳамеша рӯ ба кор ва ҳамеша дар пешрафти бетанаффус таҳлилу тадқиқи билофосила аз рӯзҳои аввали фаъолияташон буд”.

Муаллиф дар матлаби худ ба масъалаи ҷасорати шахсии Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи бештар намуда, менависад, барои ҳамагон маълум, маъруф ва мусаллам аст ва он “на танҳо барои ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷангзада нақши бунёдӣ бозӣ кардааст, балки барои арз кардану исбот кардани мавқеъ, ҳуқуқи тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ низ нақши пурсамар ифо намуд”.

Назри Яздонӣ аз шуҷоати Эмомалӣ Раҳмон барои ба расми асолати миллӣ баргардонидани низоми қайди ному насаб ёд карда, онро як инқилоби хурд дар ҷаҳонбинӣ, ҷаҳоншиносӣ ва хештаншиносӣ номидааст: “Ин амал дар назари аввал коре саҳлу осон аст, яъне гирифтани пасванди Аҳмадову Боев, “ов” ва “ев” аз ному насаби тоҷикӣ. Аслан, ин як гардиши бунёдӣ, дар ҷойи худ, ба сари худ, як инқилоби хурд аст. Хурд аст, аммо ҳамоно инқилоб аст. Инқилоб дар ҷаҳонбинӣ, дар ҷаҳоншиносӣ, дар хештаншиносӣ. Инқилоб, яъне бо шуҷоат (ҳар ҷо, ки шуҷоату диловарӣ аст, хатар ҳам ҳаст, хатар бошад, як пораи ногузири инқилоб аст). Баргаштан ба низоми аслии миллии ному насаб инкор кардани тасаллути як миллати дигар бар миллати мо ҳаст, ки дар як шакли гӯё камаҳамият ҳамоно вуҷуд дорад. Як ҳушдори тасаллути маънавӣ. Пешвои миллат шахсан нафари нахустин ва ибрати дигарон шуда, ному насаби худро ба асолати миллӣ баргардонданд”.

Дар ин мақола ҳамчунин муаллиф яке аз сабабҳои бо суръати тез маъруфу ба гардиши илмӣ ворид шудани андешаҳои Эмомалӣ Раҳмонро аз як ҷониб “ба таҳқиқи илмӣ гирифтани маводҳои қаблан барои илм номаълум” дониста, аз ҷониби дигар “мушаххасан бо ифтихори қонунии меросбари воқеӣ ва ҳуқуқӣ будани ин тамаддуни гаронмоя эҳсос кардани муаллиф” вобаста кардааст.

Дар ин матлаб Назри Яздонӣ ба обрӯ ва шахсияти афзояндаи Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ишора намуда, онро ҳосили “муҳаббат ва самимият, ободкорӣ, маслиҳату мадоро (яъне сулҳофаринӣ), эҳтироми қонуну қонунпешагӣ, адолат (хусусан ба қишрҳои осебпазири ҷомеа), ғамхории бетанаффус ба маърифат, маориф, тараққии рӯзафзуни хештаншиносии миллӣ” донистааст.
Мӯҳр
беном
Тавба! Охир агар шоири шеьрата навиштан гир, ба таьрих чи кор дори?
Э мараки хуб! Дуруг торикии имон аст. Гафуров олим буд. Эхсос (эмоция) илм нест. Хушомад хамеша хушомадгуро шарманда мекардааст.

Вой додееееееееееееееееее

Чулу дашт
Инро мегуянд чистый нацизм. О барои чи ба минтакаву махал чудо мекунед Ватанамонро? Хар як шахс дар замони худ арзеби мешавад. Боз мебиеед, ки дар оянда фикр дигар мешавад.

Аллбатта, мо хуб мефахмем, ки мадху сано ба широну нависандагон беш аз хама хос аст. Вале, шоири мухтарам, шумо гузарондед. Ин тавр мукоиса намудани шахсиятхои таърихи нодуруст аст. Б.Гафуров шучоати камтар надошт. У чандин маротиб аз хокимони шурави бознигарии таксимоти ноадолатонаи марзию маъмуриро талаб карда, бо хамин сабаб аз вазифаи рохбари чумхури сабукдуш шуда буд. Б.Гафуров барин шахсиятхо аз паси мансабу вазифа "даву тоз" намекунанд, барои ин сифат инсонхо принсипхои хаёти ва шарафи инсони афзалият доранд...

...Shoir ba ta'rich chi kor dorad..""?Ana hamin savolat baroi chudat sharmandagi ast Benom!Injo chushomadgui ne Tahlil ast.Vain tahlilro intizor budem.Tashakkur Piri kor.!

Устод Н. Яздон дар шароити Иттиходи Шурави ки Шумо он вазъу мухитро аз мо бехтар медонед, навиштани китобе тахти номи "Точикон" худ кахрамонии бемисл буд. Ин китоб ба мо даричаи худшиноси ва эхсоси ватандориро боз кард, ки хар як сардор давлат ва хар як насли имрузаю ояндаи точик онро бояд бо масъулияти баланд идома дихад. Эхсосро мукоиса кардан хуб аст, вале пеш аз хама Шумо хамчун як шахси зиёи вазъро низ ба назар мегирифтед. Зеро мухити истиклол он шароитеро дорост, ки мардуми як давлати тобеъ онро надоранд. Вагарна як нафараи камэхсос, яъне ба андешаи Шумо Б. Гафуров магар метавонист таърихи точиконро чунин силсилабанди ва онро сараввал ба халки точик ва сониян ба тамоми мардуми собик Шурави ва чахон нишон дихад.

ц
Дахани баст як хам тилло.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)