Бахшҳо
27 июл 2016 16:01Тоҷикистон / Сиёсат

Нигаронии Президент аз нашъаҷаллобӣ ва ифротгароӣ дар Ҳамадонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми июл дар мулоқот бо фаъолону роҳбарони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баробари масоили иҷтимоию иқтисодӣ ба шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ дахл кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зикри вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ, торафт боло рафтани нархи маҳсулоти озуқа, инчунин хушксолиҳои пайдарпай сокинони кишварро сарфаву сариштакорӣ даъват намудааст. Ӯ падару модарон, шахсони обрӯманду рӯзгордида, фаъолон ва аҳли зиёро вазифадор кардааст, ки ба масъалаи тарбияи дурусти фарзандон ва пешгирӣ кардани паҳншавии мафкураву фарҳанги бегона дар байни мардум, хусусан, миёни наврасону ҷавонон бисёр ҷиддӣ муносибат кунанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки солҳои охир сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ боло рафта истодааст: “Дар муддати даҳ соли охир аз тарафи сокинони ноҳия 1645 ҷиноят, аз ҷумла 452 ҷинояти вазнин содир шудааст, ки чунин вазъ боиси ташвишу нигаронии ҷиддӣ мебошад. Танҳо дар давраи солҳои 2011 - 2015 ва нимаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия 178 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуда, 4 тоннаву 756 килограмм моддаҳои нашъаовар, аз ҷумла қариб 600 килограмм героин мусодира гардидааст ва 121 нафар бо гуноҳи даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шудааст”.

Масъалаи дигаре, ки мояи нигаронии раисиҷумҳур шудааст, афзоиши шумораи ҷавононе мебошад, ки ба гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ шомил шуда, дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои дигар иштирок доранд. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “чунин ҷавонони гумроҳшуда дарк намекунанд, ки ҳаракатҳои ба ном исломӣ дини мубини исломро ҳамчун парчам ё ниқоб истифода мекунанд, вале дар асл боиси бадномии ин дини муқаддас ва бадбахтии миллионҳо нафар одамони бегуноҳ шуда истодаанд”.

Раисиҷумҳур иттилоъ додааст, ки то имрӯз аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба 22 сокини Ҳамадонӣ барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 2 нафар дар ҷангҳо кушта шудаанд: “Тибқи маълумот ҳоло 2 оила иборат аз 12 нафар бо мақсади иштирок дар ҷанг ба Сурия сафар кардааст”.

Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба сокинони наздимарзӣ афзудааст, ки вазъи ҷаҳони муосир ба ҳамаи сокинони Тоҷикистон ва хусусан, ба ҳар кадоми шумо, ки дар минтақаи сарҳадӣ зиндагӣ мекунед, мисли ойина равшан аст: “Фаромӯш набояд кард, ки оромии Ватан, ободии диёр, суботи ҷомеа ва пешрафти давлат аз заҳмати софдилона, ҳушёрии ҳар як фарди сарзамин, алалхусус, сокинони ноҳияҳои сарҳадӣ дар бобати ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти давлатӣ доир ба ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, мубориза бо сарҳадшиканон ва қочоқбарон вобаста мебошад”.
Мӯҳр
Чанобон! То вакте ки дар мантика чои кор буд, хочагихои ангурпарварй, мохипарварй ва муасссисаи коркарди шарбату шароб, заводхои сангу шагал ва коркарди мевагй фаъолият мекарданд, ЯГОН НАФАР аз нохия ба кори гайриконунй даст намезад. Хукумат дар давоми 24 сол дар нохияи дустдоштаи мо ба чуз иваз кардани номи он ЧЙ КОРЕ КАРДААСТ?!

мехмон
Мухтарам Чаноби Оли! То пошхурии СССР ва дар аввали солхои президентии Шумо дар нохияи Москва ( хозира Хамадони ) консервзаводи калонтарин бо тачхизоти оли дар вилояти Кулоб буд, заводи пахта,ЖБК , Рыбхоз , Садвинсовхоз бо заводи шароббарори ва кариб 80000 сар чорвои майда ва ду се баробари ин чорвои калони шохдор , асп ва мургпарвари буд. Махсулоти консервагии нохияро аз нохия то кутби Шимол, Якутия ва Сибир мехарид. Яке аз нохияхое буд ки аввалин шуда плани пахтаро ичро мекард.
Имруз нохия ягон чиз истехсол намекунад ва сахти зиндаги паст буда чавонон аз бекори ва нодори ба чиноят даст мезананд. Он шахсхое, ки Шумо Чаноби Оли вазифа медихед ё таъин мекунед кам андар камаш кор мекунанд. Хамагон дар фикри шикаму навси худ хастанд !!

Хама нохияхои Кулобро хабар гиред Чаноби оли.Ягон раис дар фикри ободи нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)