Шартномаи Муин “TJK” бо “House of Pain”-и Амрико
Муин Ғафуров, варзишгари шинохтаи тоҷик бо ширкати “House of Pain”-и Лас Вегаси Амрико шартномаи ҳамкорӣ имзо кардааст. Дар ин бора Аҳтам Хокиров, раиси Лигаи самбои размии Тоҷикистон ба “Озодагон” хабар дод.
Ба гуфтаи Хокиров, муҳлати ин шартнома 3 сол буда, дар ин давом Габриэл Крастанович менеҷери ӯ хоҳад буд: “Тамринҳо ва хароҷоти зиндагии Муин дар Амрико аз сӯи ҳамин ширкат танзим ва пардохт мешаванд”.
Аҳтам Хокиров мегӯяд, Муин пас аз анҷоми тамрини худ ба Тоҷикистон баргашта, аз номи Лигаи самбои размии кишвар дар мусобиқаҳо иштирок мекунад.
Муин Ғафуров бо тахаллуси “Муин TJK” маъруф аст. Ӯ дар чандин мусобиқаҳо оид ба самбои размӣ иштирок ва баранда шудааст. Аммо 15 апрели соли равон дар Манилаи Филлипин дар муҳорибаи омехта аз Рис Макларен, варзишгари австралиягӣ бо тахаллуси “Раъду барқ” шикаст хӯрд. Ин нахустин бохти Ғафуров аз 11 қувваозмоии ӯ дар ринги касбӣ буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |