Бахшҳо

Насби дарвозаҳои назоратӣ дар масҷидҳои ҷомеъ

Маҳмуд Сангалиев, масъули Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ба манзури ҷилавгири аз амалҳои номатлуб ва амнияти намозгузорон то 3 сентябри соли равон дар тамоми масҷидҳои ҷомеъ дарвозаҳои назоратӣ насб мешаванд.

Ҷаноби Сангалиев имрӯз, 29 июл аснои суханронии қабл аз шурӯи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ гуфт, ин тасмим дар пайи як ҷаласа бо ҳузури олимон гирифта шудааст. Ӯ афзуд, “имрӯз инсонҳоро шинохта намешавад, боз маводе надароранд”.

Масъули Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон бо ишора ба ҳаводиси ахири Туркия гуфт: “Бубинед, вазири мудофиаи Туркия хеста ҳамин корро кардааст. Имрӯз ҳеч касро шинохта намешавад, чунки муҳаббати дунё имони марди мусалмонро шикоф кардааст, мусалмонро аз Ислом дур кардааст”.

Маҳмуд Сангалиев дар идома аз амалкарди мардуми Туркия ситоиш кард, ки дар пайи шурӯи кудето “гирди раҳбари давлаташон ҷамъ шуданд”. Вай авзуд, “ҳама мардуми авом буданд, ватандӯст буданд, мардуме буданд, ки намехостанд ба хуну хок кашида шаванд”.

Ин масъули Раёсати фатво эҳтиёткориро ягона роҳи дуруст шумурда гуфт, ин роҳе аст, ки инсон аз худаш дифоъ мекунад.

Ӯ ба нооромиҳои ҷаҳони Ислом ва тақсимоти он ба равияҳои гуногун дахл карда, онро “кори дасти яҳудон” гуфт: “Имрӯз дар ҷаҳон ягон давлати куфр бо куфр ҷанг надорад, фақат ҳама нишастааст мусалмонро нигоҳ дорад ва дар ин ҷангҳо ҳама ҷавонону мардуми мусалмон қурбон мешаванд”.
Мӯҳр
Чаноби хатиб бисёр хуб кайрдед ки мардуми туркия дар гирди урдугон чам шудан сабаб ин аст ки урдугон барои мардум хизмат кард ва аз камбагали берун шудан озодии баён аст

Мундукбой
Нафамидам.. Имруз 29-уми апрел боша??

Огои Акрам
... Имрӯз ҳеч касро шинохта намешавад, чунки муҳаббати дунё имони марди мусалмонро шикоф кардааст, мусалмонро аз Ислом дур кардааст”...
Рост гуфти,ана хамин гапат хееелеее форидам!

Бехтарин . Амнияти ватан халки Точикро бояд мухаё кунанд хукумат бо хар рохе бошад пеш аз вокеъа.

555
Аппарат аз хисоби намозгузоро харида меша дар масчид рузи чумъа як локи партофта будан

Огои Акрам, Ҳамин мусулмон дар тамоми камбудиҳои худаш каси дигареро гунаҳкор медонад. Дар асл гиред бо омадани ислом мардум бахусус мардуми форсу точик аз ҷоҳилият набаромада балки то гуш ба чохилият ғутит. Ин дини хашини араб дини одамкушист. 14 аср боз хуни мардум мағзи сари мардумро хурдааст, ақлу хушу заковаташонро бурдааст. Хама чиркинаку бугинаку таккаришак шудааст...

"Озодагон" асоси гапро нагуфтед. Гап сари он ки киммати ин "дарвозахои назорати" ба 12000 сомон баробар аст ки ин пулро хукумат не балки халк бояд пайдо кунад. Дар хар як масчид на камаш аз ду дарвоза зиед бояд насб шавад. Инчо гап сари бехатари не, гап сари бизнес меравад.

Мусалмон
Беном,
Аз хамин харфхоят маълум мешавад ки мусалмон нести, чи мехости дар дини зардушти мемонди ислом дини покист дини ростист дини адолат аст. Ё ин ки мехохи дар дине мемондем ки писар модари худро ба зани мегирифт ё бо бавли гов гусл мекард? Розиям аз он ки Аллох худои ман аст, ислом дини ман ва Мухаммад (с.а.в) паёмбари ман

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)