Бахшҳо

Шарҳи Шӯрои уламо: “Мулло”, “эшон”, “мавлавӣ”, “шайх” киро мегӯянд?

Шӯрои уламои Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши истифодаи калимаҳои “мулло”, “домулло”, “мавлавӣ”, “шайх” ва “эшон” дар ҷомеа мавқеи корбурди ин вожаҳоро шарҳ додааст.

Шӯрои уламо, ба як корбари сомонааш, ки маънои «мулло», «домулло», «эшон», «тақсир», «сӯфӣ», «мавлавӣ», «шайх», «аллома» ва «мавлоно»-ро пурсидааст, посух додааст, ки ин калимаҳо дар манотиқи мусулмоннишин истифода мешаванд ва ҳамчун унвони эҳтиромӣ ба ҳисоб мераванд: “Дар таърихи гузаштаи миллатамон истилоҳоти мазкур барои касоне нисбат дода мешуд, ки дар мактабу мадраса таҳсил намуда, саводи динӣ ҳосил мекарданд. Дар манотиқи гуногуни кишварамон низ баъзе аз ин калимаҳо маъмул ҳастанд, аз ҷумла дар вилояти Суғд калимаи «домулло» барои ашхоси соҳибэҳтиром ва донишманд истифода бурда мешавад. Дар вилояти Хатлон ва дигар манотиқи кишвар калимаҳои «тақсир», «махдум», «мулло», «сӯфӣ», «эшон» (яъне саидзода), «аллома» ва «шайх» барои ходимони дин ҳамчун унвони эҳтиромӣ мустаъмал ҳастанд”.

Шӯрои уламо афзуд, дар кишварҳои Афғонистону Покистон, Эрону Ҳиндустон ва он манотиқе, ки мардуми суннимазҳаб зиндагӣ мекунанд, калимаҳои «мавлавӣ» ва «мавлоно» истифода мешаванд: “Хулоса ин унвонҳо бештар барои соҳибони илми шаръӣ ва ходимони дин ба кор бурда мешаванд”.

Корбурди унвон ё худ истилоҳҳои мазҳабии “мулло”, “домулло” ва “мавлавӣ”-ю “аллома” ё “муфтӣ”, ки ба руҳониёни исломӣ нисбат дода мешаванд, қаблан низ баҳсеро дар ҷомеа ба миён гузошта буд. Ҳарчанд бархе ин вожаҳо то ҷое маънои луғавии худро доранд, вале чизе, ки баҳсбарангез аст, ин мафҳуми истилоҳӣ ва фарқияти онҳо аз якдигар мебошад.

Дар мавриди киро “мулло”-ву “домулло” ва кадом рӯҳониро “аллома”-ву “мавлавӣ” метавон гуфт, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси тоҷик қаблан изҳор дошта буд, ки ин масъала ба урфияти мардум вобаста буда, дар сарчашмаҳои фиқҳӣ дар ин бора чизе наомадааст. Ба қавли ӯ дар Ислом унвон ё рутба вуҷуд надорад ва ин мардум аст, ки худ ба онҳо унвон мегузоранд: "Агар дар мо рӯҳониро “мулло” ё “домулло” гӯянд, пас, дар Афғонистону Покистон ӯро “мавлавӣ” гуфта садо мекунанд. Яъне, аз ин фаҳмида мешавад, ки ҳар қавму миллат вобаста ба урфи хеш рӯҳониёнро ном мегузоранд”.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода вожаи “эшон”-ро низ, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо он сайидзодаҳо ном гирифта мешаванд, дар ин бора истисно намедонад. Ӯ гуфт, ин масъала низ вобаста ба урфу одати мардум аст: “Дар баъзе аз минтақаи шимоли кишвар сайидзодаҳоро, ки мо эшон ном мегирем, “тӯра” мегӯянд... ”

Бо ин ҳол, дар муқоиса ба солҳои пеш истифодаи вожаи ҳоҷиву мавлавӣ ва ҳазрату эшону домулло дар ҷомеаи Тоҷикистон зиёд шуда, бештар вақт афроде низ, ки дар умри худ маросими Ҳаҷро анҷом надодаанд, “ҳоҷӣ” ва касеро, ки бо руҳоният пайванде надорад, эшону ҳазрат мегӯянд.
Мӯҳр
мехмон
Сайидзода ва эшонхо ин унвон ё сулола шуда наметавонад. Вакте ки гуфтаанд :,, Араб аз гайри араб фарке надоранд , агар хар ду мусалмон бошанд " !!

Ахмад
Ба назар мерасад огози ин бахс натичааш бад маьлум мешавад ки набояд аз ин калимахо истифода кард ва касоне ки худро мулло эшон ва. .. мехисобанд е касоне онхоро ба ин номхо садо мезананд бояд чарима супоранд чун калимаи точики ва чузьи забони точики нест вале дар асл ин кор навьи ислом хароси аст. Бубинед муддати баьд дар рарлумон тасвиб мешавад.

Эшон дар амони Аллох бошед.

Солехбой
Мусулмон хамаш мусулмон аст. Боз чй лозим чудо кардан? Ун чудокуниро максад манфиат бардоштан аст. Як авлод як чаламулоро мавлавй гуфта аз пушташ пул чамъоварй мекунанд. Ин амалхо хилофи шариат аст.

Бийо эй эшони беадаб худро адаб кун, Мусалмонзодаи тарки насабкун (Барои эшонхоеки мэгуянд мо хучати эшони дорем,ва авлоди мо эшонаст .

Ба Солехбой. Чи хел бо " мавлави" гуфтан пул чамъ кардан мумкин? Рохашро мегуфти хуб мешуд.

Эшон - ба забони тоҷикӣ онҳо гуфтанӣ гап аст. Яъне ғосибони араб омаданду мардонро кушта занонро ба занӣ гирифтанд ва ана ҳамин эшонҳо, ки имрӯз дар ҳавли даҳонашон гӯшти хом бирён мешавад, аз пушти ин ғосибон ба дунё омаданд. Ин ҷо гапи зиёд лозим нест.

мехмон
Umar,
Ягон хуччат надоранд. Махсусан эшонхои Турачонзодахо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)