Бахшҳо
02 авг 2016 16:11Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Барқи тоҷик” беасос мардумро қарздор мекунад?

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз, 2-юми август қарзи аҳолиро аз барқ 621,7 миллион сомонӣ гуфт, ки ба гуфтаи ҳолдонҳо шубҳаовар аст.

Тибқи иттилои худи “Барқи тоҷик” ин ширкат миёни аҳолӣ ҳудуди 1 миллиону 200 ҳазор муштарӣ дорад: “621 миллион сомонӣ қарз тақсими 1 миллиону 200 ҳазор муштарӣ баробар мешавад ба 518 сомонӣ”.

Бар асоси изҳороти нави раиси “Барқи тоҷик” ҳар мизоҷи ин ширкат дар миёни аҳолӣ ба ҳисоби миёна аз барқ 518 сомонӣ қарздор аст. Дар ҳоле, ки мизоҷон бо чунин ҳаҷми қарз миёни аҳолӣ ангуштшуморанд. Бисёри мизоҷон қарздорияшонро рад карда, изҳор медоранд, ки агар дар пардохти ҳаққи барқ ҳадди ақал як моҳ дер кунанд, нозирон интиқоли нерӯро қатъ мекунанд.

Ба суоли “Озодагон”, ки чаро чунин номутобиқат миёни ҳисоботи “Барқи тоҷик” ва воқеият аст, Исмоилзода гуфт, садҳо миллион сомонӣ қарзи мардум аз солҳои пеш ба вуҷуд омадааст.

Ӯ афзуд, тайи 6 моҳи соли равон аз мизоҷони дохилӣ 663,5 миллион сомонӣ ҳаққи барқ ҷамъоварӣ гардидааст, ки 78,7 фоизи барқи ҳисобшударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла аз аҳолӣ 80,1 фоизи маблағи барқи ҳисобшуда ҷамъоварӣ гардидааст.

Ба гуфтаи бархе аз коршиносон ҳолатҳои дуздии нерӯ ва исрофкорӣ низ дар “Барқи тоҷик” баъзан дар ҳисоботҳо ҳамчун қарзи аҳолӣ сабт мешавад, аммо суроғаи дақиқи муштриёне, ки гӯиё аз ин ширкат қарздоранд, ҳатто худи масъулини “Барқи тоҷик” намедонанд.

Қаблан дар пайи нашри як матлаб дар ин бора дар “Озодагон” Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар бархе аз сохторҳои “Барқи тоҷик” санҷиш гузаронда, беасос бор кардани қарз ба дӯши мардумро ошкор кард. Тибқи натиҷаҳои санҷиши Оҷонсии зидди фасод "Барқи тоҷик” ҳаққи барқро аз мардум ҷамъ карда, вале дар ҳисоботҳояш мардумро барзиёд қарздор нишон медиҳад. Аз ҷумла санҷиши ҳисоботҳои соли 2012-2013 дар шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе чунин натиҷа додааст: “Омўзиш ва таҳлили сабабҳои зиёдшавии қарзи аҳолӣ аз истифодабарии қувваи барқ дар ҶСК «Шабакаи барқии Душанбе» муайян намуд, ки дар асл қарзи муштариёни шаҳри Душанбе ба ҳолатҳои 1 январи соли 2012 маблағи 39,4 млн. сомонӣ ва 1 апрели соли 2013 маблағи 62,9 млн. сомониро ташкил медиҳанд, вале ин қарзҳо дар ҳисоботҳои муҳосибӣ беасос 2-3 баробар зиёд нишон дода шуда, мутаносибан ба маблағи 96,8 млн. сомонӣ ва 120,6 млн. сомонӣ сабт карда шудаанд.”
Мӯҳр
Войдод
Дар бораи барки точик хама медонад ки тагодорхо пули кувваи баркро намесупоранд. Баъдан гумшудани пул дар барки точик бехад зиёд аст. Душанбеводоканал низ бар сари халк карзи осмони зам карда истодааст. Озодагон чоп бикун вактхои охир дар Шумо низ озоди намондааст. Ба як азоб ба сомонатон медароям боз фикри хонандагонро чоп намекуни.

Э аллох. Дуруга мегуянд сурх намешидабошанд ??? Хар мох баъзан вактхо хато якмохи пура нашида пулчинак меояд айнакои бандакдору шляпаи комунисти дар сарыш Хонадор гуфта.
Сари вакт пули света мнсупоранд мардум хама. Дар як кишлоки мо зиёда аз180 хона аст. Пулчинак гуфт Хато як хонаводахам карздор нест аз пули свет. Мешавад гуфт ягонруз дер меша вале то мохи оянда нашида месупоранд. Даже гуфт,ки мардум аз пули свет 98-99%Аш карздор нест. Озодагон шумо барои дуруггуихои хамин персонифицированного дуруггу як эксперимент кунед. Кани равед ба як ё якчанд деха махсус барои карздор будан аз худи истифодабарандагони свет пурсед. Равед ба пойтахт ина як ё дах дома аз якум то дахуму бистум этаж гардед мардумро пурсед,ки аз барк карздоранд ё не ??? Як тадкикоти журналисти гузаронед Бомба мешавад неки...

Лаънатихо карзи хешу табори худатона ба мардум таксим мекунен,шумо руз метен агар ягон камбагал карздор бошад!

Бисер мавзуи актуали дар шароити имруза дар хакикат нозирони Барки точик чунин рафтор мекунанд,Бо мо чунин холат рух дода буд яьне моро бидуни хеч сабаб 700 сомони карздор карда буданд хол он ки мо хар моха ба нозири барки точик маблаги заруриро пардохт мекардем.Бадтар маьлум гардид ки нозир пулхоро гирифта дар китобу компютер сабт намекардааст,пас аз даьвохои асоснок онхо мачбур шуданд пули пардохтшударо ба назар бигиранд.Полный бардак карочи.

Машраб
карзи ахолиро намедрнаму, лекин пас аз насби хисобкунакхои нави барки маблагхои барк чандин баробар зиёд шуданд, масалан агар бо хисобкунакхои пешин дар замистон маблаги барк 50 максимум 80 сомони мешуд, холо бошад хисобкунакхои нав ин маблагро ба 250-270 расонданд. Ачибаш ин аст, ки кантралёрхо хам номхои худро дуруг мегуянд, масалан Шерали яке аз кантралёрхои баркии нохияи Сино баъд аз насби хисобкунакхои нави барки бо ман дар чанчол афтод ва ман ба яке аз кормандони хифзи хукук раками телефони уро додам, то сабаби нодуруст хисоб кардани баркро фахмад, вале акаи Шер худро бо номи дигар муаррифи кард, шояд аксарияти онхо каллобанд? Масалан чандин маротиб хамсояхо хостори ба санчиш пешниход кардани хисобкунакхои навро масалагузори карданд, вале мутаасифона аризаи ягон нафарро кабул намекунанд. Фикр мекунам об аз боло лой аст, чунки даромади хуб ба даст овардаистодаанд , вале афсус ки Хуни миллатро хурдаистодаанд. Хатто ин контролерхои барк аз ваколату салохиятхои худ бар зиёд истифода мекунанд. Мисол, агар ягон муштари маблаги баркро дусеруз ба таъхир андозад дархол худсарона сими баркро катъ мекунанд. Онхо хатто фикри кудакони гахворабударо хам намекунанд, Охир кудакони дар гахвора буда ниёз ба барк доранд, онхо нозуканд, чаро чунин чаллодхоро дар идора ва назорати барк мондаанд? Шояд болобудагихо онхоро чунин хавобаланд кардаанд? , ки баъзан вакт онхо хам суд хастанд ва хам прокурор дар чояш хукматро мебароранд. Миллати бекор бисер дорем бояд акл кард. дар фасли сармо ба ахоли лимит мукаррар карда баркро ба Хорич мефрушед маблагхои калон ба даст меоред, он маблагхо кучо мешаванд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)