Бахшҳо
09 авг 2016 11:26Тоҷикистон / Сиёсат

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз хатари афзун шудани обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷомеи ҷаҳонӣ даъват кардааст, барои ҳалли масоили марбут хатари афзун шудани обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, тағйирёбии иқлими сайёра ва дигар мушкилоти марбут ба об ҳамкорӣ ва муколамаи созандаи байнидавлатиро пеша намоянд.

Ин даъвати Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”, ки имрӯз, 9 август дар Душанбе ба кори худ оғоз кард, сурат гирифтааст. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, президент зимни суханронӣ ба муҳимияти ҳадафи шашуми рушди устувор, ки ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт бахшида шудааст, дахл намуда, таъкид доштааст, ин ҳадаф, дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, масъалаҳои сифати об, самаранокии истифодаи он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад: “Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати марбут ба оби Ҳадафҳои рушди устувор вазифаҳои алоҳидаеро, ки ҳамгироии ҳадафи 6-умро бо дигар Ҳадафҳои рушди устувор таъмин менамоянд, муқаррар карда мудирияти захираҳои об дар Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ҷойгоҳи калидиро касб намудааст”.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, зимни баррасии масъалаҳои марбут ба татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, ки метавонад кӯшишҳои давлатҳоро дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор халалдор намояд, афзоиши шумораи аҳолӣ дар миқёси сайёра ва ниёзмандии рӯзафзун ба захираҳои об, ба инобат гирифтани унсури гендерӣ дар мудирияти захираҳои об ва ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об ҳамчун як омили калидии таъмини сулҳу субот ва рушд мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода шаванд.Дар суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз хатари афзун шудани обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, тағйирёбии иқлими сайёра ва дигар мушкилоти марбут ба об ёдовар шуда аз ҷомеи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки барои ҳалли масоили марбут ба ин мушкилот ҳамкорӣ ва муколамаи созандаи байнидавлатиро пеша намоянд.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, дар кори Симпозиуми байналмилалӣ беш аз 700 намояндаи воломақом аз 90 кишвар, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва 17 сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон иштирок доранд: “Симпозиум намояндагони баланпояи давлату ҳукуматҳо, роҳбарон ва коршиносону мутахассисони ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, доираҳои академӣ, илмию соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандиро, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, ба ҳам овардааст”.

Манбаъ меафзояд, дар Симпозиуми байналмилалӣ, ки то 11 август идома хоҳад кард, мавзӯъҳои рӯзмара, аз ҷумла афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ, табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ, ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва системаҳои беҳдоштии экологӣ, пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмиллалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрсоҳа, пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар чорчуби доираи Симпозиуми байналмилалӣ ҳамчунин ҷаласаи 4-уми мушовирони махсуси Панели сатҳи баланд оид ба масоили об баргузор гардида дар ҷаласаҳои алоҳидаи ин чорабинӣ масъалаҳои матраҳ намудани ташаббусҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла пешниҳод оид ба Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, дастрасии умумӣ ва баробар ба оби ошомидании беҳтар ва арзон, дастрасии умумӣ ва баробар ба василаҳои сазовори санитарӣ-беҳдоштӣ барои ҳама, баланд бардоштани сатҳи самарабахши истифодаи об, таъмини мудирияти кулли захираҳои обӣ, муҳофизат ва барқарорсозии экосистемаҳои обӣ, баланд бардоштани сифати об тавассути коҳиш додани ифлосшавии муҳити зист ва механизмҳои нави иноватсионӣ дар ҷодаи ҳамкориҳо дар доираи об барои рушди устувор баррасӣ мешаванд.
Мӯҳр
мехмон
Гармшавии сайёра ва обшавии яххоро пешгири карда намешавад. Олами хасти ин яхдон ( холодилник ) нест ки ба мо одамони одди итоат кунад!! Он табиате ки Офаридгор ба мо лоик дидааст мебинем. Чи хеле ки яхбандии бузург ва обхезии замони Нухи наби шуда гузашт, гармо низ бояд шавад. Чунки баъди яхбандию обхези тагиротии сеюми чахони ин гармо хаст. Олимон хамаи инро санчида дидаанд. Ду тагироти табиатро хам атеистону олимони дуняви ва хам олимони динхои чахони эътироф мекунанд.

Ях
Илтимос намонен яхо об шаван. Мо бе ях чи кор мекнем? Хама таги об мемона

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)