Бахшҳо

Дархости афв аз Президент: Писарам бисмиллоҳи худашро намедонист (ВИДЕО)

Модари як ҷавони тоҷик, ки бо иттиҳоми зархаридӣ 7 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, аз раисиҷумҳури кишвар хоҳиш дорад, писарашро афв кунад.

Сайлӣ Маҳмадназароваи 50-сола, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, писараш Ҷӯрабек Мирзоғоибов гуноҳе надорад ва аз Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад, ӯро афв намояд. Мирзоғоибов бо ҷурми даъвати ҷавонон ба Сурия барои 7 сол равонаи зиндон шудааст. Аммо хонум Маҳмадназарова 10 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, писараш умуман саводи динӣ надорад: “Бисмиллохи худро намедонист. Тасаввуроти илми исломӣ надошт. Гимназияи 74-ро хатм кардааст, ки онҷо ҳама масеҳӣ буданд”.

Вай гуфт, писараш ягона таъминкунандаи рӯзгори хонаводаашон буд. Бо вуҷуди чанд забони хориҷиро донистанаш бо далели вазъи бади зиндагӣ дар Русия мардикорӣ мекард: “Ҳоло дар Душанбе бо ду фарзанди маъюбам иҷоранишин ҳастам. Зиндагиам хеле мушкил аст. Аз Ҷаноби олӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки писари маро, ки бегуноҳ ҳабс шудааст, афв кунад”.

Сайлӣ Маҳмадназароваи мегӯяд, агар писараш гуноҳ медошт, худаш ӯро ба мақомот таслим мекард. Ба гуфтаи ӯ, Ҷӯрабек шоми 4 феврали соли равон дар Душанбе боздошт шуда, ахиран дар асоси моддаи 401 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (зархаридӣ) 7 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.


Мӯҳр
Падар Модарои хозира умаман аз фарзанхояшон бехабаран,ки он Салафи шудаан Ширхояшонро дароз мекунан фикр мекунан,ки Мусалмони вокеи шудаан лекин Онхо акидаи Ифроти доранд.
Агар фарзандхояшонро ба чурми Салафи дасгир кунанд.
Модархо мекуянд фарзанди ман бегунох аст.
Чавонхои мо аксарияташон Акидаи Салафи доранд

чуяндаи хакикат
э Модари азиз вакте варзандат пул меовард пурсон намешуди ин хама пулхо аз кучост???? агар писарат гунохе намедошт макомот уро бо ин чурм равонаи зиндон намекард!!!! Хиёнаткори ватану миллатро касе намебахшидааст ва нахохад бахшид!!!!!!! Холо оиладор ва сохиби фарзанд нестам вале гумон мекунам кахрамони таваллуд кардани фарзанд нест, тарбияи дуруст додани фарзанд кахрамонист!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)