Бахшҳо

Русия мунтахабашро, ки аз Тоҷикистон 6:0 шикаст хӯрд, “тақаллубӣ” хондааст

Иттиҳоди футболи Русия мегӯяд, дар бораи тими мунтахаби наврасон, ки аз номи Русия дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти “Ҷоми президенти Қазоқистон” иштирок мекунад, хабар надорад.

Николай Писарев, раҳбари ин Иттиҳод дар суҳбат бо "Спорт-Экспресс" гуфтааст, расман Русия ягон мунтахабро ба ин сабқат равон накардааст. Ӯ афзудааст, ки оид ба ин масъала бо Федератсияи футболи Қазоқистон дар тамос хоҳад шуд, зеро ӯ ҳатто тасаввурот надорад, ки аз номи Русия кӣ дар ин мусобиқа иштирок кардааст.

Дар мусобиқа барои дарёфти “Ҷоми президенти Қазоқистон” миёни наврасон дастае аз номи Русия баромад кард, ки дар нахустин рақобаташ аз Тоҷикистон бо ҳисоби 6:0 ва дар ду рақобати дигар бо Эрон 10:0 ва бо Озарбойҷон бо ҳисоби 12:1 шикаст хӯрд. Ба иттилои Федератсияи футболи Қазоқистон ба ҳайати тиме, ки аз номи Русия баромад кард, Кулумбегов, Лебедов, Абшилава, Аблов, Оганҷанян, Гогричиани, Мардеросян, Янушкевич, Папазян, Галустян, Роступняк, Кюлян, Трифонов, Зарандия, Воуба ва Кегеян шомиланд, ки онҳоро дар ин мусобиқа сармураббӣ Давид Хмелидзе роҳбарӣ мекардааст.

Бино ба тахмини "Спорт-Экспресс" дар мусобиқа аз номи мунтахаби Русия яке аз дастаҳои Сочи ва ё мунтахаби Краснодар баромад кардааст.

Дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон мунтахабҳои футболи Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Эрон, Албания, Қазоқистон, Қирғизистон ва дастаи “Крузейро”-и Қазоқистон рақобат мекунанд, ки ғолиби он 7 ҳазор доллар ва соҳибони мақоми ду ва се мутаносибан 5 ва 3 ҳазор долларӣ мегиранд.
Мӯҳр
Агар тими Точикистон ягончо галаба кард бо дили пур гуфтан гиред ки ин ягон командаи дуруг аст ё ягон кишлоки давлати дигар.
ТВ Точикистонро тамошо куни хамаи медалхои дунёро точикистон мегирад. Дар расонахо давлати дигар бубини номи Тчро намегиранд.Маълум мешавад ки хамааш дуруг аст

"Дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон мунтахабҳои футболи Русия, Озарбойҷон, Эрон, Албания, Қазоқистон, Қирғизистон ва дастаи “Крузейро”-и Қазоқистон рақобат мекунанд,"
Точикистонро фаромуш кардед!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)